Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

«Ал-Қонун» аз як табақабандии бисёр матини мантиқӣ бархурдор аст ва равиши баёни фикр дар он чунон аст, ки аз ҳукмҳои назарии куллию мавҳум тадриҷан ба ҳукмҳои ҳарчӣ бештар ҷузъиву мушаххас рӯ меоварад. Тавассути «ал-Қонун»-и Ибни Сино, ба қавли Забеҳуллоҳ Сафо, «нахустин бор ба эҷоди назми мантиқӣ дар масоили тиббӣ мубодарат кард ва ҷанбаи илмии ин фанро бар ҷанбаи амалӣ раҷҳон бахшид».
Таркиби асар аз панҷ китоб иборат буда, ҳар яке дар навбати худ ба фан, фан ба ҷумла, ҷумла ба мақола ва мақола ба фаслҳо тақсим мешаванд.
Китоби якум андар умури куллии пизишкист, ки он бахши назарии тиб, таърифи илми тиб, мавзӯъҳои он, ташреҳи умумии тан, таърифу таснифи бемориҳо ва сабабҳои онҳо, қонуну дастурҳои умумии нигаҳдории тандурустӣ аз қабили парвариши кӯдак, варзиши тан ва ғайра ва тадбирҳои умумии муолаҷа аз қабили қай, исҳол, раг задан ва ғайраро дарбар мегирад. Ин китоб бо номи «Куллиёт»
ва ё «Куллиёти ал-Қонун» маъруф аст.
Китоби дуввум андар баёни доруҳои сода (фармакогнозия) буда, аз ду бахш иборат аст. Дар бахши якум Ибни Сино назарияи умумии дорушиносӣ, қоидаву дастурҳои интихоби маводди доругӣ, чӣ гуна ҷамъоварӣ ва захира кардани онҳоро овардааст. Сипас, дар бахши дуввум беш аз 800 намуди маводди доруии наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданиро ба тартиби абҷадӣ, на алифбоӣ, зикр кардааст ва дар зимни лавҳаҳои муайян оид ба ҳар яке аз онҳо аз ҷиҳати ҳувийят, хосият, фоиданокию зарарнокӣ маълумот додааст. Ба тартиби абҷадӣ овардани маводди доруӣ эҳтимол дар он замон хеле маъмул ва ҳатто дастрас ҳам будааст, зеро ин маводди доруӣ дар сарчашмаҳои юнонӣ низ ба ҳамин тартиб омадаанд ва тартиби абҷадӣ аз ин ҷиҳат то андозае мутобиқи алифбои юнонист.
Китоби севвум андар баёни бемориҳои ҷузъиест, ки дар ҳар як андоми инсон аз сар то пой рӯй медиҳанд. Ин китоб бузургтарин бахши «ал-Қонун» буда, қариб ними ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад ва тамоми бемориҳои ҷузъии инсон ва тариқаи муолаҷаи онҳоро дар бар мегирад. Дар он нахуст ташреҳи муфассали ҳар як андом, сипас анвои бемориҳои он ва баъд аз он роҳҳои муолаҷа, тадбирҳои дармонӣ ва доруҳои хосси он оварда мешаванд. Ибни Сино бемориҳоро дар ин китоб аз рӯи қоидаи маҳалли ҷойгиршавии онҳо овардааст ва аз қоидаи имрӯзаи тақсими бемориҳо, ки дар он асосан сабаб ва зуҳуроти беморӣ ба назар гирифта мешавад, фарқ дорад. Масалан, дар «ал-Қонун» дар қисми бемориҳои сар ҳамаи бемориҳое ҷой дода шудаанд, ки дар ин минтақа рӯй медиҳанд ва дар миёни онҳо бемориҳои хосси мағзу асаб, бемориҳои равонӣ, пӯст, устухон, хунӣ, эндокринӣ, тамоми бемориҳои гӯшу чашм ва гулӯву даҳон низ ёфт мешаванд.
Сабаби чунин тақсимот ва бемориҳои тамоман гуногунро дар зери як боб овардан аз он аст, ки тибби қадимӣ ва дигар соҳаҳои ба он тобеъ хуб тараққӣ накарда буд ва ҷисми инсонро асосан дар муставои андом ва хилтҳо (моддаҳои чоргона – хун, балғам, сафро ва савдо) мешинохтанд. Бино

бар он, таснифи бемориҳо аз рӯи сабаб ва зуҳуроти онҳо номумкин буд ва табибон асосан ба нишонаҳои зоҳирӣ ва маҳалли ҷойгиршаваии он диққат медоданд. Аз тарафи дигар, тақсимоти бемориҳо аз рӯи маҳалли бурузи онҳо барои пизишкони пешин мувофиқтар буд ва эшон ба тақсимоти физиологию морфологӣ эҳтиёҷ надоштанд, зеро тиб хусусияти энсиклопедӣ дошта, ҳар як табиб мутахассиси тамоми соҳаҳои он буд (ба истиснои каҳҳолию шикастабандӣ) ва овардани бемориҳои гуногун дар як боб барои ӯ муҷиби ягон заҳмат намешуд.
Китоби чаҳорум андар баёни бемориҳоест, ки агар рӯй диҳанд, хосси ягон андом нестанд ва низ андар баёни оростагӣ мебошад. Дар ин китоб тамоми бемориҳо, иллатҳо ва осебҳое, ки ба тамоми тан умумият доранд ва роҳҳои муолаҷаи онҳо баён ёфтааст, аз қабили табҳо, омосҳову табишҳо (ҷӯшишҳо), осебҳои тасодуфие, ки муҷиби баромадани андомҳо, шикастани устухонҳо ва рӯй додани ҷароҳатҳо мегарданд ва заҳролуд шудани ҷисм аз заҳрҳои ҳайвонӣ, наботӣ ва маъданӣ. Дар охир дар бахши оростагӣ (косметика) бемориҳову осебҳо ва қубҳу нуқсонҳои ҷисмие баён ёфтаанд, ки агарчи чандон пурзаҳмат нестанд, вале ба ҳусни зоҳирии тан халал мерасонанд ва тариқаи муолаҷа ва чигунагии бартараф кардани онҳо нишон дода шудааст.
Китоби панҷум андар баёни доруҳои мураккаб аст, ки одатан ин бахши тибро «қарободин» меноманд ва бинобар он, ин китоб бо номи «Қарободини ал-Қонун» низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се қисм иборат аст.
Дар қисми якум назарияи умумӣ оид ба доруҳои мураккаб, дар қисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъӣ ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санҷидашуда аз рӯи тақсимоти вазоифӣ, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд.
Номи комили «ал-Қонун» «ал-Қонун фӣ-т-тиб» (Қонун дар тиб) аст, вале чӣ гуна ба ин ном маъруф шудааст, маълум нест ва дар муқаддима худи муаллиф дар ин бора чизе намегӯяд. Мо дар зимни китобҳои севвум ва чаҳорум дар чанд ҷой ба ибораи «[китоби] қонун» ва ё «[китоби] қонунҳо» дучор шудем, ки муроди Ибни Сино аз он китоби якуми «ал-Қонун» аст ва дар мавридҳои ёдшуда бад-он ишора шудааст. Дар ин асос метавон гуфт, ки дар ибтидо ин ном хосси китоби якум буда, минбаъд тадриҷан аз тариқи зикри ҷузъу иродаи кулл ба тамоми китоб мансуб шудааст. Мантиқан ҳам бояд ҳамин тавр бошад, зеро маҳз китоби якум аст, ки қонунҳои умумитарини илми тибро дар бар мегирад ва илова ба он, дар тамоми сайри таърихии «ал-Қонун» асосан ҳамин китоб мавзӯи шарҳу тафсир ва баҳсу муҷодалаи доманадори донишмандони Шарқу Ғарб қарор гирифтааст.
«Ал-Қонун» дар Шарқ ҳанӯз аз бози таълиф шудан шуҳрат пайдо карда, мавриди писанди алоқамандон қарор гирифт ва рафта-рафта тамоми китобҳои пеш аз худ дар ин ришта таълифшуда ва хусусан «ал-Ҳовӣ»-и Закариёи Розӣ (865–925) ва «Комилу-с-синоат»-и Абулҳасани Маҷусиро (ваф. 1010) таҳти шуъо қарор дод. Нахустин омӯзгори ин китоб худи муаллиф буда, ба ривояти Абуубйди Ҷузҷонӣ, ӯ ҳангоми дар Исфаҳон будан ҳар бегоҳӣ, баъд аз фароғат аз корҳои маъмурӣ ва воҷиботи рӯзона, дар ҳалқаи шогирдону мухлисон аз «ал-Қонун» дарс мегуфтааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ