Қонуни тиб

Ин бахш бо ҳар ду қисми худ ба ҳасби он чизе, ки бо вай биомезад, гуногун бигардад. Синфҳои он аз синфҳои балғам, синфҳои савдо, синфҳои сафро ва [моддаи] обӣ иборат аст. Бинобар ин, [ин гуна хун] боре ситабр, боре тунук, боре ниҳоят сиёҳ ва бори дигар сафедтоб бувад. Ҳамчунин бӯй ва мазаи вай низ дигар шуда, талх, шӯр ва моил ба турушӣ бигардад.
Бархе аз балғам низ табиӣ ва бархе ғайри табиист. Балғами табиӣ онест, ки ягон вақт хун бигардад, зеро вай хуни норасид аст. Ин навъе аз балғами ширин буда, сахт сард нест, балки андар қиёс ба тан каме ва андар қиёс ба хун ва сафро [бештар] сард аст. Бархе аз балғами ширин чизест, ки табиӣ нест ва он балғаме бувад, ки агар тасодуфан хуни табиӣ бо он биомезад, бемаза бошад ва мо онро баъд ёд хоҳем кард. Ин гуна [балғам] аксар вақт андар оби даҳону бинӣ зоҳир бигардад.
Аммо балғами ширини табиӣ бошад, Ҷолинус таъкид кардааст, ки табиат барои он мисли ду намуди талха андоми махсусе омода накардааст, то ҳамчун фароғатгоҳ бошад, зеро ин балғам ба хун хеле монанд буда, тамоми андомҳо ба вай ниёзманданд. Бинобар он ба равиши хун андар ҷараён бувад.
Мо гӯем, ки ин ниёзмандӣ ба сабаби ду амр аст: яке зарурат ва дигарӣ манфиат.
Зарурат бошад, ба сабаби ду чиз аст: Якум барои он ки ба андомҳо наздик бошад ва ҳар гоҳ ғизои андомҳо, ки аз берун ворид шуда, ба хуни дуруст табдил меёбад, ба сабаби баста шудани [роҳи] расиш аз меъдаву ҷигар ва ё ба сабаби оризшудаи [дигаре] қатъ гардад, қувваҳои [андомҳо] гармии модарзодии худро ба сӯи ин [хилт] равона намуда, онро пухта, бигуворанд ва аз он ғизо бигиранд.
Чуноне ки гармии модарзодӣ онро пазонда, бигуворад ва ба хуни дуруст табдилаш диҳад, ҳамчунин гармии бегона мумкин аст онро гардонида, табаҳ бикунад. Ин бахш аз зурурат ҳар ду намуди талхаро нест, зеро ҳар ду намуди талха ҳарчанд андар кори ин хилтро гандонидану табаҳ намудани гармии оризшаванда анбози балғаманд, вале андар кори онро ба хуни дуруст гардонидани гармии модарзодӣ анбози балғам намебошанд. Дуввум барои он ки хилт бо хун омехта шуда, онро барои ғизо додан ба андомҳои аз қабили мағз мизоҷашон балғамие омода созад, ки андар хуни ба онҳо ғизодиҳанда билфеъл будани як миқдори муайян аз балғам лозим аст. Ин кор андар ҳар ду намуди талха вуҷуд дорад.
Аммо манфиати хилт бошад, ин аст, ки пайвандгоҳҳо ва андомҳои серҳаракатро тар нигоҳ дорад, то онҳоро ба сабаби гармии ҳаракат ва ба сабаби соиш хушкӣ рӯй надиҳад. Ин манфиатест, ки андар радифи зарурат бидарояд.
Аммо балғами ғайритабиӣ бошад, баҳрае аз он фазлаи гуногунқивомест, ки ҳатто ба наздики ҳис ҳам чунин бошад ва он [балғами] хилмист ва баҳраи дигаре аз он ҳарчанд ба наздики ҳис андар қивом расидааст, вале ба ҳақиқат гуногунқивом бувад ва ин балғами хом бошад. [Инчунин] баҳрае аз он ниҳоят тунук ва он балғами обист ва баҳраи дигар ниҳоят ситабр буда, он сафед аст ва «гаҷӣ»
ном дорад. Ин балғамест, ки бахши тунуки он ба сабаби муддати дароз андар пайвандгоҳҳову гузаргоҳҳо банд шу
дан ба таҳлил харҷ шудааст. Ин [бахш] беш аз ҳама ситабр бувад.
Балғамро як намуди шӯр аст ва он беш аз андозае гарм, хушк ва қоқ бувад, ки боистӣ.
Сабаби ҳар як шӯрии баамалоянда он бошад, ки тарии обии камтаъм ва ё бемазаро ҷузъҳои хокии сӯхтаи андар мизоҷ хушк ва талхмаза ба тарзи муътадил биомезанд.
Пас, ҳар гоҳ онҳо биафзоянд, [онро] талх хоҳанд намуд ва аз ин ҷост, ки намакҳо падид омада, обҳо шӯр бигарданд.
Намакро аз хокистар, ишхор, оҳак ва ғайра истеҳсол кунанд. Ба ин тариқ, ки ин [чизҳоро] андар об биҷӯшонанд, баъд он обро биполанд ва то намак бастани вай боз ҷӯшонанд ва ё ба ҳоли худ бигузоранд, то намак бандад. Ба ҳамин монанд ҳар гоҳ ба балғами тунуке, ки бемаза ва ё таъмаш каму ғайри ғолиб аст, талхаи талхи табъаш хушки сӯхта ба тарзи муътадил биомезад, онро шӯр гардонида, гарм хоҳад намуд. Ин балғами сафровист.
Аммо Ҷолинус гуфтааст, ки ин балғам ба сабаби пӯсидани хеш ва ё ба сабаби бахши обие, ки ба вай биомезад, шӯр бигардад. Мо гӯем, ки пӯсидан онро бинобар он шӯр намояд, ки андар вай сӯхтану хокистар гардидан ба амал орад ва сипас хокистар ба тарии вай биомезад. Аммо бахши обие, ки бо балғам омехта мегардад, агар сабаби дуввум набошад, як худи он боиси пайдоиши шӯрӣ нахоҳад шуд. Эҳтимол [андар гуфтаи Ҷолинус] ба ҷои «ё»-и ҷудоӣ танҳо «ва»-и пайвсткунанда бошад. Андар ин ҳол гуфта гуфтаи пурра хоҳад буд.
Бархе аз балғам туруш аст. Чунонки балғами ширин бар ду бахш бувад – як ширин ба сабаби амри андар зоти вай буда ва дигар ширин ба сабаби амри аз берун ба вай омехта, турушии балғам низ ҳамин гуна бар ду бахш аст: яке ба сабаби омезиши чизи бегонае, ки он савдои туруш буда, оид ба он баъд гуфтугӯ хоҳем кард; дуввум ба сабаби амре, ки андар худи балғам бувад. Ба ин тариқ ки андар балғами ширини ёдшуда ва ё андар балғами андар роҳи (15) шириншавӣ буда нахуст он ҷӯшише падид ояд, ки андар тамоми фишурдаҳои ширин рӯй диҳад, сипас турушӣ падид ояд.
Низ бархе аз балғам тундмаза буда, ҳолаш ҳамин ҳолро монад. Тундмазагии он шояд ба сабаби омезиши савдои тундмаза бошад ва шояд ба сабаби худ ба худ ниҳоят сард шудан, ки саранҷом таъми он ба сабаби баста шудани [бахши] обии он ва ба иллати хушкӣ [13] каме ба хокӣ гардиданаш ба тундмазагӣ баргардад. Бинобар он, ин балғамро на гармии паст ҷӯшдода туруш намудааст ва на гармии баланд онро пухта бошад.
Навъе аз балғам обгинаист, ки вай ситабр буда, андар
часпандагию гаронӣ обгинаи гудохтаро монад. Ин навъ гоҳе туруш бошад ва гоҳе бемаза. Шояд бахши ситабри балғами бемаза хом ва ё ба хом гарданда бошад. Ин навъи балғам балғамест, ки андар оғози кор обии сард буда, на пӯсидааст ва на чизе бо вай омехта бувад, балки то ҳангоми ситабр гардидану бештар сард шудан дамбаста боқӣ мондааст.
Пас, маълум гардид, ки балғами табаҳ аз ҷиҳати таъм чаҳор бахш аст – шӯр, туруш, тундмаза ва бемаза ва аз ҷиҳати қивом ҳам чаҳор бахш бувад – обӣ, обгинаӣ, хилмӣ ва гаҷӣ. Балғами хом андар шумори хилмӣ бидарояд.
Аммо сафро бошад, низ бахше аз он табиист ва бахше фазлаи ғайритабиӣ. Бахши табиӣ сарҷӯши хун аст, ки вай сурхранг буда, бахши сурхи холиси он сабуки тез бувад ва ҳар чи беш гарм бигардад, сурхияш ҳамон андоза биафзояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё