Қонуни тиб

Фанни чаҳорум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ГӮШ,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ягона
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи гӯш
Гӯш андомест, ки барои шунавоӣ офарида шудааст.
Барои он садафи печидаву гардоне сохта шудааст, ки то бо ёрии он ҳамаи садоҳоро дарёбад ва муҷиби танин бигардад. Ӯро сӯрохе бошад, ки аз устухони сангӣ оғоз ёфта, печидаву каҷмакаҷ бувад, то ки каҷмакаҷии он роҳи бодро то ба андарун дароз бигардонад, зеро ситабрии [устухон] хурд аст ва агар сӯрох рост мегузашт, масофа кӯтоҳ ҳамегардид. Дароз сохтани роҳ аз баҳри он пешбинӣ шудааст, ки то ба андаруни он гармию сардии беандоза зиёд на якбора (149), балки ба тадриҷ бидароянд. Сӯрохи гӯш ба кушодагие бирасад, ки андар он ҳавои ором аст ва бар сатҳи дарунии он лифи асаби шунавоӣ, ки аз ҷуфти панҷуми асаби мағз бад-ин ҷой расида бошад, густурда аст.
Андар ин [асаб] андаке мояи сахтист, то аз захм задани ҳаво ва кайфияти он заифу мунфаил нагардад. Ҳар гоҳ мавҷи садо то бад-он ҷой бирасад, нерӯи шунавоӣ онро андарёбад. [Нисбати] ин асаб ба ҳолатҳои шунавоӣ ҳамчун [нисбати] рутубати ҷалидӣ ба ҳолатҳои биноист. Дигар андомҳои гӯш мисли дигар табақаҳову рутубатҳоест, ки гирди рутубати ҷалидӣ бигрифта бошанд ва ин рутубатҳо аз барои рутубати ҷалидӣ офарида шудаанд, то хидмати ӯ кунанд, ё ӯро ҳимоят кунанд ва ё ёрӣ бидиҳанд. Сӯрохи гӯш чун шикофтагии табақаи ангурмонанд бувад.
Гӯш куркуракӣ офарида шудааст. Агар он гӯштӣ ва ё пардагӣ офарида мешуд, шакли хамчаҳову каҷмакаҷиҳои андар он буда нигоҳ дошта намешуд. Агар аз устухон офарида мешуд, ба ҳар як садма ранҷ медид ва ранҷ медод. Бинобар он гӯш куркуракӣ гардонида шудааст, то ки баробари нигоҳ доштани шакл ба нармӣ хам шавад.
Гӯш андар ду бар офарида шудааст, аз баҳри он ки пешгоҳ ба иллате, ки худ ҳамедонӣ, барои биноӣ созгортар аст ва онро чашм ишғол кардааст. [Гӯш] андар инсон поин аз шерозаи мӯй офарида шудааст, то ки на андар зери пардаи мӯй ва на андар зери пардаи либос бошад ин андомро синфҳои гуногуни беморӣ ориз бигарданд.
Гоҳе дардҳои ӯ ҳалоккунанда бошанд. Бисёр бошад,
ки аз сабаби бемориҳои он табҳои мушкил падид оянд.
Фасли дуввум
андар нигоҳ доштани тандурустии гӯш
Бояд аз барои гӯш ғамхорӣ ба харҷ дода, ӯро аз гармӣ, сардӣ, бодҳо ва чизҳои бегона эҳтиёт кард ва нагузошт, ки чизе аз обҳо ва ҷонварон андар он бидарояд. Бояд аз чирк пок карда шавад, сипас бояд пайваста андар он ҳар ҳафта як бор равғани бодоми талх чаконид, зеро ин хосияти аҷибе дорад. Бояд ғамхорӣ намуд, ки то андар он омосҳо, табишҳо ва решҳо нарӯянд, аз баҳри он ки инҳо гӯшро табаҳ кунанд. Агар бими андар он падид омадани табиш бошад, бояд ба чаконидани шиёфи момисо, ки андар сирко ҳал карда бошанд, пардохта шавад. Ҳафтае як бор чаконидани шиёфи момисо аз назлаҳое амон бидиҳад, ки ба сӯи гӯш майли фуруд омадан доранд. Яке аз чизҳое, ки гӯш ва дигар ҳоссаҳоро зиён дорад, ин хом мондани ғизо, пурии шикам ва хусусан бо шиками пур хобидан бувад.
Фасли севвум андар баёни офатҳои шунавоӣ
Офатҳои шунавоӣ мисли офатҳои дигар феълҳост. Аз баҳри он ки офати ҳар як феъл ё феълро бекор кунад ва назири он андар ин ҷо бекор гардидани шунавоист, ё коҳиш биёбад ва назири он андар ин ҷо коҳиш ёфтани шунавоист, ки одам хуб ва аз дур нашунавад ва ё дигаргун бигардад ва назири он [77] андар ин ҷо шунидани чизе аз қабили ғов-ғов, бонг ва ҳуштак бувад, ки на мисли чизи андар гӯш оризшаванда аст.
Бидон, ки офати шунавоӣ [ё аслист, чунонки модарзод «самам», «тарш» ва ё «вақр» ҷой дошта бошад]228 ва ё аразист. Маънои «самам» ғайри маънои «тарш» аст. Самам чунин бошад, ки даруни наи гӯш пур офарида шуда, андар вай он тиҳигии андаруние вуҷуд надорад, ки чунонки ёд кардем, мисли табақаи ангурмонанди чашм буда, ҳавои истодаро фаро бигирад ва ба сабаби мавҷ задани он ҳаво садо шунида шавад. Аммо ҳангоми тарш ва вақр офат ба дараҷаи нест шудани ҳисси шунавоӣ намерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор