Қонуни тиб

Эҳтимол вақр мисли бекоршавии ҳамагонии самамбуда бошад, вале сабаб набудани тиҳигӣ, балки асабе бувад, ки қувваи ҳиссро нагузаронад. Тарш ҳамчун нуқсон ва аз ғайри бекоршавист. Ё мумкин аст ин ду [лафз] баръакс далолат кунанд. Бисёр бошад, ки тарш аз паси гардондани меъда ориз гардад ва он зудгузар бувад.
Бархе аз гум кардани шунавоӣ модарзодии табиӣ буда, онро ҳеҷ илоҷе нест. Ҳамчунин аз миёни дигар намудҳои вақр ва тарш баъзе модарзодии табиӣ ва илоҷпазир буванд. Бархе дигар [аз гум кардани шунавоӣ] ҳодис аст, вале аз он муддати дарозе гузашта, дерина гардида бошад. Ин навъ низ қариб мавриди ноумедист ва ё ба душворӣ муолаҷа шавад. Аммо навъи ба наздикӣ падидомадаи таршро гуфтаанд, ки илоҷпазир аст.
Аммо сабабҳои ин [офатҳо] чунин аст, ки гоҳе мумкин аст онҳо ба сабаби анбозии ягон андоме, масалан, аз анбозии мағз ва ё баъзе андомҳои ҳамсояи он падид оянд, чунонки ҳангоми оғози растани дандонҳо чунин бошад ва ё чунонки ҳангоми дарди дандонҳо [офати карӣ] биафтад.
Гоҳе мумкин аст онҳо ба иллати офате падид оянд, ки хосси шунавоист ва он ё андар асаб ва ё андар шикофтагӣ ҷой дошта бошад. Аммо офате, ки андар асаби шунавоӣ ҷой дорад, мумкин аст ба иллати ҳамаи сабабҳои бемориҳои чи [андомҳои] ба бахшҳо яксон (150) ва чи афзорӣ ва чи аз ҳам гусасташавии фард ба амал ояд. Ба ҳангоми бемориҳои андомҳои ба бахшҳо яксон ҳар як аз гунаҳои бадмизоҷии сода ва мураккаб ҷой дорад ва бештари он аз сардӣ бихезад. Мумкин аст ҳар як аз онҳо бе модда ва ё мумкин аст бо моддаи савдовӣ, ё сафровӣ, ё балғамии аз қабили балғами хом ва ё бодӣ бувад. Бисёр бошад, ки исҳоли зардагӣ банд гардида, аз паси он карии мутлақ (самам) ба амал ояд. Шубҳае нест, ҳангоми дигар исҳолҳое, ки ба табъ биафтанд ва бармаҳал банд гардида, боздошта шаванд, низ чунин бувад.
Аммо [бемориҳои] афзории асаб бошанд, мисоли онҳо суддаест, ки ба муҷиби ягон хилте, ё реше, ё омоси аз реши ғарбелак будае, ё омоси гарм ва ё сахте, ё пардаи аз чирк ба амал омадае, ё пажмурдагӣ ва ё дамише падид ояд.
[Бемориҳои] гусастагии ягонагии асаб мумкин аст аз сабаби реше ва ё хӯрае ба амал оянд.
[Карие], ки ба сабаби маҷро падид ояд, аксар вақт аз суддае бихезад, ки ё ба сабаби баданӣ ва ё ба ягон сабаби берунӣ вобаста аст. Сабаби баданӣ мисли озах, ё омос, ё гӯшти зиёдатӣ, ё кирм, ё бисёр шудани чирк, ё хилти ситабр, ё рими гӯш, ё сахт шудани рими омосе, ки шикофта шудааст ва ё кирмҳо буванд. Сабаби берунӣ мисли рег, сангреза ва донаест, ки андар гӯш бидарояд ва ё бастагии хунест, ки бархе аз он аз гӯш рехта ва бархе боқӣ монда бошад. Ҳамаи ин [сабабҳо] гоҳе ба якборагӣ рӯй бидиҳанд ва гоҳе андак-андак.
Мумкин аст офати гӯш ба тариқи буҳрон, ба тариқи интиқол ёфтани модда андар поёни бемориҳои тез ва ҳангоме падид ояд, ки баъд аз гузаштани таб андар сар гаронӣ боқӣ монда бошад. Офате, ки аз ин боб аст, шояд ба тариқи аразе ба амал ояд, ки зоил бигардад, чунонки ҳангоми ҳаракатҳои буҳрон ҳамин гуна бувад ва ё мумкин аст
ба тариқи аразе бошад, ки боқӣ бимонад ва бад-ин гуна ки аз сабаби худи рондани буҳрон падид омада бошад, яъне маҳз буҳрон моддаро ба ноҳияи гӯш ронда, андар он ҷойгир кунонда бошад, на [модда худ] ба тариқи ҳамсоягӣ андар он ҷой ҷой гирифта бошад. Бисёр бошад, ки ин гуна ҳолатҳои аразӣ аз қай ва ё омадани хуни бинӣ огоҳӣ диҳанд. Аксар вақт онҳоро исҳол аз байн бибарад.
Нишонаҳо: Бар [беморие], ки ба анбозии мағз аст, ҳолати ҳоссаҳои дигар ва андар он анбоз будани шунавоӣ ва инчунин бо анбозии қувваҳои ҳаракатдиҳанда будани он далолат кунад. Хусусан агар баъд аз сарсом, баъд аз парешонақлӣ, баъд аз офатҳои мағзии мизоҷӣ ва баъд аз дигар осебҳое падид омада бошад, ки андар боби мағз гуфта шудаанд, беҳтарин далели он анбозии забон бувад.
Агар [гаронии гӯш] хосси асаб бошад, онро аз тариқи дурустии мағзу сӯрохи гӯш, дурустии гузаргоҳҳои гӯш ва аз тариқи пеш аз ин пайваста солим будани шунавоӣ шиносанд. Агар сабаби он реши ғарбелак ва ё омоси гарме андар худи асаб бошад, табҳое бад-он далолат кунанд, ки бо ларзаю фарошо падид оянд ва ҳамроҳи он таб, парешонии ақл ва ҳазён давом кунанд. Ин гуна [беморӣ] хатарнок аст, магар ин ки [омос] рим кунад. Агар омос андар худи асаб набошад, воҷиб нест, ки таб ба амал ояд, вале агар ба амал ояд, ба ҳукми таби якрӯзӣ бошад. Ҳангоми ин гуна [беморӣ] азҳамкашидагӣ, сӯзиш, гаронӣ ва тапиш ҳис карда шаванд. Сӯзишу гаронӣ бошанд, барои ҳамаи бемориҳое, ки аз омос ва модда хезанд ва андар куҷое, ки набошанд, муштараканд. Агар сабаби [беморӣ] бодҳо бошад, садову бонг задани гӯш, ки ҳамроҳи он гаронӣ набошад, аз он гувоҳӣ диҳад. Агар [сабаб] реш ва табише бошад, далели он хоришу сӯзиш аст.
Аммо судда аксар вақт бидуни гаронӣ ба амал ояд ва гоҳе мумкин аст бо гаронӣ бошад. Агар гаронӣ набошад ва офате ҷой дошта бошаду андар он ҷой ягон бадмизоҷии ғолибе набошад, пас, ин [офат] аз сабаби судда аст.
Тадбири пешгузашта гоҳе аз ин гувоҳӣ диҳад. Агар судда аз думмал ва монанди он падид омада бошад, далели он вуҷуд доштани тапиш аст. Агар аз сабаби хун бошад, хуншории пеш аз ин воқеъшуда аз он гувоҳӣ диҳад.
Он [гароние], ки аз бадмизоҷии сода падид ояд, сӯзише бад-он далолат кунад, ки андар умқ бидуни гаронию азҳамкашидагӣ ҷой дошта бошад. Агар аз [бадмизоҷии] сард бошад, [беморӣ] аз чизҳои сард ранҷ бинад ва [дард] андар сардтарин бахшҳои рӯз афзоиш ёбад. Агар [аз бадмизоҷии] гарм бошад, ҳол бозгуна бувад ва афрӯхтагию сӯзиш ҳис карда шавад. Агар андар ин ҳол моддае вуҷуд дошта бошад, ба изофаи он хусусан ҳангоми саҷда овардан гаронӣ дарёфта шавад. Нишонаи гароние, ки ба сабаби хушкист, ин аст, ки баъд аз бехобӣ ва рӯза доштан ба амал омада, баробари он рӯю чашм пажмурда шуда бошанд. Далели оне, ки ба сабаби кирмҳост, пайваста ҳис кардани хориш ва баробари он гоҳ-гоҳе берун омадани кирм аст.
Илоҷ: Нахуст бояд бигӯем, ки ҳамаи он чи ки андар гӯш бичаконанд, боистӣ нимгарм буда, на сард бошанд ва на гарм. Ин гуфтаи ҳамагонист ва чигунагии онро ба тафсил баён кунем.
Ҳангоми он қисм аз [гароние], ки ба сабаби зарда аст, бояд (151) ба доруи исҳол зардаро берун овард, аз баҳри он ки аксар вақт ба ҳангоми ин гуна [гаронӣ] чун ба табъ исҳоли зардагӣ биафтад, баробари он карии мутлақ аз байн биравад, чунонки бисёр вақт дарунрави зардагӣ рӯй диҳад ва чун баста гардад, аз паси он карӣ (самам) ба амал ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор