Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ихтиёр: Дисқуридус гуфтааст: «Беҳтарин сунбул онест, ки сермӯй бошад, ба маллагӣ бигарояд, чун мушки замин хушбӯй бошад, хӯшаҳояш хурд буда, забонро бизанад. Ин гуна сунбул сунбули суриягист. Сунбули ҳиндӣ заифтар, дарозтар, серхӯшаи бо ҳам печида ва бадбӯй буда, бо тамомияти хеш зуд аз ҳам бирезад ва аз он чанги сиёҳи бузурге пош хӯрад. Сунбулро бад-ин тариқ мағшуш созанд, ки онро баъди тар кардан андар оби гарм биҷӯшонанд, сипас онро бо санги сурма гаронсанг сохта, бифурӯшанд. Ба [мағшуш будани] он сафедӣ, хушкӣ, сустии қувват ва сустии таъму бӯйи он гувоҳӣ диҳанд. Сунбули сиёҳи ҳиндӣ беҳтар аз сурхаш аст. Беҳтарин нордин онест, ки нав, хушбӯй, сербех ва рехта буда, суда нагардад. Аммо он нордине, ки пояаш хусусан аз миёнҷо ба сафедӣ бигарояд ва хусусан агар бадбӯй бошад, ҳеҷ арзиш надорад».
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Сунбул кушоянда ва ҳалкунанда аст. Сунбули ҳиндӣ дорои гирандагии зиёд буда, гармияш камтар, балки сабук бувад. Ба ҳангоми чашидан нахуст бемаза аст ва сипас аз он гармӣ ва тезӣ падид ояд. Судаи сунбули хушбӯй арақи зиёд кардан нагузорад. Гили сунбул дастшӯяи хушбӯи хубе бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Сунбул омосҳоро ҳал кунад.
Решҳо: Сунбул рутубати аз решҳо таровандаро хушк кунад.
Андомҳои сар: Сунбул назлаҳоро боздорад ва мағзро қавӣ созад.
Андомҳои чашм: Сунбул чун андар таркиби доруҳои чашм бидарояд ва ё бо мил бар пилкҳо кашида шавад, мижгонро бирӯёнад ва ба пиндори ман нордин андар ин кор қавитар бувад.
Андомҳои сина: Ҳамаи гунаҳои сунбул аз хафақон суд доранд, сина ва шушро пок кунанд ва рехтани моддаҳоро ба сӯи онҳо4 нагузоранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигар ва меъдаро бикушояд ва онҳоро қавӣ созад. Ҳамаи гунаҳои сунбул аз ярақон судманданд, моддаҳоро ба сӯи меъда рехтан нагузоранд ва газандагии [моддаҳоро] фурӯ нишонанд.
Агар ҳар гунае аз онро бо шароб биошоманд, испурчро суд бахшад. Агар сунбулро бо оби сард биошоманд, маниши гаштанро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Ҳамаи сунбулҳо пешобро битозонанд ва гунаи иқлитӣ қавитар бошад, аз баҳри он ки вай гармтар ва камтар гиранда аст. Агар андар ҷӯшонидаи ҳама гуна сунбул бинишинанд, аз омосҳои раҳм суд бахшад. Сунбул аз дардҳои гурда судманд аст ва моддаҳоро ба сӯи рӯдаҳо ҷорӣ шудан нагузорад. Вай дорои чунин хосият аст, ки хун рафтани беандозаи раҳмро бибандад.

бӯи гулро монад, як синф сиёҳи бадбӯй, тунукпӯст ва кафидагист, як синф моил ба сафедӣ буда, як синф ганданоибӯй аст ва як синф борикнайчаи дарунтиҳист. Чунин хотирнишон кунанд, ки гоҳе чизе шабеҳ ба салиха ёфта шавад, ки он ба дорчинӣ табдил ёбад. Баъзеҳо чунин гуфтаанд, ки гоҳе бар дарахти дорчинӣ бад-ин сифат салиха ёфт шавад ва гоҳе ба худи дорчинӣ пайваст бошад. Аз бархе касони боваринок чунин шунидам, ки салиха пӯсти дарахтест чун дарахти дорчинӣ ва онро аз ноҳияи Чин оваранд. Салиха андар қувват чун дорчинии камқувват аст ва хуби он ба андозаи дорчинӣ бирасад.
Дисқуридус гуфтааст: «Салихаро навъҳои бисёр буда, андар кишвари Араб салихаи аз барои хушбӯиҳо рӯянда ёфт шавад. Он дорои соқи пӯстситабр ва баргҳоест, ки шабеҳ ба баргҳои як намуд аз савсан буванд. Намудҳои дигари салиха баданд».
Ихтиёр: Беҳтарини он сурхранг, равшан, суфта, ба шакли чӯбчаҳои дарозрӯя, ситабрнайчаи тангсӯрох, зудшиканандаи рехта ва тезбӯй буда, забонро бизанад ва онро қабз кунад. Салихаи сиёҳ бад аст ва аз он фақат пӯсташ (лиҳо) короям аст ва чӯби онро ҳеҷ суде нест.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Бодҳои ситабрро ҳал кунад, он дорои андаке гирандагӣ буда, бо тезии бештару латифии зиёд аст ва ба иллати сӯзандагӣ дорои бурандагист. Салиха бо қабз кардани худ (392) [доруҳои] гиранда ва бо ҳал кардани хеш [доруҳои] шикаморандаро ёрӣ диҳад. Вай бо он миқдор аз ҳалкунандагӣ, гирандагӣ ва латифие, ки дорад, андомҳоро нерӯманд кунад.
Омосҳо: Омосҳои гарму сарди андар андомҳои андарунӣ бударо ҳал кунад.
Решҳо: Салихаро бо ангубин бар [решҳои] нарм тило кананд.
Андомҳои чашм: Бо он ки андар он қабз кардан якҷоя бо ҳалкунист, андар таркиби доруҳои чашм бидарояд.
Андомҳои сина: Салиха синаро суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шароби салиха аз барои ҷигар ва ё шаробе, ки андар он салиха афканда бошанд, меъдаро нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Салиха пешоб ва хуни ҳайз ва хусусан он гуна [пешобу хуни ҳайзро] битозонад, ки сабаби [наомадани] онҳо хилтҳои ситабр бувад. Вай аз дардҳои гурдаву обгаҳ суд дорад ва агар андар оби ҷӯшонидаи он бинишинанд, аз васеъшавии раҳм ва лағжидагии он нофеъ бошад. Дуди он низ чунин аст. Шароби он ва шаробе, ки андар он салиха тар карда бошанд, аз барои ба сахтӣ омадани пешоб хубанд. Бархе аз [пизишкон] ба таъкид гуфтаанд, ки он ҷанинҳоро биафтонад.
Заҳрҳо: Салихаро аз барои заҳри афъӣ бидиҳанд.
Ҷойнишинҳо: Андар таркиби доруҳо ҷойнишини он дорчинист [ва] аз он ба қадри дучанди он микдор аз салихае [бигиранд], ки таҳлиловар аст.

  1. САЛИХА1 – САЛИХА
    Cinnamomum cassia Bl.
    Моҳият: Салиха якчанд синф аст. Як синф аз он сурхи хуштаъм ва хушбӯй аст, як синф андар таъм шабеҳ ба судоб аст, як синф сиёҳи моил ба арғавонӣ буда, бӯяш

  2. САВИҚ – ПИСТ, ТАЛҚОН
    Decotum
    Моҳият: Ин андар боби гандум ва ҷав ёд шудааст1.
    Андомҳои сина: Пист синаро судманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ