Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳангоми чунин [саръ] бирозу пешоб ояд, мазию манӣ бирезад, хафақону сардарди сахт ба амал ояд ва аз ба кор бурдани қай саръ сабукӣ ёфта нест шавад. [Низ] ҳолатҳоеанд, ки бар фосидии меъда далолат кунанд. Чунин саръ ба ҳасби олудагиву покии меъда афзоишу коҳиш ёбад. Гоҳе мумкин аст ин гуна [саръ] ба сабаби думодумии давраҳояш беморро бикушад. Аз ин ҷумла [саръест], ки онро хилти андар меъда буда бо фаровонии худ ва фаровонии бухорҳои худ ба амал оварад. Аксар вақт ин хилти балғамӣ бувад, вале гоҳе бо вай [хилтҳои] дигаре омехта шаванд.
Нишонаи ин чунин аст, ки саръ феълан ҳангоми пурӣ ва хом мондани ғизо ориз шавад ва ҳангоми тиҳӣ будани шикам ва ё ба сабаби таом ниҳоят сахт рафтани табиат сабук шавад. [Ин саръ] ҳамеша ҷуфти хом мондани таом аст. Агар бо [хилти андар меъда буда] моддаи сафровӣ омехта шуда бошад, ташнагӣ, афрӯхтагӣ, газанду сӯзиш дарёфта шаванд, вале агар бо он савдо омехта бошад, андар бештари ҳолот иштиҳо афзоиш ёбад ва мазаи турушӣ ҳис карда шавад. Аз ин андеша ва васваса хезад, вале далелҳои балғамӣ ғолибтару бештар буванд.
Аз ин ҷумла [саръе] бошад, ки ҳангоми он хилт бо палидии худ, на бо зиёдияш амал кунад ва нишонааш он бошад, ки саръ ҳангоми холигии шикам ва даҳони меъдаро холӣ дарёфтани модда ориз гардад ва баробари расидани ғизои созгори сутуда қатъ ёбад. Агар хилт тези аз ҷинси сафро бошад, онро бо далелҳое хоҳӣ шинохт, ки мо ёдашон кардем.
Агар [саръ] аз сабаби мароқ бошад, нишонааш оруғи туруш, дамишу қароқури дардноки дергузар ва афрӯхтагӣ андар ноҳияи мароқ бувад. Гоҳе баробари ин [беморӣ] баъд аз хӯрдани таоми андак андар миёни ду шона дарде хезад, ки ҷуз ба ҳангоми гуворида шудани он [таом] ором нашавад. Сипас баъд аз хӯрдани таом дубора ба амал ояд. [Саръ] ҳар гоҳ аз паси тиҳӣ мондани шикам ориз гардад, ҳангоми сахт будани табиат ориз мегардад ва ҳангоми нарм шудани он ва хусусан ҳангоме, ки бемор андар мароқ кашидагие ба сӯи боло ва ларзише ҳис мекунад, бекор хоҳад шуд. Ин гуна одамро қай кардани таоми ногуворида рӯй диҳад, аз баҳри он ки, чунонки баён намудем, ғизои эшон ба сабаби фосид шудан ва банд будани гузаргоҳҳои хеш пас бигардад. Аз ин ҷумла [саръест], ки ҳангоми он бухори мароққи ба амаловарандаи саръ сафровӣ бувад ва инро аз тариқи афрӯхтагии падидоянда, аз тариқи ранг ва парешонҳолии моил ба беқарорию базаҳмандӣ бишиносанд. Навъе аз ин гуна [саръ] чунин аст, ки бухори [мароқ] савдовӣ бошад ва бинобар он ҳамроҳи он гунае аз молихулиё, тарсуӣ, ҳадису-н-нафс ва ба иллати торикии модда бим ба амал оянд.
Гоҳе аз сабаби он маргдӯстдорӣ ва ё маргбадбинӣ, бим ва дигар чизҳои андар молихулиё овардашуда ориз гарданд.
Он [саръе], ки сабаб ва сарчашмаи он аз ҷигар ва ё аз тамоми бадан аст, ранг, мӯй, хушкии пӯст, хушкандомӣ, сустии гӯшт, фарбеҳию лоғарӣ ва бо бухори хун намнок будани [тан] бар он гувоҳӣ диҳанд. [Инчунин] набз, пешоб, ҳолати ғизоҳои пештара ва тадбири собиқ далели

он бошанд. [Ба ғайр аз ин] боздошта шудани он чи ки бояд аз тариқи мақъад, заҳдон, арақ кардан ва ғайра берун шавад, низ бар он далолат кунад. [Моддаи ин саръ] агар хунии моил ба сӯхтагӣ бошад, ҳангоми ба амал омадани [саръ] сурхии ранг, мавҷӣ будани набз ва ханда мушоҳада кунӣ. Агар сафровӣ, ё балғамӣ ва ё савдовӣ бошад, онҳоро бо ёрии нишонаҳои ёдшудаашон хоҳӣ шинохт.
[Саръе], ки сабабаш заҳдон аст, (82) ночор бо боздошта шудани хуни ҳайз, ё манӣ ва ё рутубатҳои ба заҳдон раванда зуҳур кунад. Пеш аз он андар зиҳор, пайғулаҳои рон ва ноҳияҳои миён дард ва андар заҳдон гаронӣ ҳис карда шавад.
[Саръе], ки сабабаш испурч аст, онро бо ёрии савдовӣ будани иллат ва ҳис кардани дард андар паҳлуи испурч шиносанд. Баробари он дамиши испурч ва ё сахт будани он ҷой дошта бошад ва бо падид омадани қароқур андар паҳлуи испурч ва андар аксари ҳол бо анбозии тан ин гуна [саръ] падид ояд.
Сарчашмаи [саръе], ки аз моддаи заҳрӣ ба амал ояд ва ин [модда] аз баъзе андомҳо ба воситаи асаб [ба мағз] омада бирасад, ё аз берун буда, нишонаҳои он аз қабили газидани каждум, ё ғунда ва ё занбӯр дар сурате ки қисме аз ин газидагӣ дар асаб афтида бошад, худ ба худ маълум аст. Ё сарчашмаи он аз андарун бошад ва андар ин ҳолат ба сӯи сар баромадани бухоре ҳис карда шавад, ки ба сабаби он чашм торик шуда, [одам] биафтад.
Ин гуна андом ё пой, ё даст, ё миён, ё зиҳор ва ё яке аз андомҳои андарунии чун меъда ва заҳдон бувад. Нишонаи [саръе], ки аз кирмҳо хезад, шоридани луоб ва афтидани кирми шикам ва «кадудона» бувад.
Андар баёни сабабҳое, ки саръро ба ҳаракат оваранд: Яке аз сабабҳои ба ҳаракат оварандаи саръ гузаштан ба ҳавоест, ки ёвари саръ бувад, чунонки яке аз сабабҳои барҳамзанандаи ӯ омадан ба ҳавоест, ки мухолифи саръ бошад. Ҳар гуна гармии беандозаи офтобӣ ва ё оташӣ, ҳар гуна сардӣ ва ҷимоъи бисёр [низ аз ҷумлаи ин сабабҳост]. Серборонӣ ва бодҳои шимолу ҷануб якҷоя гоҳе саръро бишӯронанд. Боди шимолӣ ва [иқлими] кишварҳои шимолӣ ба сабаби боздоштани моддаҳо ва манъ намудани ҳалшавӣ ва [боди] ҷанубӣ ва [иқлими] кишварҳои ҷанубӣ ба сабаби хилтҳоро ба ҳаракат овардан, мағзро аз онҳо пур сохтан ва онҳоро тунук намуда, ба ҷӯш овардан [боиси ба шӯр омадани саръ бигарданд.
Саръ] аксар вақт андар зимистон авҷ бигирад, чунонки ҳангоми бодҳои шимолӣ чунин бошад ва андар хазон ба иллати табаҳ шудани хилтҳо [низ] ба авҷ ояд. Ин [беморӣ] андар кишварҳои шимолӣ кам аст, лекин қаттол, аз баҳри он ки [андар он ҷойҳо] то сабаби қавие набошад, падид наояд. Бӯйҳои хушу нохуш гоҳе саръро ба ҷунбиш оваранд. Ҳаракат кардан, ба ҳаракати тез ва гирд нигаристан, аз баландиҳо [ба зер] нигаристан, андар гармоба дер истодан, пеш аз гувориш гармоба кардан, бар сар рехтани оби гарм ва хӯрдани шароби дурдноку куҳан барин чизҳое, ки хуни бухории дурдноки торикиовар бизоянд, низ зиён доранд. Шароби нав, ки равшану такшин нашуда бошад ва шароби холиси мағзро зананда [низ чунин буванд]. Карафс хусусан бо хосияти доштааш ва наск ба иллати хуни савдовӣ зоидан, ба шарте ки бо кашки ҷав омехта набошад, [зиён доранд].

пешина
аз 1215
навбатӣ