Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чӣ гуна чунин набошад, дар сурате ки ҳар ду амр барои таҳияи коҳишу пастравӣ ёвари ҳамдигаранд. Модом ки чунин аст, пас, ба зарурат воҷиб омад, ки модда барҳам хӯрда, гармӣ шикаста гардад, хусусан агар андар шикастани гармӣ бо ёрии модда сабаби дигаре, яъне тарии бегонае, ҳамкорӣ кунад, ки ба сабаби адами гувориши ғизо пайваста андар падидоист.
Ин шикастани гармиро аз ду рӯй ёрӣ диҳад: якум бо дамгир кардану ғарқ намудан ва дуввум бо зиддияти кайфият, зеро ин тарии [бегона] балғамии сард аст. Ин ҳамон марги табииест, ки барои ҳар як шахс ба ҳасби мизоҷи нахустини ӯ то ҳангоме мавқуф гузошта шудааст, ки қувваташ тариро нигоҳбонӣ кардан битавонад. «Барои ҳар як аз эшон аҷале номбар шудааст» ва он андар шахсҳо ба сабаби ихтилофи мизоҷҳо ҳар хел бувад. Пас, инҳо аҷалҳои табииянд. Андар ин ҷой аҷалҳои дигаре низ ҳастанд, ки онҳо ғайри он ва ногаҳониянд. Ҳар кадоми ин ба сарнавишт вобастааст.
Хулоса, баданҳои бачагону барноён гарми муътадил ва баданҳои думӯягону пирон сарданд, лекин баданҳои бачагон аз барои нумӯ беш аз андоза тар аст ва таҷриба ба ин гувоҳӣ диҳад, яъне ин аз мулоимии устухонҳо ва андомҳои эшон ва ба қиёс маълум аст. Чунки рӯзгори эшон ба [рӯзгори] манӣ, хун ва рӯҳи бухорӣ наздикӣ дорад.

Аммо думӯягон, хусусан пирон, бо вуҷуди он ки аз ҳама сардтаранд, вале беш аз ҳама хушк буда. ин аз таҷрибаи он, ки устухонҳои эшон сахт ва пӯстҳояшон дурушт аст ва аз қиёси он, ки рӯзгори эшон аз рӯзгори манӣ, хун ва рӯҳи бухорӣ дур аст, дониста шавад.
Баъд, [бахши] оташӣ (13) андар бачагону барноён баробар аст, [бахши] бодӣ ва обӣ андар бачаҳо бештар буда, [бахши] хокӣ андар думӯягону пирон назар ба [бачагону барноён] зиёдтар ва андар пирон аз он ҳам бештар бувад.
Мизоҷи барно муътадил буда, беш аз эътидолии бача аст, лекин андар қиёс ба мизоҷи бача хушк ва андар қиёс ба пир ва думӯя гарм бувад. Мизоҷи андомҳои аслии пир назар ба барно ва думӯя хушктар ва тарии бегонаи тарифизои ӯ назар ба эшон бештар аст.
Аммо ихтилофи мизоҷҳои ҷинсҳо бошад, [чунин аст]:
Ба ростӣ, мизоҷи занҳо сардтар аз мардон буда, бинобар ин андар офариниш ба нарӣ нарасидаанд ва низ бештар тар бувад. Фазлаҳои занон ба сабаби сардии мизоҷ бисёранд ва гавҳари гӯштҳои эшон ба иллати кам риёзат кашидан пӯк аст. Ҳарчанд гӯшти мард аз ҷиҳати таркиб ёфтанаш аз чизи ҳамроҳаш омехта пӯктар аст, вале ба сабаби фишурдагии хеш назар ба он рагҳову торҳои асабҳое, ки аз миёни он бигузаранд, сардтар бувад.
Мизоҷи мардумони шаҳрҳои шимолӣ ва пешавароне, ки пешаашон ба об алоқамандӣ дорад, бештар тар аст. Мизоҷи касони мухолифи эшон баръакс бувад. Нишонаҳои мизоҷҳоро бошад, ҳангоме ёд хоҳем кард, ки андар баёни нишонаҳои ҳамагонию ҷузъӣ сухан ронем.

таълими чаҳорум андар баёни хилтҳо,
ки иборат аз ду фасл аст
Фасли нахустин
андар баёни моҳияти хилт
ва бахшҳои он

Хилт ҷисми тари равон буда, ғизо нахуст бад-он бигардад. Бархе аз хилт сутуда аст ва он хилтест дорои чунин хосият, ки ё ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи ғайраш ҷузъе аз гавҳари ғизогиранда гардида, ё ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи ғайраш ҳамранги он шавад. Ба таври умум, ҷои чизеро бигирад, ки аз [тан] ба таҳлил харҷ шудааст.
Бархе дигар аз он фазла ва хилти бад аст ва он хилте бувад, ки дорои хосияти ёдшуда нест ва ё ба нудрат хилти сутуда бигардад. Ҳаққи вай ин аст, ки пеш аз баргаштан аз тан берун карда, афшонда шавад.
Мо низ гӯем: Бархе аз тариҳои тан аввалӣ ва бархе дуввумианд. Аввалиҳо хилтҳои чаҳоргонаеанд, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард ва дуввумиҳо бар ду бахшанд: ё фазлаҳо [12] ва ё ғайри фазлаҳо. Андар хусуси фазлаҳо гуфтугӯ хоҳем кард ва аммо онҳое, ки фазла нестанд, тариҳоеанд, ки аз ҳолати аввалӣ дигаргун гашта, андар андомҳо нуфуз кардаанд, вале ба таври пурра билфеъл ҷузъи ягон андоми содае нагардидаанд. Онҳо бар чаҳор синфанд: Якуми онҳо тариест, ки танҳо андар ковокиҳои охирҳои рагҳои хурд ҷой дорад ва ин рагҳо ҳамҷавори андомҳои аслӣ буда, онҳоро [бо хун] таъмин кунанд. Дуввум тариест, ки андар андомҳои аслӣ чун резаи борон пош хӯрдааст ва омодаи он

аст, ки ҳар гоҳ тан беғизо бимонад, ғизо бигардад ва ҳар гоҳ андомҳо ба сабаби ҳаракати сахт ва ё ғайри он хушк шаванд, онҳоро тар намояд. Севвум тарие, ки ба қарибӣ сахт шудааст ва он ғизое бошад, ки аз роҳи омезишу монандшавӣ ба гавҳари андом табдил ёфтааст, вале аз тариқи қивомёбии пурра ҳанӯз [ба он] табдил нашуда бошад. Чаҳорум тарие, ки аз оғози нашъу намо андар таркиби андомҳои аслӣ ҷой дошта, ҷузъҳои онҳо бо ёрии вай ба якдигар пайваста буванд. Сарчашмаи ин [тарӣ] нутфа ва сарчашмаи нутфа хилтҳост.
Инчунин гӯем, ки тариҳои хилтии сутудаву фазлавӣ андар чаҳор ҷинс гирд омадаанд: ҷинси хун, ки беҳтарини онҳост; ҷинси балғам; ҷинси сафро; ва ҷинси савдо.
Хун андар табъ гарми тар аст ва он аз ду синф иборат аст:
табиӣ ва ғайритабиӣ. Хуни табиӣ сурхранг буда, бадбӯй нест ва ниҳоят ширин аст. Хуни ғайритабиӣ ду бахш аст.
Як бахш хунест, ки аз мизоҷи дуруст баргашта, тағйир ёфтааст [ва ин] на ба сабаби чизест, ки бо вай омехтааст, балки ба сабаби он аст, ки мизоҷи вай худ ба худ бад шуда, масалан, сард ва ё гарм шуда бошад. Бахши дигар хунест, ки бинобар ҳосил шудани хилти бад андар вай тағйир ёфтааст. Ин бар ду қисм аст: хилт ё аз берун ба вай ворид шуда, андар вай нуфуз кардааст ва вайро табаҳ сохтааст; ва ё ин ки хилт андар худи вай зоида шудааст. Масалан, ба ин тариқ ки бархе аз он бӯй гирифта, бахши тунук ба сафро ва бахши ситабр ба талхаи сиёҳ табдил ёфта, ё ҳар ду ва ё яке [аз инҳо] андар вай боқӣ мондааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ