Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар як бол дорои ду шоха ва як доираи баромадгоҳи асаб аст, ки он андар миёни ду муҳра ба ду ним гардидааст. Лекин муҳраҳои якум ва дуввум дорои хосиятҳоеанд, ки дигарҳоро нестанд.
Нахуст бояд бидонӣ, ки ҳаракати сар ба росту ба чап бо ёрии пайвандгоҳи миёни сар ва муҳраи якум фароҳам ояд ва ҳаракати он аз пеш ва аз пас бо ёрии пайвандгоҳе иттифоқ биафтад, ки андар миёни он ва муҳраи дуввум ҷой дорад. Пас, воҷиб аст, ки нахуст андар баёни пайвандгоҳи якум сухан ронем. Бинобар ин гӯем: ба дурустӣ, бар рӯи ду фузунии муҳраи якум, ки аз ду бари он буда, рӯ ба болоанд, ду мағокие офарида шудаанд, ки ду фузунии устухони сар андар инҳо бидароянд. Агар якеи онҳо бардошта шаваду дигарӣ фурӯтар равад, сар ба сӯи фурӯрафтагӣ бигарояд.
Пайвандгоҳи дуввумро мумкин нест, ки бар рӯи ин муҳра бошад, бинобар ин, барои вай муҳраи дигареро ба танҳоӣ хос гардонидаанд, ки он муҳраи дуввум бувад.
Аз тарафи пеши он, ки рӯ ба андарун дорад, фузунии дарози сахте растааст, ки аз пеши ҳароммағаз андар сӯрохии муҳраи якум бидарояд. Ин сӯрох андар миёни ҳар ду муҳра муштарак аст. Он, яъне сӯрохӣ, аз сӯи пас ва пеш дарозтар аз сӯрохиест, ки андар миёни тарафи рост ва чап ҷой дорад. Зеро андар миёни пасу пеш ду чизи нуфузкунандаест, ки беш аз як чизи нуфузкунанда ҷой ишғол кунанд.
Аммо муайян кардани паҳноӣ бошад, ба ҳасби бузургтарини ду нуфузкунанда аст, ки он ҳароммағз бувад. Ин фузуниро «дандона» номанд. Ҳароммағзро аз он фузунӣ пайвандҳои қавие панаҳ кардаанд, [23] ки барои ҷудо кардани атрофи дандона аз атрофи ҳароммағз рӯидаанд, то дандона бо ҳаракатҳои худ ҳароммағзро нахарошад ва фишор наоварад. Сипас ин фузунӣ аз муҳраи якум сар бароварда, ба мағокии устухони сар фурӯ биравад ва мағокие, ки андар устухони сар аст, бар фарози он давр зада, ба миёнчии он ҳаракати сар аз пас ба сӯи пеш анҷом ёбад. Ин дандона аз барои ду манфиат рӯ ба сӯи пеш рӯидааст: якум барои он ки беосебтар бошад; дуввум барои он ки тарафи тунуктари муҳра аз дарун бошад, на аз берун.
Хосияти муҳраи якум ин аст, ки он дорои дандона нест, то ки барои он гаронӣ наоварад ва то ки ба сабаби он ба осебҳо рӯбарӯ нашавад. Зеро фузуние, ки чизи аз худ қавитарро биронад, айни он ба чизи аз худ заифтар шикастагӣ ва осеб расондан битавонад. Инчунин [адами он] барои он аст, ки то мушакҳову асабҳои зиёди дар гирди [муҳра] ҷойдошта харошида нашаванд. Ба изофаи ин андар он ҷой ба хори ҳимояткунанда кам эҳтиёҷ аст. Зеро ин муҳра чунон аст, ки андар паноҳгоҳҳои дур аз расидани газандҳо фурӯ рафта, пинҳон шудааст. Ба сабаби ҳамин маъниҳо (31) аз болҳо орӣ бувад ва хусусан чун бештари мушакҳову асабҳо ба сабаби наздик ба мабдаъ будан андар паҳлуи ин [муҳра] зич вазъ шудаанд, бинобар он, барои болҳо дигар ҷой намондааст.
Аз хосиятҳои ин муҳра он аст, ки асаб аз вай на аз ду бари он ва на аз сӯрохи муштарак берун намеояд, балки аз ду сӯрохи андар вай ҷойдоштае берун ояд, ки андар ду бари барсӯвини он рӯ ба пас ҷойгиранд. Чунки агар баромадгоҳи асаб андар ҷое мебуд, ки ду фузунии сар андар

он ҷойгиранд ва ҳаракатҳои қавии онҳо андар он ҷой ба амал меоянд, дар ин сурат асаб аз он зарари сахт медид.
Агар баромадгоҳи асаб андар ҷое мебуд, ки маҳалли фурӯ бурдани [муҳраи] дуввум ду фузунии [муҳраи якумро] аст [ва ин ду фузунӣ] ба воситаи пайвандгоҳи нарми ба пешу пас ҳаракаткунанда ба ду мағокии [муҳраи] дуввум андаромадаанд, он гоҳ низ ҳол чунин будӣ. Инчунин ба сабабҳое, ки ҳангоми баёни дигар муҳраҳо ёд шудаанд, дуруст нест, ки [баромадгоҳи асаб] аз пасу пеш бошад ва на низ аз ду бар дуруст аст, зеро устухони ду бар ба сабаби дандона доштан тунук бувад. Бинобар ин ночор [баромадгоҳ] каме фурӯсӯтар аз пайвандгоҳи сар андар ақибтари ҳар ду бар, яъне андар ҷое ҷойгир шуд, ки миёни пасу як бар аст. Пас, ба зарурат воҷиб шуд, ки ҳар ду сӯрох хурд бошанд ва аз ин воҷиб аст, ки асаб борик бошад.
Оид ба муҳраи дуввум [бояд гуфт]: азбаски мумкин набуд баромадгоҳи асаб андар он аз барсӯ аз ҷое бошад, ки [муҳраи дуввумро] мумкин аст, чунки агар баромадгоҳи асаби он мисли муҳраи якум мебуд, бими он дошт, ки ба сабаби ҳаракати муҳраи якум бар фарози [дуввум] ҳангоми ба пеш ва ё ба пас хам кардани сар асаб харошида ва кӯфта шавад, инчунин ба ҳамин сабаб мумкин набуд, ки аз пешу пас бошад ва на низ имкони он буд, ки аз ду бар бошад, вагарна бо муҳраи якум муштарак мебуд, [асаби аз он] рӯянда ба зарурат борик буда, камбудии якумро [андар борикӣ] пур намекард ва дар натиҷа ҷуфтҳои борике бо ҳам ҷамъ меомаданд ва ё агар аз ду бар сӯрох карда мешуд, низ ба муҳраи якум муштарак мебуд ва узри табаҳ шудани ҳоли он баён карда шуд, бинобар ин, воҷиб омад, ки сӯрох андар муҳраи дуввум андар ду бари дандона, андар ҷое бошад, ки баробари ду сӯрохи муҳраи якум воқеъ аст ва ҷирми муҳраи якум андар [падид омадани] ҳар ду сӯрох таҳаммули иштирокро дорад.
Дандонаи аз муҳраи дуввум рӯида бо пайвандҳои қавӣ ба муҳраи якум сахт бастааст. Пайвандгоҳи миёни сар ва муҳраи якум ва пайвандгоҳи якҷояи сару муҳраи якум бо муҳраи дуввум назар ба дигар пайвандгоҳҳои сутунмуҳра нармтаранд, зеро ба ҳаракатҳое, ки бо ёрии ин ду анҷом меёбанд ва ба расову зоҳир будани ин ҳаракатҳо сахт ниёзмандист. Сар агар ҳамроҳи пайвандгоҳи яке аз ду муҳра ҳаракат кунад, муҳраи дуввум бо пайвандгоҳи дигар, чун як чизи ягона ором боқӣ бимонад. То ҷое, ки агар сар ба пешу пас ҳаракат кунад, бо муҳраи якум мисли устухони ягона бигардад ва агар аз ғайри вуреб шудан ба ду тараф ҳаракат кунад, муҳраҳои якуму дуввум чун як устухони ягона бигарданд. Ин буд моҳазари мо аз ҳоли муҳраҳои гардан ва хосиятҳои онҳо.
Фасли нуҳум андар ташреҳи муҳраҳои сина ва манфиати онҳо

Муҳраҳои сина инҳоеанд, ки устухонҳои паҳлӯ бад-онҳо бипайванданд ва андомҳои нафасгириро дар бар бигиранд.
Онҳо аз ёздаҳ муҳраи дандонаву болдор ва як муҳраи бе бол иборатанд, ки [маҷмӯан] дувоздаҳтоанд. Дандонаҳои онҳо баробар нестанд, зеро он муҳраҳое, ки аз паси онҳо андомҳои аз ҳама шарифтар ҷой доранд, бузургтару қавитаранд. Болҳои муҳраҳои сина ба сабаби пайваст будани устухонҳои паҳлу бад-онҳо аз ҳама сахттаранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ