Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа
ПЕШГУФТОРИ МУТАРҶИМ
Андар ситоиши таҳамтани размгоҳи марг «Ҳастӣ барои фоида расондан ба дигарон аст, вагарна ин ҳастиро дар ботин рад мебояд кард». Ин ҳикмати болиғаро бори аввал дар таърихи башарият орифони бузурги мо ҳамчун дастури ягонаи зиндагии бошарафона барои афроди башар мавриди таблиғот қарор дода, бинои тариқати худро бар он ниҳодаанд. Ба вуҷуд омадани чунин як ақида дар миёни мардумони мо ҳодисаи тасодуфӣ ва ё хурофоти маҳз нест, балки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва аз қадимулайём ба ҳайсияти як ғаризаи қавмӣ дар хуну пӯст ва гӯшту устухони ин мардум сахт нишастааст. Бисёр одамони бузург дар ҳар асру замоне бо зиндагии шахсӣ ва рафтору кирдори худ дурустии ин ақида ва дастури ҳақиқии зиндагӣ будани онро ба исбот расондаанд. Аз ҷумла, намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке аз саромадони пизишкони ҷаҳон Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Абуалӣ ибни Сино бо вуҷуди аз модар бағоят солим зода шудан, таъмин будан аз тамоми васоили зиндагӣ, дорои мақоми баланд будан дар ҷомеа ва табиби ҳозиқ будан, дар айни камолоти умр ва авҷи ҷавонмардӣ дар синни 57-солагӣ ба сабаби бемории қулинҷ аз дунё чашм пӯшид.
Марги бемаҳали ӯ боиси шодию хурсандии бисёр душманон гардид ва касоне ҳам ёфт шуданд, ки бо истеҳзо мегуфтанд: табиби номдорро бинед, ки ҳатто дарди худро дармон карда натавонист, на «Шифо»-яш шифо бахшиду на «Наҷот»-аш ӯро аз марг наҷот дод. Дӯстон ва шогирдони Шайх бошанд, марги ӯро тасодуфӣ маънидод карда, сабаби онро ҳамчун хатои табиби муолиҷакунанда ва ё хиёнати ходимон ба қалам додаанд. Аз рӯи ақидаи яке аз донишмандони ҳозиразамон, шарқшиноси фаронсавӣ Ҳенрӣ Массе бемории Ибни Сино ба таври дақиқ қулинҷи вабоӣ буда, дар аснои мусофирати охири ӯ (ҳамроҳи Алоуддавла) бар асари бо ҳавои вабоӣ дучор омаданаш ба амал омадааст.
Агар ба таҳқиқ нигарем, марги Ибни Сино як амри ногузир буд, на ҳодисаи тасодуфӣ ва ё иҳмоли назароти тиббии ӯ.
Аз сарнавишти Ибни Сино маълум аст, ки ӯ зуд-зуд ҳадафи зиддиятҳои замона қарор гирифта, пайваста ҳолатҳои сахти изтиробро аз сар мегузаронд. Таъсири нейрогуморалии ин ҳолатҳои вазнин, агарчи ҳамаи танро баробар фаро гирад ҳам, вале танҳо дар нуқтаи аз ҳама нотавонтару иллатпазири он метавонад оқибатҳои бад гузошта, муҷиби беморӣ шавад. Аз мушоҳадаҳои зинда ва қонунҳои табиӣ моро мусаллам аст, ки муддати дароз бар як ҳайъат будан боиси хастагии тан ва иллатпазирии он мавзее аз тан мегардад, ки маҳалли такягоҳ қарор гирифтааст. Ибни Сино бошад, қариб тамоми умр ба омӯхтану таҳқиқи илм ва навиштану таълиф машғул буд ва ҳар қадар, ки тавонист ва ҳар гоҳ тасарруфоти рӯзгорро ғофил ёфт, ҳарчӣ бештар умри худро дар ин роҳ сарф кард. Ӯ дар баъзе ҳолатҳо дар ян шабонарӯз то 18-20 соат машғули кор шуда, дар паси миз бар тарзи шарқӣ менишаст. Яъне дар тамоми ин муддати фаъолияти илмӣ, хусусан ҳангоми навиштан, иттиҷоҳи вазни бахши барсӯвини тани ӯ ба сӯи мавзее равона буд, ки маҳалли рӯй додани қулинҷ ва дигар бемориҳои шабеҳи он аст ва ин мавзеъ пайваста таҳти фишор қарор дошт. Табиист, ки ҳолатҳои изтироби ёдшуда ва таъсироти невроҳумории онҳо танҳо дар ин мавзеъ аз ҷисми Ибни Сино тавонистанд рахна ба ҳисори тандурустии тани ӯ оваранд. Бинобар ин, иттифоқи ду сабаб дар як мавзеъ боиси ба бемории қулинҷ гирифтор шудани ӯ гардид.
Пас марги бемаҳали Ибни Сино натиҷаи кӯшишҳои бебокона ва адами осудагист. Ӯ як нафар муҷоҳиде буд, ҷону тани худро дар роҳи кушодани муаммоҳои умумибашарӣ қурбон кард. Дар ҳақиқат, Ибни Сино «барои фоида расондан ба дигарон», барои бо қонуни худ наҷот додани ҳаёти дар хатарбудаи миллионҳо одамони рӯи Замин ҳаёти шахсии худро «дар ботин нафй кард».
Ибни Сино қурбони марг шуда бошад ҳам, вале таслими он нашуд. Ӯ ба дасти зиндаҳо китоберо супорид, ки то имрӯз табибон тавассути он дар ҳама ҷо аз марг доди Синоро ҳамеситонанд. Номи ин китоб «ал-Қонун» аст.
«Ал-Қонун» – китоби беҳамто Дар таърихи тамддуни башарӣ камтар китобе ёфт мешавад, ки мисли «ал-Қонун» дар имтидоди 1000 сол ҷумлаи оламиёнро сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ холисона ва яксон хидмат карда бошад.
Ибни Сино ҳанӯз ҳангоми дар Гургон буданаш (соли 1012) ба хоҳиши яке аз дӯстони бисёр наздикаш, ки ба қавли худи ӯ, дархости ӯро рад кардан номумкин будааст, ба таълифи китоби «ал-Қонун» мепардозад ва дар он ҷо китоби аввали онро ба анҷом мерасонад. Сипас, ин корро дар Рай ва Ҳамадон давом дода, тақрибан соли 1024 аз таълифи комили он фориғ мешавад.
Ғарази Ибни Сино аз таълифи ин китоб, чунонки худи ӯ дар муқаддима ёдовар мешавад, ин будааст, ки муҳимтарин қонуну қоида ва асосҳои умумию ҷузъии илми тибро ба қадре, ки донистани он барои ҳар як пизишки мутавассит ногузир аст, ба таври бисёр мӯҷаз дар як китоби мухтасар гирд оварад. Аммо баёни батафсили илми тиб ва ҳамаи он ҷиҳатҳоеро, ки берун аз ҳадди қонунҳои куллию ҷузъист, ба вақти дигар ҳавола карда, мегӯяд: «Агар Худой Таоло аҷалро ба таъхир андозад ва сарнавишт ёварӣ кунад, бори дигар ба ин кор камар хоҳам баст». Вале сарнавишт ба ӯ ёварӣ накард, ки тамоми донишу таҷрибаҳои тиббии худро ба таври муфассал ҷамъбаст карда, ба шакли китоб дароварад ва ҳамин мухтасаре, ки бо номи «ал-Қонун» ба мерос гузошт, тобу таҳаммули чандин насл аз ояндагонро рабуда, бар қобилияти пазирандагии онҳо фоиз омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё