Қонуни тиб

Феълҳо ва хосиятҳо: Қувваи он ва қувваи гули он кушоянда, гӯштрӯёнанда ва андаке гандагиоваранда буда, гӯшти гандидаро аз ғайри газидан бигудозад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар аз он бо сақизи хинҷак ва зифт зимод кунанд, ҷароҳатҳоро ҳал кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Решҳои душвор, палид, бузург ва амиқро судманд бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Истеъмоли он бо орди ҷав бар ниқрис судманд аст. Агар дасту пои [бемор]-ро андар оби ҷӯшонидаи он бигиранд, нофеъ бувад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Агар бо ангубин онро билесанд, решҳои шушро суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо оҳак ва сирко бар испурч тило кунанд, судманд бошад.
61. (263) АТЮТ – АТЮТ
Semen Аrесае (Аrеса catechu L.) [Моҳият: Қуввати он чун қуввати бузайдон аст]1.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи аввал тар аст.
Хосиятҳо: Зудоянда бувад.
Оростагӣ: Баҳакро сахт бизудояд.
62. АРНАБ БАҲРӢ – «ХАРГӮШИ ДАРЁӢ»
Aplysia depilans L.
Моҳият: Ин ҷонвари садафӣ буда, сурхчатоб аст ва андар миёни ҷузвҳояш чизҳое бошанд, ки барги ушнонро монанд.
Оростагӣ: Хуни «харгӯши дарёӣ» гарм буда, доғи кунҷида ва баҳакро пок кунад. Сари сӯхтаи он ҳангоми «бемории рӯбоҳ» мӯйро бирӯёнад ва хусусан агар ҳангоми «бемории мор» бо равғани хирс ба кор баранд, сахт [суд дорад]. Агар онро ҳамон тавре ки ҳаст, зимод кунанд, мӯйро бирезонад.
Андомҳои чашм: Ба тариқи зимод ва сурма ба кор бурдани он чашмро бизудояд.
Заҳрҳо: Он андар шумори доруҳои заҳрист ва бо реш кардани шуш [одамро] бикушад.
63. АҚСУН1 – АҚАНСИЮН, ЛАТТАХОР
Onopordon acanthium L.
Моҳият: Ин доруи кирмонӣ ва форсист2.
Табъ: Гарми латиф бувад.
64. АНОҒОЛИС – СОБУНАК, ҒОСУЛ
Anagallis arvensis L.
Моҳият: Ин ду намуд аст: якеро гул зард ва дигариро осмонгунист.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҳар ду намуд ҷароҳатҳоро дуруст кунад, омосидани онҳоро боз дорад, пайкон ва ғайраро берун кашад ва решҳоро паҳн шудан нагузорад.
Андомҳои сар: Ғар-ғара кардан бо оби он ва ё ба бинӣ афкандани он балғами бисёре аз сар берун орад ва дарди дандони курсиеро, ки андар он тараф бошад, фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Агар онро бо шароб биошоманд, дарди гурдаро нофеъ бошад. Гурӯҳе тасдиқ кунанд, ки аноғолиси гулаш кабуди моил ба хокиранг мақъади баро
яндаро мустаҳкам бикунад ва аноғолиси гулаш сурх баромадагиро афзоиш диҳад.
Заҳрҳо: Агар бо шароб ошомида шавад, газидагии афъиро судманд бувад.
65. АБРАҚ1 – АБРАҚ, ШАФНИНИ БАҲРӢ
Trigon pastinaca
Моҳият: Ин доруи форсист.
Андомҳои сар: Барои ҳофиза ва ақл хуб аст.
66. УСАБИД – УСАПЕД
Nymphaea TOURN.
Моҳият: Навъе аз нилуфари ҳиндист.
Табъ: Ибни Мосарҷувайҳ гӯяд, ки он гарми хушк аст.
67. АРИДБАРИД1 – ОРЕДБАРЕД
Gladiolus communis L.
Моҳият: Ин доруест чун пиёзи шикофта.
Андомҳои ронанда: Аз бавосир судманд аст.
68. [УВОҚИНСУС]1 – СУНБУЛ
Hyacinthus orientalis L.
Моҳият: [Увоқинсуси] ҳадақӣ2 чизест, ки ҳадақаро монад.
Табь: Ҷолинус гӯяд, ки он андар дараҷаи дуввум сард ва андар дараҷаи якум хушкифизост. Самари он андар дараҷаи якум гарми гиранда ва андар дараҷаи дуввум хушккунанда бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Зиҳори бачагонро то муддате аз муй баровардан нигоҳ дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Самари он аз ярақон судманд аст.
69. АНДРУСОРУН1 – ИДУСОРУН
Securigera сoronilla DС.
Моҳият: Ин доруест, ки «табар»-аш хонанд, аз баҳри он ки вай чун табар ду дами тез дорад.
Табъ: Табиати он гарм буда, дорои мазаи талхӣ ва тундист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Суддаҳои андомҳои андаруниро бикушояд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дардҳои пайвандгоҳҳо суд бахшад.
70. АСОБИЪ ҲУРМУС – «АНГУШТОНИ ҲУРМУС»
Colchicum autumnale L.
Моҳият: Ин шукуфаи суринҷон аст1 ва қувваташ чун қуввати суринҷон бувад.
71. ATMOT – ATMOT
Fructus Caesalpiniae bonducellae Roxb.
Моҳият: Ин доруи ҳиндӣ буда, андар қувват мисли бузайдон аст ва бояд эҳтиёт шуд, ки то ба ҷои он атют гирифта нашавад.
Табъ: Гарми тар аст.
Андомҳои ронанда: Боҳро биафзояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё