Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Дандонаҳои ҳафт муҳраи барсӯвин бузург ва болҳояшон ситабранд, то ки дилро ба гунаи расо ҳимоят бикунанд. Азбаски ҷисмҳои [муҳраҳо] андар [дандонаҳову болҳо] ба харҷ рафтаанд, фузуниҳои бандкушоии онҳо кӯтоҳ ва паҳн сохта шудаанд.
Фузуниҳои бандкушоии рӯ ба барсӯ доштаи муҳраҳои забари муҳраи даҳум фузуниҳоеанд, ки андар онҳо барои луқма гирифтан мағокиҳост ва аз [фузуниҳои бандкушоии] рӯ ба фурӯсӯи онҳо кӯжиҳое баромадаанд, ки андар мағокиҳо ҷой бигиранд. Дандонаҳои ин [муҳраҳо] ба поин хам шудаанд.
Аммо дандонаҳои муҳраи даҳум бошанд, ростистодаи гунбадшакл ва фузуниҳои бандкушоии он аз ду бар дорои мағокиҳо ва бе луқмаанд, зеро онҳо ҳам аз забар ва ҳам аз зер луқма бигиранд.
Фузуниҳои муҳраҳои зери муҳраи даҳум рӯ ба барсӯ буда, мағокиҳои онҳо рӯ ба фурӯсӯанд ва дандонаҳояшон ба барсӯ гардонида шудаанд. Ҳамаи манфиатҳои инҳоро баъд ёд хоҳем кард.
Муҳраи дувоздаҳум бол надорад, чунки ба сабаби устухонҳои паҳлушиддати ҳоҷат костааст. Аммо барои муҳофизат чизи дигаре чорабинӣ шудааст, ки муҳофизатро бо манфиати дигаре андар хеш ҷамъ созад ва баёни он ин тавр аст: (32) муҳраҳои миён ба устухонҳои зиёдатӣ ва ба бештар мустаҳкам будани пайвандгоҳҳо ниёзманданд, зеро онҳо чизҳои аз худ ба забар бударо бибардоранд. Бадин сабаб эҳтиёҷ ба он афтод, ки андар пайвандгоҳҳо мағокиҳо ва луқмаҳои бештаре ба амал оварда шаванд. Пас, андар пайвандгоҳҳои онҳо чизҳои изофӣ ду баробар афзуда шуданд. [Инчунин] эҳтиёҷ ба он афтод, ки ҷиҳати ба сӯи онҳо будаи муҳраи дувоздаҳум низ ҳамранги онҳо гардонида шавад. Бинобар ин, фузуниҳои бандкушоии он дучандон гардонида шуданд. Аз ин рӯ чизе, ки андар сохтани бол муносиб буд, сарф шавад, андар ин фузуниҳо ба харҷ бирафт. Баъд [муҳраи дувоздаҳум] ба таври изофӣ чандоне фарох карда шуд, ки бахши фарохшудаи он қариб аст болро монад. Аз ин ҷост, ки андар ин офариниш ду манфиат ба ҳам омадаанд. Ҳамин [муҳраи] дувоздаҳум аст, ки ду тарафи ҳиҷоб бад-он бипайванданд.
Он муҳраҳое, ки боло аз ин муҳраҳоянд, хурдии онҳо аз мустаҳкам намудан бо ёрии афзоиши фузуниҳои бандкушоӣ бениёз аст, балки бузург будани он дандонаҳову болҳое, ки аз онҳо бирӯянд, ҷирми [муҳраҳоро] пурра ишғол намуда, [барои фузуниҳо] дигар ҷой намондааст.
Азбаски муҳраҳои сина назар ба муҳраҳои гардан бузургтаранд, сӯрохҳои муштарак андар миёни ду муҳра баробар бахш нашудаанд, балки тадриҷан кам-кам андар барсӯӣ афзоиш ёфта, аз фурӯсӯвин костааст ва андар охир як сӯрох пурра андар як муҳра боқӣ мондааст. Ин [кор] андар муҳраи даҳум ба анҷом бирасад.
[24] Аммо ҷирми муҳраҳои боқимондаи пушт ва муҳраҳои камаргоҳ метавонад пурра як сӯрохӣ дошта бошад.
Андар муҳраҳои камаргоҳ барои берун баромадани асаб як сӯрох аз рост ва як сӯрох аз чап ҷой дорад.
Фасли даҳум андар ташреҳи муҳраҳои камаргоҳ

Бар рӯи муҳраҳои камаргоҳ дандонаҳо ва болҳои паҳнанд. Фузуниҳои бандкушоии фурӯсӯвини онҳо паҳн бу

да, ба болҳои муҳофизаткунанда монандӣ доранд. Ин муҳраҳо панҷ ададанд. Камар ҳамроҳи сурин ҳамчун пойгоҳи тамоми сутунмуҳра буда, такягоҳ ва бардорандаи устухони зиҳор ва растагоҳи асабҳои пой бувад.
Фасли ёздаҳум андар ташреҳи устухони миёни сурин

Устухонҳои миёни сурин сетоанд. Робитаи онҳо ва мустаҳкамии пайвандгоҳҳои онҳо назар ба ҳамаи муҳраҳо сахттар ва болҳояшон беш аз ҳама фарохтаранд. Асабҳо андар онҳо аз сӯрохиҳое бармеоянд, ки андар ду бари ростинӣ ҷойгир нестанд, то ки онҳоро бандкушои сурин заҳмат надиҳад, балки аз он ҷой хеле дур бурда шуда ва ба пешу пас андароварда шудаанд. Устухонҳои миёни сурин устухонҳои камарро монанд.
Фасли дувоздаҳум андар ташреҳи думғоза

Думғоза аз се муҳраи куркуракӣ иборат аст, ки онҳо дорои фузуниҳо нестанд. Асабҳо андар онҳо аз сӯрохиҳои муштараке баромадаанд, ки ба сабаби хурдӣ ба [сӯрохиҳои муҳраи] гардан монанданд. Аммо муҳраи севвум бошад, аз як каронаи он як асаб барояд.
Фасли сездаҳум гуфтор ба тариқи хотима андар манфиати сутунмуҳра

Мо андар баёни устухонҳои сутунмуҳра ба андозаи миёна сухан рондем, акнун ба таври ҷомеъ оид ба маҷмӯи сутунмуҳра гуфтугӯ кунем. Мо гӯем: маҷмӯи сутунмуҳра ҳамчун як чизи яклухт ба беҳтарини шаклҳо, яъне ба гирдашаклӣ махсус аст, чунки ин шакл назар ба ҳамаи шаклҳо ҳангоми мусодамот осебҳоро камтар бипазирад. Бинобар ин, сарҳои муҳраҳои болоӣ ба фурӯсӯ ва фурӯсӯвин ба барсӯ хам карда шудаанд ва андар миёна, ки он муҳраи даҳум аст, ба ҳам ҷамъ омадаанд. Ин [муҳра] ба ҳеҷ як аз ду ҷиҳат хам нагардидааст, зеро ду чангак якҷоя андар вай андохта шаванд. [Муҳраи] даҳумин на андар шумора, балки андар дарозӣ миёнҷии дандонаҳост. Азбаски сутунмуҳра ба ҳаракати ба ду сӯ хаму ростшаванда ниёзманд буд ва ин ба тавре сурат бигирад, ки муҳраи миёнгин бояд ба сӯи муқобил рафта, [муҳраҳои] забарину зерин бояд ба сӯи он ҷиҳат майл кунанд ва гӯё ду тарафи сутунмуҳра барои вохӯрдан майл менамуда бошанд, бинобар ин, барои муҳраи миёнгин на луқмаҳо, балки мағокиҳо офарида шудаанд. Баъд, луқмаҳои зерин ва забарин ба сӯи [муҳраи миёнгин] мутаваҷҷеҳ буда, забаринҳо рӯ ба зер ва зеринҳо рӯ ба забар буванд, то ки ба тарафи муқобили ҷиҳати майл рафтани [муҳраи миёнгин] осон бигардад ва имконият шавад, ки забаринҳо ба зер ва зеринҳо ба забар бигарданд.
Фасли чаҳордаҳум андар ташреҳи устухонҳои ПАҲЛУ

(33) Устухонҳои паҳлу барои муҳофизати он афзорҳои
нафасгирӣ ва бахши барсӯвини афзорҳои ғизогириеанд, ки
онҳоро андар хеш фаро гирифтаанд. Онҳо барои он аз як
устухон сохта нашудаанд, ки то гарон набошанд, то агар
осебе бирасад, ҳамаро фаро нагирад, то агар ҳоҷат беш аз миқдори табиӣ бошад ва дарун аз ғизо ва ҳаво пур шуда, барои ҳавои кашидашуда ба макони фарохтаре ҳоҷат биафтад, фарохшавӣ осон бошад ва то миёнҳои онҳоро мушакҳои сина, ки андар кори нафасгирӣ ва дигар чизи бадон алоқаманд ёрӣ бирасонанд, пур карда бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ