Қонуни тиб

Заҳраи шавот хосияти ниҳоят аҷибе дорад.
Аз равғанҳои судманд равғани беданҷир, наргис, равғани донаи даҳмаст, равғани турб, равғани шанбалит, равғани савсан, равғани марзангӯш, равғани бобуна ва равғани бобунаи говчашмро [метавон ном бурд]. Бар чашм кашидани оби бодруҷ судманд аст. Яке аз доруҳои хуби муътадил ин аст, ки ду дона гавз ва сиҳ дона ҳалилаи зардро сӯхта, бисованд ва бар вай як мисқол мурчи носӯхта афканда, бар чашм бикашанд. Яке аз доруҳои судбахш чунин аст, ки фишурдаи анори нордонро гирифта, то ним шудан биҷӯшонанд ва баъд онро аз оташ бардошта, ба андозаи ними он бар вай ангубин биомезанд. Сипас онро офтоб дода, ба кор бибаранд. Ҳамчунин агар оби ҳар ду навъи анорро гирифта, ду моҳ ҳангоми гармии тобистон офтоб диҳанд, баъд онро полида, андар он сабр, дорфилфил ва навшодир афкананд, (гоҳе бе навшодир ҳам мешавад), ҳамаро нарм бисованд, андар як ратли он се мисқол аз [дигар доруҳо] афканда, нигоҳ доранд ва ҳар андоза, ки куҳантар шавад, ҳамон андоза хубтар бигардад.
Яке аз доруҳои судбахш ин аст, ки ваҷ ва момиронро бо сурмаҳо совида, ба кор баранд. Оби пиёзро бо ангубин бар чашм кашидан нофеъ аст ва шиёфи заҳраҳо аз ҳама қавитар бувад. Заҳраи қавӣ, масалан, заҳраи боз ва каргас аст. Рӯсангу таҳсанги мисиро гирифта, бар онҳо якчанд чакра сирко, як чакра шир ва як чакра ангубин чаконида, инҳоро то сиёҳ шудан бисованд ва бар чашм бикашанд.
Бидон, ки пайваста тановул кардани шалғами чи бирён ва чи ҷӯшонида яке аз чизҳоест, ки чашмро сахт нерӯманд гардонад ва ҳатто нотавонии пешояндаро бибарад.
Ҳар кӣ гӯшти афъиеро хӯрдан битавонад, ки бар ваҷҳи пухтани тарёк пухта бошанд, чунонки андар боби ҷузом муфассал баён кардаем,215 ин тандурустии чашмро бағоят ҳифз хоҳад кард. Яке аз доруҳои барои пирон ва барои касоне, ки аз ҷимоъ ва ғайра чашмашон заиф шудааст, ин аст, ки аз тӯтиёи ношуста216 шаш [бахш], аз шароб ба қадри ҳоҷат ва аз равғани баласон бештар аз миқдори иттифоқ афтодаи тӯтиё бигиранд, нахуст тӯтиёро суда кунанд, сипас равғани баласон ва баъд аз он шаробро бар фарози он рехта, ҳамаро ба андозаи шоиста бисованд ва ба кор бибаранд.
Як доруест, ки суди азим дошта, дар ҳаққи он чунин ёд кардаанд: «Он чашмро ба андозае [қавӣ] созад, ки андар ҷирми офтоб нигаристан ҳам ба ӯ зиён нахоҳад расонд».
[Ин дору ба сифати зерин аст]: аз санги босфис, санги мағнотис, санги ағотис, ки он замчи сафед аст, шодана, бобуна ва фишурдаи кундуша як бахшӣ ва аз заҳраи уқоб ва заҳраи афъӣ [низ] як бахшӣ гирифта, аз онҳо сурма бисозанд. Шона кардани сар хусусан барои пирон нофеъ аст ва бояд ҳар рӯзе чанд бор бад-ин кор бипардозанд, зеро ин бухорро бар фароз бикашад ва онро аз сӯи чашм бигардонад. Даромадан андар оби софи кабуд ва сарро зери об карда, (141) ҳар қадар, ки мумкин бошад, чашмонро кушода доштан яке аз василаҳои нигоҳ доштани тандурустии чашмони хусусан барноён ва тақвият ёфтани онҳо бувад. Касоне, ки аз бухорҳои меъда ва зиёнварии рутубат шикоят доранд, бояд пеш аз таом ҷӯшонидаи афсинтин, сикангубини пиёзи унсул ва ҳар гуна
доруеро ба кор бибаранд, ки нармӣ физояд ва фазлаҳои андар меъда бударо биканад.
Фасли дуввум андар зикри доруҳое, ки биноиро зиён доранд
Аммо чизҳои биноиро зиёнвар бархе феълҳову ҳаракатҳо, бархе ғизоҳо ва бархе ҳолати чӣ гуна сарф намудани ғизоҳост. Феълҳову ҳаракатҳо ҳамаи он корҳоест, ки аз қабили ҷимоъи зиёд кардан, муддати дароз нигаристан ба чизҳои тобанда ва хондани хатти беандоза реза боиси хушкӣ бигарданд, вале ҳадди миёнаи инҳо нофеъ бувад. Инчунин корҳои дақиқ ва хобидан бо шиками пур аз паси [таоми] бегоҳӣ аз ҳамин қабил аст. Баръакс, ҳар киро, ки заъфи биноист, бояд [баъд аз ғизо хӯрдан] сабр кунад, то ки он гуворида гардад. Чунин шахсро ҳар гуна шикампурӣ зиён дорад, ҳар чизе, ки табиатро хушкӣ оварад, зиён дорад, мастӣ зиён дорад ва ҳар чизе аз қабили чизҳои шӯр, тез ва ғайра, ки хунро тира кунанд, низ зиён дорад. Қай овардан ӯро аз он ҷиҳат, ки меъда пок ҳамегардад, суд ва аз он ҷиҳат, ки моддаҳои мағзро ба ҷунбиш оварда, ба сӯи [чашм] ҳамеронад, зиён дорад. Агар ӯро аз қай овардан чора набошад, бояд, ки баъд аз таом ва ба нармӣ қай биоварад. Гармоба кардан зиён дорад, хоби беандоза зиён дорад ва гиряи сахт, бисёр раг задан ва хусусан ҳиҷомати пайдарпай ҳама зиёнваранд. Аз миёни ғизоҳо зиёнкорашон ғизоҳои шӯр, тез, бухорангез ва ҳар гуна ғизоест, ки даҳони меъдаро бисӯзонад. Хӯрдани шароби ситабри дурднок, гандано, пиёз, райҳони кӯҳӣ, зайтуни расида, шибит, каранб ва наск [низ зиёнваранд].
Фасли севвум андар баёни шабкӯрӣ
Ин [бемориест], ки ба ҳангоми он шаб биноӣ бекор бигардаду рӯз ба ҷой бошад ва ё охири рӯз нотавон шавад. Сабаби ин яке аз рутубатҳои чашм ва ситабр гардидани он ва ё рутубати рӯҳ ва ситабр гардидани он бувад. Аксар вақт ин [беморӣ] чашмони сурмагунро ориз бигардад, на кабудро ва [низ] касони сиёҳии чашмашон хурдбуда ва касонеро ба амал ояд, ки андар назари эшон рангҳо хел ба хел бинамоянд ва [равшанӣ] тағйир ёфта истад. Ин ҳолат гувоҳӣ аз он диҳад, ки рӯҳи бино аз бози офариниш кам аст. Гоҳе ин иллат мумкин аст ба сабаби беморие падид ояд, ки андар худи чашм ҷой дошта бошад ва гоҳе мумкин аст ба анбозии меъда ва мағз ба амал ояд. Ҳамаи инро аз тариқи нишонаҳое метавон шинохт, ки онҳоро ёд кардам.
Илоҷ: Агар [хун] зиёд бошад, бояд раги қифол ва [раги] гӯшаҳои дарунии чашмро бизад, дигар чизҳои истифроғоварандаи маъруфро ба кор бурд ва бояд ин корҳоро як чанд бор такрор кард. Гоҳе мумкин аст бо маҳмуда ва гунди бедастар истифроғ оваранд, зеро инҳо судманданд.
[Ба бемор] пеш аз таом шароби зуфо ва ё зуфо ва судоби хушкро ба шакли хока бидиҳанд ва баъд аз гуворидани пурра каме шароби куҳан биошомонанд. Яке аз доруҳои санҷидашуда оби таровидаи ҷигари буз аст. Яъне [ҷигари бузро] бо корд бизананд ва бар ахгар бидоранд ва он оберо, ки аз он битаровад, бигиранд ва бар вай намаки ҳиндӣ ва дорфилфил пошида, бар чашм бикашанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор