Қонуни тиб

Боқилӣ чунин аст ва сир ба иллати сарро бо бухор пур карданаш низ чунин бошад. Пиёз ҳам ҳамин гуна аст, зеро гавҳари он ба рутубати бад табдил ёбад. Шир низ [зиён дорад]. Шириниҳо, серравғании таом, ҳар гуна чизи ситабр, бодангез, гиранда, сард ва ҳар гуна чизи ниҳоят тез зиёноваранд. Ҳайза низ яке аз чунбонандагони саръ аст, аз баҳри он ки хилтҳоро шӯронида, ба ҳаракат оварад. Хом мондани таом, бадгуворӣ, бехобӣ, дардҳои қавии нафсонӣ аз қабили андӯҳ, хашм, бим ва таассуроти ҳиссии қавие [низ зиёнваранд], ки аз шунидани садоҳои бузурге аз қабили ғурридани раъд, навохтани дуҳул, наъра задани шер, аз садоҳои ҷарангноке аз қабили садои зангӯлаҳо, аз садои ғижжакии аз қабили ғижжаси дар, инчунин аз дидани нурҳои қавие аз қабили барқи чашмхиракунанда ва нури чашмаки офтоб ва аз дучор омадан бо ҳаракатҳои бодҳои қавие аз қабили ҳаракатҳои бодҳои тӯфонӣ ҳосил шаванд. Гоҳе аз варзише саръ ангехта гардад, ки хоҳ ба мақсади ҳал шудан бошад, хоҳ не, аз паси пурии шикам иҷро кунанд.
Доруҳои саръоваранда: Мо доруҳои саръоваранда ва он доруҳоеро, ки каси ба саръ гирифторро ошкор мекунанд, бо нишонаҳояшон андар ҷадвалҳои бемориҳои сар ёд кардем.118 Масалан, дуд андохтани борзад, мурр ва шохи буз, хӯрдани ҷигари нарбуз ва бӯидани бӯи ӯ аз ҳамин қабиланд ва агар мурро андар бинӣ кунанд, низ чунин бошад.
Илоҷ: Аммо саръи кӯдаконро бояд бад-ин гуна муолаҷа кунанд, ки ғизои ширдиҳандаро беҳ намуда, онро моил ба гармии латиф ва дорои кимуси хуб гардонанд. Бояд ширдиҳанда аз чизҳое бипарҳезад, ки шири обакӣ, ё табаҳ ва ё ситабр бизоянд. (83) Ӯро бояд аз ҷимоъу обистан боз доранд. Бояд чунин бачаро аз ҳар чизе дур бидоранд, ки мисли садоҳои бузургу дурушти аз қабили садои дуҳул, буқ, раъд, зангӯла ва дод задани одамӣ буда, боиси ногаҳон тарсидану безобитагӣ бигарданд. Баъд аз бехобӣ, хашмнок шудан, тарсидан, сардии сахт, гармии зиёд ва бадгуворӣ дураш бидоранд. Бояд ӯро талқин намуд, ки то пеш аз таом варзиши нарме кунад ва баъди таом ӯро аз ҳаракат кардан маҳрум созанд. Агар тоби бо доруҳои истифроғоваранда истифроғ намудани балғами тунукро дошта бошад, чунин кунанд. Гоҳе [чунин кӯдаконро] бо оби ангубин қай овардан суд дорад ва ба эшон гулангубини шакарӣ ва гулангубини ангубинӣ биошомонанд ва судобу дигар доруҳои латифиоваранда бибӯёнанд. Ба ҳақиқат бӯёнидани доруҳои бӯидание, ки ёдашон хоҳем кард, гоҳе [муолаҷаи] ин осебро кифоят бошад.
Сипас, ба таври умум, ҳамаи касони ба саръ гирифтор бояд ғизоҳои сутудае истеъмол кунанд, ки дорои тариоварии хуб ва беифротанд Эшон бояд аз пурии шикам ва бадгуворӣ эҳтиёт кунанд. Яъне бад-ин гуна ки бояд пеш аз пурра сер шудан аз хӯрдан даст бикашанд. Ҳар киро одати як бор хӯрдан набошад, ғизои ӯро ба миқдори камтар аз сершавӣ гирифта, се бахш кунанд ва аз се як бахшро пагоҳӣ ва ду бахшро бегоҳӣ баъди варзиши сабук бидиҳанд. Бояд хамр бисёр наошоманд, зеро он мағзро сахт пуриоваранда аст. Баъд агар эшонро аз истеъмоли [43] баҳрае аз шароб чора набошад, бояд каме аз шароби куҳнаи равшанкардаи моил ба тундӣ истеъмол кунанд. Зиёнкортарин чизҳо барои эшон ошомидани аз паси гармоба аст. Сармои ногаҳонӣ низ чунин бошад. Балки бояд сарро аз расидани ҳар гуна гармии беандоза ва ё сардии беандоза паноҳ бидоранд ва андар гармоба дер наистанд. Гирифтори саръ бояд аз ҳамаи гӯштҳои ситабру қавиғизо ва аз ҳамаи моҳиҳо, балки аз гӯшти ҳамаи чаҳорпоёни бузург бипарҳезанд ва ба гӯшти мурғчӯҷа, дурроҷ, тиҳу, гунҷишки хонагии кӯҳӣ, чаковак, бутемор, бузғола, оҳу ва харгӯш кифоят кунад. Гуфтаанд, ки гӯшти гуроз барои ӯ сахт судманд аст. Гоҳе барои эшон гӯшти бузро сутудаанд, аз баҳри он ки дорои хушкиоварӣ буда, кам тариоваранда аст. Ҳамчунин шириниворҳо, чизҳои равғанӣ ва монанди онро барояшон накӯҳидаанд.
[Бемори саръ] бояд аз ҳамаи гунаҳои тараҳо, ҳатто аз исфонохи румию дахинаҷ, чи ҷои дигар тараҳо ва хусусан аз карафс парҳез кунад, зеро карафсро хосиятест, ки саръро ба ҷунбиш оварад. Агар ночор монад, бояд шоҳтара ва коснӣ истеъмол кунад. Коҳу барои эшон рухсат дода шудааст, вале ман онро барояшон чандон хуб намедонам. Инчунин истеъмоли кашнизро барои эшон иҷозат додаанд, аз баҳри он ки кашниз бухорро аз сӯи сар бигардонад. Ман бисёр истеъмол кардани онро барояшон бад мебинам, вале на ба ҳангоми [саръи] хунӣ ва сафровӣ. Аммо чугундари андар об пухта ва бо равғани зайтун, обкома ва монанди инҳо ба ислоҳ овардаро агар пеш аз ғизо аз барои нарм сохтани табиат бихӯранд, равост.
Агар андар таоми [беморони саръ] шибиту судоб бидароранд, суд хоҳад бахшид.
Бояд эшон аз ҳамаи меваҳои тар ва аз ҷамии меваҳои ситабр парҳез кунанд, вале агар баъзе меваҳои гирандаро аз болои таом ба андозаи сабук ва ниҳоят кам бихӯранд, даҳони меъдаро қавӣ кунад, ғизоро фурӯ барад, табиатро нарм созад ва пеши бухорро бигирад.
Бояд аз ҳамаи ғизоҳои гароне, ки қоиммақоми шалғам, турб, каранб ва газаранд ва аз ҳар чизи тези бухоровар бипарҳезанд. Хардал аз ҷумлаи чизҳоест, ки бо бухор овардан, фазлаҳоро ба сӯи мағз рондан, онҳоро бад-он сӯй равона кардан ва бо кӯфт додани мағз ба иллати тезии хеш [беморони саръро] газанд бирасонад. [Беморони саръ] бояд аз шакар, вазишгоҳи бодҳо ва пурии шикам парҳез кунанд ва бо об аслан ғусл накунанд: аммо бо оби гарм, аз баҳри он ки сустӣ оварад ва бо оби сард аз баҳри он ки карахтӣ оварда, рӯҳи ҳассосро зиён расонад. Ҳар гоҳ каси ба саръ гирифторро аз таом пурии шикам ориз гардад, бояд онро бигардонад ва сипас тадбирро латиф созад. Бояд аз ғизоҳои хушкиоваранда, гарониоваранда, карахткунанда ва бухороваранда парҳез карда шавад. Аммо шароб бошад, ба пурӣ ошомидани он сахт зиён дорад ва андакаш ҷонро хуррамӣ ва рӯҳро қуввату тозагӣ бахшад ва аз бисёр ошомидани об бениёз гардонад. Бисёр ошомидани он зиёнкортарини чизҳост. Хоби қайлулаи зиёд ва умуман хоби зиёд, хусусан агар баъд аз ниҳоят пур будани шикам хобида шавад, зиён доранд.
Бехобии беандоза низ рӯҳро нотавону ҳал кунад ва ба изофаи он мағзро пур аз бухорҳо созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор