Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Умуман шакар андар охири дараҷаи якум гарм ва андар худи ҳамин дараҷа [низ] тар аст. Шакари куҳан андар дараҷаи якум хушк ва андар ҳамин дараҷа тар аст.
Шакар ҳар қадар куҳан бошад, ҳамон андоза хушк бигардад.
Хосиятҳо: Шакар нармкунанда, зудоянда ва шӯянда аст.
Шакари сулаймонӣ ва хусусан пониз бештар нармкунандаанд, (390) балки аз ин ҳам бештар найангубин [нармкунанда бувад]. Шакар андар зудудану пок кардан камтар аз ангубин нест. Шакар ҳар андоза куҳан шавад, ҳамон андоза латифтар бигардад.
Андомҳои чашм: Он чи ки чун самғ буда, аз най гирифта шавад, чашмро бизудояд.
Андомҳои сина: Шакар синаро нарм карда, дуруштиро бибарад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шакар аз барои меъда хуб аст, вале на он меъдаеро, ки андар он сафро падид ояд, зеро ин гуна [меъдаро] ба иллати сафро гардидан зиён хоҳад овард.
Шакар суддаҳоро бикушояд ва андар он ва хусусан андар шакари куҳан ташнагифизоие ҷой дорад, ки камтар аз ташнагифизоии ангубин бувад. Шакари куҳан хуни тира бизояд ва балғамро аз меъда бизудояд. Андар найшакар [қувваи] ёрӣ додан бар қай аст.
Андомҳои ронанда: Шакар ва хусусан оне, ки бар найи хеш мисли намак падид ояд, исҳол оварад. Шакари сулаймонӣ ва сурх беш аз ҳама нармкунандаанд.
Шакар гоҳе бод биангезад ва гоҳе дамишро паст кунад.
Он бо равғани бодом аз барои қулинҷ судманд бувад.
513. СУККАРУ-Л-УШАР – ШАКАРИ УШАР
Manna Asclepiatis (Asclepias gigantea R. Br.) Моҳият: Ин шакаракест, ки бар ушар биафтад ва он чун пораи намак буда, ба изофаи ширинӣ каме тундӣ ва талхӣ дорад. Гунае аз он ямании сафед ва гунае ҳиҷозӣ буда, ба сиёҳӣ бизанад.
Хосиятҳо: Зудоянда ва дорои тундист.
Андомҳои чашм: Шакари ушар биноиро тез кунад.
Андомҳои сина: Аз барои шуш судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Бо шири луффоҳ аз истисқо суд дорад ва мисли дигар гунаҳои шакар ташнагиоваранда нест, аз баҳри он ки ширинияш кам аст. Вай аз барои меъда ва ҷигар хуб бувад.
Андомҳои ронанда: Гурда ва обгаҳро судманд аст.
514. САМН1 – РАВҒАНИ ЗАРД
Butyrum
Моҳият: Ин маъруф буда, корҳои маскаро кунад ва аз ҷиҳати пазондан ва ковоку нарм кардан қавитар бувад. Он чиро, ки ҳангоми зикри маска андар фасли ҳарфи «зо» ёд кардаем2, бихон ва бад-ин биафзой.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар ҳамин дараҷа тар аст.
Хосиятҳо: Равғани зард пазонанда ва ҳалкунанда аст ва андар баданҳои нарм ва миёна, на андар баданҳои сахт амал кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Он омосҳо ва хусусан омосҳоеро, ки андар буни гӯши хусусан бачагону занон падид

ҳамеоянд, бипазонад ва андар баданҳои сахт ин гуна кор кардан натавонад.
Андомҳои сар: Омосҳои паси гӯши андар баданҳои нарм бударо бипазонад.
Андомҳои сина: Равғани зард хусусан бо ангубин, шакар ва бодоми талх синаро нарм кунад ва фазлаҳои онро бипазонад.
Андомҳои ронанда: Равғани зард бо бодом гоҳе ба сабаби қабзкунандагии доштааш шикам бибандад ва гоҳе бикушояд.
Заҳрҳо: Равғани зард тарёки заҳрҳои ошомидашуда аст.
515. СУНБУЛ – СУНБУЛ
Nardostachus Jatamansi DC; Valeriana celtica L.; ferula sumbul hook Моҳият: Сунбул ду гуна аст: сунбули хушбӯй, ки он «сунбули гунҷишкон» бошад ва нордин1, ки сунбули румӣ ва иқлитӣ буда, ба ҷуз пешоб овардан дигар андар ҳамаи хосиятҳо заифтар аз сунбули ҳиндӣ ва суриягист.
Сунбули иқлитӣ аз ҷиҳати қувват ба сунбули суриягӣ наздикӣ дорад. Дарахти он хурд аст ва онро бо гилаш канда, берун оранд. Гоҳе онро бо растание мағшуш созанд, ки бад-он монандӣ дорад ва фарқ миёни ин ду он аст, ки он растанӣ бадбӯй аст. Гунае аз нордин кӯҳӣ буда, баргаш ба барги коҷира монанд аст. Шохаҳояш ҳамагӣ низ чунин бошанд. Лекин зарди суфтаи бе хоранд ва бехҳояш бисёр буда, аз ду ва беш аз он иборатанд.
Вай бе соқ, бе бар ва бе шукуфа бувад. Дисқуридус гуфтааст: «Сунбул ду ҷинс аст. Якеро «ҳиндӣ» ва дигариро «суриягӣ» хонанд ва инро на аз он сабаб чунин номанд, ки андар Сурия ёфт шавад, балки аз он сабаб чунин номанд, ки кӯҳе, ки андар он ин сунбул ёфт шавад, аз сӯи Сурия воқеъ аст ва [маҳалли рӯидани дигарӣ] аз ҷониби кишвари Ҳинд бувад. Аммо як намуд аз оне, ки «сунбули ҳиндӣ»-яш хонанд, «ғанғитус» ном дорад ва ин исм барои он аз исми рӯде иштиқок, шудааст, ки аз паҳлуи [он] кӯҳ ҷорӣ шавад, онро «Ғанғис»2 хонанд ва ба наздики он сунбул бирӯяд. Ин сунбул ба иллати рутубати маҳалли растани хеш ба қувват нотавонтар бувад. Он ҳар қадар баландтар бошад, хӯшаҳояш ҳамон қадар бисёртар аст. Хӯшаҳои он аз як бех растаанд. Ғиҷимҳои хӯшааш фаровони ба ҳам печидаанд ва бадбӯй буванд.
Гунае аз сунбули [ҳиндӣ] андаруни кӯҳе бирӯяд, ки тавсифаш кардем. Ин хушбӯй ва кӯтоҳхӯша буда, бӯяш бӯи мушки заминро монад ва андар он ҳамаи он чизе ёфт шавад, ки андар тавсифи нордини суриягӣ ёд кардем. Гоҳе растании «нордис сафоритиқо»3 ёфт шавад ва ин исм барои он аз исми маконе иштиқоқ шудааст, ки андар он ҷойҳо сунбули зиёд рӯяд. Ин хеле сафедтар аз он гунаест, ки тавсифаш кардем ва гоҳе (391) андар миёнҷои он соқе мавҷуд бошад. Бӯи ин мисли бӯи беш аст ва бояд аз ин намуд сунбул рӯй гардонд. Гоҳе нординро андар об тар карда, бифурӯшанд ва бад-он аз тариқи сафедии сунбул ва хушкидагии он ва аз тариқи андар он набудани хок метавон пай бурд. Гоҳе онро бад-ин гуна мағшуш созанд, ки бар он санги сурмаро бо об ва шакар бипошанд, то босалобаттару гаронсангтар бигардад. Агар андар бехи он ягон миқдор хок ҷой дошта бошад, бояд ба ҳангоми ниёзмандӣ онро пок карда, бибезанд ва хокашро бигиранд, зеро он барои шустани даст ба кор равад».

пешина
аз 1215
навбатӣ