Қонуни тиб

Табъ: Абрешим андар дараҷаи якум гарм ва андар ҳамин дараҷа хушк аст.
Ихтиёр: Беҳтарини абрешим хоми он аст. Гоҳе пухтаи онро агар ранг накарда бошанд, ба кор бибаранд.
Резакардаи он беҳтар аз сӯхтааш бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Абрешим ба миёнҷии хосияти хеш латифсозанда, хушккунандаи [рутубатҳо] ва хуррамкунанда аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Абрешим бо талхӣ ва дибоғатдиҳандагии хеш сахтии шушро суд бахшад, чунки он латифиоваранда аст ва об чидани он бегазанд ва хушкӣ оварданаш муътадил бувад. Ягон навъи абрешим [андар манфаат] махсус нест.
Андомҳои чашм: Агар аз он сурма созанд, суд бахшад, ашкравиро боз дорад ва решҳои чашмро бихушконад, зеро он барои равғанӣ кардани чашм муносиб аст ва ба сабаби он ки мизоҷаш муътадил аст, ба иътидол хушкӣ оварад. Абрешим яке аз он доруҳоест, ки рӯҳ ва меъдаро барои андар ғизо тасарруф кардан қувват бахшад ва ин аз миқдори он вобаста нест.
51. (262) АКИТМАКИТ – АКИТМАКИТ
Lapis aetites
Моҳият: Ин доруи ҳиндӣ буда, чун фовониё таъсир кунад.
Андомҳои сар: Онро чун ба ҷои бархостани бухор тило кунанд, саръро боз дорад.
52. ИСФОНОХ – ИСФОНОХ, испанох Spinacia oleracea L.
Моҳият: Исфонох маъруф аст.
Табъ: Исфонох андар охири дараҷаи якум сарди тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Исфонох нармкунанда аст. Ғизои он беҳтар аз ғизои сармаҷ бувад. Ман ҳамегӯям: он дорои қувваи зудояндаи шӯянда аст ва сафроро фурӯ нишонад. Гоҳе меъда аз барги [андар шӯрбои] он буда рӯй битобад ва бинобар ин, шӯрбои онро полуда, бихӯранд.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Хӯрдан ва тило кардани он аз [дарди] гарми сина ва шуш суд дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дардҳои хунии пушт судманд аст.
Андомҳои ронанда: Исфонох шикамро нарм кунад.
-
ОЛУСУН – СУНБУЛИ ЗАРД,
ЧАШМИ БУЛБУЛ
Alyssum saxatile L.; A. alpestre Моҳият: Ин гиёҳест, ки ба сипар1 монанд аст ва бадин сабаб онро «сипарӣ» номанд.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ба иътидол хушкӣ оварад ва бизудояд.
Оростагӣ: Аз доғи кунҷида нофеъ буда, таҳлиловар аст ва ҳамаи ин [корҳо] аз он ба иътидол бувад.
Заҳрҳо: Ҷолинус гӯяд: «Он аз рӯи хосият аз газидагии саги девона суд дорад ва гурӯҳеро шифо бахшидааст. Бинобар ин, онро ба юнонӣ «олусун»2 хонанд. -
АСТИРОТИҚУС1 – АСТЕРОТИҚУС
Aster atticus Call.
Моҳият: Ин доруест, ки бо номи «ҳолибӣ»2 маъруф аст.
Табъ: Онро камтарин дараҷаи сардиоварӣ бувад ва гирандагӣ надорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: қуввати он қуввати ҳалкунандаи бо сардифизоӣ бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Астеротиқус ба тариқи зимод ва ё овехтан аз омосҳои мезаной судманд аст. -
АРИДФАНОНӢ1 – ХИЁРИ ДАШТӢ
Ecballium elatarium Rich.
Моҳият: Ин дарахтест мисли кабар, бӯяш ниҳоят тез аст.
Навъи вазнини он дорои меваест, ки андар ғилоф бувад.
Табъ: Роҳиб гӯяд: «Вай андар табъи хеш қавитар аз ангури сагак ва кокона бувад».
Омосҳо ва табишҳо: Ба гуфтаи Роҳиб он омосҳои андаруниро судманд аст. Як ошомидании он то ду уқия бувад. Онро бар омосҳои гарми берунӣ тило кунанд ва он барои омос, ҳар ҷой ки набошад, бисёр аҷиб таъсир дорад.
Заҳрҳо: Агар онро бар газидагии эанбӯрҳо тило кунанд, зуд беҳ кунад. -
АФҚАРОСИҚУН1 – АФҚАРОСИҚУН
Lychnis coronaria (L.) Desf.
Моҳият: Ин доруи форсист ва онро «ал-мураййиҳа»2 (рӯҳбахш) ва «ал-хуррам»3 гӯянд.
Андомҳои сар: Барои ҳофиза, зеҳн ва ёд хуб аст. -
АЛАНҒАЛ1 – АЛАНҒАЛ
Trifolium fragiferum L.
Моҳият: Ин доруи дарёӣ2 буда, ба сипист монанд аст ва андар баҳор бирӯяд. Низ ба девсипист монандӣ дошта, сершоха аст ва тухмаш мисли тухми газар бувад.
Табъ: Аланғал гарм аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз бемории испурч сахт судманд аст.
Андомҳои ронанда: Аланғал пешобро битозонад. -
АБУТИЛУН1 – АБУТИЛУН, НОНФАРАК
Abutilon Theophrasti Medic.
Моҳият: Ин растаниест, ки ба каду монанд аст. Аҳли
Хузистон гӯянд, ки он бо ҳамин ном маъруф аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гӯянд, ки он беҳтарин дору барои решҳои нав аст ва ба муҷарради ниҳодан бар решҳо онҳоро зуд фароҳам оварда, гӯшт пур кунонад. -
АЛОЛИСФОҚУН1 – «ЗАБОНИ ГАВАЗН»,
МАРМАРАК, марямгул
Salvia officnalis L.
Моҳият: Гумон меравад, ки ин гавазнгиёҳ2 бошад.
Андомҳои ронанда: Гурдаҳоро сахт пок кунад.
Заҳрҳо: Ин аз газидагии саги девона сахт судманд аст. -
АССИЮС1 – САНГИ АССИЮСӢ
Моҳият: Ин сангест, ки бар рӯи он намак ҳосил шавад ва он [намак]-ро «гули ассиюс» хонанд. Чунин ба назар мерасад, ки падид омадани [шукуфа] аз шабнамҳои дарёист, ки бар он биафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё