Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нишонаҳо: Нишонаи он [нотавонии бинише], ки ба анбозии тан аст, ҳамон нишонаҳои овардаамон аст, ки бар мизоҷи ҳамаи тан далолат кунанд. Ҳангоми он [нотавоние], ки ба анбозии мағз аст, баъзе нишонаҳое ҷой доранд, ки бар офати мағз гувоҳӣ диҳанд ва агар баробари он дигар ҳоссаҳо низ ба он [офат] гирифтор бошанд, бовар ба анбозии мағз бештар бигардад. Гоҳе [офат] аз бӯёӣ дида ба биноӣ бештар хос буда, вале шунавоиро тамоман хос набошад, чунонки аз кӯфтани ниҳоят сахте [ҳамин гуна ҳолат рӯй диҳад], ки бар бахши пасини мағз расида бошад. Гоҳе мумкин аст шунавоӣ ба ҳоли хеш бошад, чашм кушода боқӣ монад ва пилкҳо пӯшида нагарданд, вале чизеро набинанд.
Нишонаи [офате], ки хосси худи рӯҳ аст, ин аст, ки агар рӯҳ тунук ва ё кам бошад, чизро аз наздик хуб дидан тавонад, вале аз дур хуб дидан натавонад. Агар тунук ва бисёр бошад, наздику дурро ниҳоят хуб бинад. Лекин агар тунукии [рӯҳ] ба ифрот бошад, баробари чизи ниҳоят равшан истодагӣ кардан натавонад, балки рӯшноии рост оянда ӯро пора намуда, парешон созад. Ҳар гоҳ он ситабр ва зиёд бошад, аз хуб дидани чизи дур оҷиз наояд, вале аз хуб дидани чизи наздик [оҷиз] ояд.
Сабаби ин ба наздики худовандони қоил ба [назарияи] шуоъ, ки [ба гуфтаи эшон гӯё] биниш аз тариқи баромадани шуоъ [аз чашм] ва дучор омадани он бо чизҳои дидашаванда ба амал ҳамеояд, ин аст, ки ҳаракати ба сӯи макони дур буда ситабрии онро латиф сохта, қивоми онро муътадил бигардонад, чунонки мисли ин гуна ҳаракат рӯҳи тунукро ҳал намояд ва он дигар қариб ҳеҷ коре кардан натавонад. Аммо [сабаби он] ба наздики касоне, ки қоил ба [назарияи] гузаштани шабаҳи чизҳои дидашаванда аз [табақаи] шаффофанд, дигар чиз аст. Яъне ҳаракати рутубати ҷалидия ҳангоми дидани чизи дур шиддат ёбад ва ин яке аз чизҳоест, ки рӯҳи ситабри андар он ҷойгирифтаро тунук ва рӯҳи тунук ва хусусан камро ҳал кунад. Ба таҳқиқ расондани дурустии ин ду гуфта кори ҳакимон аст, на пизишкон.
Аммо шинохтани [нотавонии биниш] аз тариқи ҳолати табақаҳову рутубатҳои андарунӣ корест, ки агар ғайри инҳо дигар [далелҳо] набошанд, иҷрои он душвор биафтад. Вале гоҳе ба [мушоҳадаи ҳолатҳои зерини онҳо] пардозанд: ҳолати ранги табақаҳо; ҳолати дамидагию азҳамкашидагии онҳо; афсурдагию пажмурдагии онҳо; ҳолати хурдии чашм ба сабаби хурдии онҳо; ҳолати он рутубате, ки бар рӯи онҳо тоб хӯрад; ҳолати хаёле, ки шабеҳ ба камони Рустам бинамояд; ё хушкие, ки андар онҳо дида шавад; ва тирагие, ки аз берун мушоҳада кунанд ва ҳангоми он мардумаки чашм, ки он сурати каси ба чашм нигаранда аст, қариб дида нашавад. Ин гоҳе бар ҳолати табақаи шохгун далолат кунад ва гоҳе бар рутубати сафедигун ва худованди онҳо ҳамеша андар пеши назар чизе чун меғ бибинад. Агар тирагӣ танҳо дар баробари шикофтагӣ дида шавад ва дигар бахшҳои табақаи шохгун тира набошанд, ин далолат аз он кунад, ки тирагӣ андар рутубати сафедигун ҷой дорад ва он [тарӣ] соф нест.
Агар тирагӣ ҳамаи бахшҳои табақаи шохгунро фаро бигирад, шубҳае нест, ки он андар табақаи шохгун ҷой дорад, вале чунин шубҳа боқӣ бимонад ки оё вай андар рутубати сафедигун низ ҷой дорад, ё не.
Гоҳе рутубати сафедигунро хушкӣ ориз бигардад ва мумкин аст аз он хушкӣ чунин рӯй диҳад, ки баъзе бахшҳои он ба ҳам фароҳам омада, шаффофии худро гум кунанд ва бар асари он як ва ё якчанд дастаи нур пеши назар бинамояд. Гоҳе мумкин аст ин аз сабаби осори табишҳое ба амал ояд, ки андар табақаи шохгун пинҳоншуда мондаанд ва боиси падид омадани хаёлҳо бигарданд. Гоҳе ба ғалат чунин пиндошта шавад, ки онҳо хаёлҳои [аз фуруд омадани] об [ба амал ояндаанд], вале аслан чунин нест.
Аммо андар баёни тангию фарохӣ, [72] об ва ҳолатҳои асаби [дарунтиҳӣ] баъд гуфтугӯ хоҳем кард. [Нишонаи гусастагии пайвастагии табақаи тӯрмонанд чунин аст, ки агар ин [офат] ҳамаи онро расида бошад, он гоҳ биноӣ якбора аз байн биравад]213.
Бидон, ки ҳар табоҳие, ки аз хушкӣ хезад, ба ҳангоми гуруснагӣ, ҳангоми варзиши таҳлилфизо, ҳангоми истифроғҳо ва ҳангоми шиддати гармо шиддат ёбад. [Аммо оне, ки аз] тарӣ бихезад, баръакс бошад.
Муолаҷаҳо: Агар сабаби нотавонӣ хушкӣ бошад, оби панир, доруҳои тариовар, дӯшидани шир [бар сар] ва ё ошомидани он суд бахшанд. Хусусан агар [бемор аз] касони рӯ ба беҳӣ оварда бошад, бар сар равғанҳои тарифизой бимоланд. Хоб, осудагӣ, доруҳои андар бинӣ афкандашавандаи тарифизой ва хусусан равғани нилуфар нофеъ буванд.
Илоҷи он нотавонии бинише, ки андар табақа бувад, мушкил аст, вале агар аз сабаби тарӣ бошад, (140) бояд баъд аз истифроғҳо доруе ба кор бибаранд, ки ҳалкунанда бошад. Аммо қай овардан бошад, оҳистаи он хусусан пиронро суд дорад, вале сахти он ниҳоят зиён дорад. [Инчунин] доруҳои ғарғарашаванда, доруҳои оби бинӣ оваранда ва доруҳои атсаоваранда суд бибахшанд.
Яке аз истифроғҳои андар ин бобат судманд ошомидани равғани беданҷир бо оби таркардаи сабр бувад. Ба кор бурдани доруҳое аз қабили итрифал, ки бухорро аз сӯи сар бигардонад, хусусан ҳангоми хоб низ судманд аст. Аз варзиш додани дасту пойҳо ва хусусан пойҳо метавон фоида бардошт ва инчунин боистӣ ба молиши онҳо пардохт.
Агар сабаби [нотавонии биниш] ситабрии [рӯҳи бино] бувад, инро бо доруҳои зудояндае муолаҷа кунанд, ки андар лавҳи чашм214 ёд шудаанд. Ҳангоми ба кор бурдани доруҳои тез бояд ҳамроҳи онҳо доруҳои қабзкунанда низ ба кор бурда шаванд. Яке аз чизҳои судманд андар ин ҳолат тӯтиёи шусташудаест, ки бо оби марзангӯш, ё оби бодиён, ё оби бодруҷ ва фишурдаи фаросиюн парварда шуда бошад. Пайваста ҳузаз кашидан чашмро сахт суд дорад ва қувваташро муддати зиёд нигоҳ дорад. Агар рутубат тунук ва бо ҳарорату хориш бошад, кашидани ҳалилаи бо оби гул совида хеле судманд аст. Аз ҷумлаи сурмаҳои андар ин гуна ҳолат судбахш ё ба таври сода ва ё мураккаб ба кор бурдани заҳраҳои [ҷонварони зерин аст]: заҳраи кабк; заҳраи бози сапед; моҳии шаббут; мурғи мурдорхор; барзагов; хирс; харгӯш; нарбуз; куланг; парасту; гунҷишкон; рӯбоҳ; гург; гурба; саги салуқӣ; ва меши кӯҳӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ