Қонуни тиб

Сифати қурсҳои афъӣ
Ба ҳангоми рафтани баҳору омадани тобистон морҳои афъиро шикор кунанд ва агар баҳор зимистонӣ бошад, ин корро то ба фаро расидани рӯзҳои нахустини тобистон пас бигузоранд. Афъиҳо морҳоеанд, ки сари онҳо ҳамвор ва хусусан ба наздики гардан паҳн гардида, гарданашон сахт борик ва думашон бурида аст. [Онҳо аз даҳон] овоз бароранд [ва ҳангоми хазидан аз пӯсташон] садои хашхаш ояд. Аз барои ин қурсҳо на ҳар гуна мори афъӣ, балки афъии малларанг ва он ҳам модаи он созгор аст.
Нишонаҳои онҳо чунинанд, ки наринаи онро андар ҳар як бахши манаҳ як дандонии неш ва модинаи онро беш аз як дандонии неш бувад. Бояд аз афъии шохдор, афъии песа ва афъии холҳои сиёҳу сафеддори моил ба сафедӣ дурӣ ҷуст. Набояд онҳоро аз шӯразаминҳо, канори сойҳо, рӯдхонаҳо ва дарёҳо шикор кунанд ва инчунин на аз дарахтзорҳо [шикор бояд кард], зеро андар он ҷойҳо афъии булутии палид ва ташнагиоваранда маъво доранд. Баръакс, онҳоро аз ҷойҳои беоб шикор кунанд. Низ, на сустҳаракати онро шикор кунанд, балки онеро ихтиёр кунанд, ки тезҳаракат ва сарашро рост доранда бошад.
Баробари шикор кардан, ҳар қадар ки битавонӣ, бе таъхир (314) аз сӯи сари он чаҳор ангушт ва аз сӯи думу паси он низ ҳамин қадар бибур. Ҳар гоҳ аз он хуни бисёр биравад ва андар ин ҳол ҳаракати бисёр кунад ва дер бимирад, ин баргузида бувад, вале агар камхуну камҳаракат ва зуд миранда бошад, ин бад аст.
Дигар аз нишонаҳояш ин аст, ки бояд ҳаракаташ тез, нигоҳаш боҷуръату боиқдомона ва баромадгоҳи бирозаш аз охири думаш бошад.
Ҳар гоҳ афъӣ бимирад, андомҳои дарунӣ ва хусусан заҳраашро берун андоз, бо обу намак хуб бо ҳавсала бишуй, сипас онро андар обу намак ба ҳадде биҷӯшон, ки нек пухта, гӯшташ ба осонӣ аз устухон ҷудо шавад ва агар андар ин об шибит биафкананд, бад нест. Баъд, гӯштро аз устухон ҷудо карда, андар ҳован кунанд ва кӯфта нарм созанд. Каси иҷрокунандаи ин корро маслиҳат он аст, ки равғани баласон бар бинӣ бикашад ва бар сари ангуштҳо [низ] бимолад. Ҳар гоҳ гӯштро кӯфтанд, [4] ба ҳасби нусхаҳои гуногун бо он нони кок биомезанд ва ба нусхаи Андрумохус бартарӣ надиҳанд. Сипас аз он қурсҳои тунуки латиф бисоз, андар соя бихушкон ва захира кун. Ба ҳеҷ ваҷҳ на пеш аз хушконидан ва на баъд аз он набояд бад-онҳо офтоб бирасад, зеро қувваи хосси гӯшти афъиро, ки он бо заҳрҳои ҷонварон ва заҳрҳои ошомиданӣ кӯшост, офтоб бигирад.
Сифати қурсҳои пиёзи унсул
Аз пиёзи унсули тар ҳар чи гаронмоятар ва на чандон
бузурги онро ихтиёр кунанд. Онро на гил, балки хамир
андуда андар дег, ё андар танӯри тафсонида ва аз хокистар пок карда ва ё бар тобаи нонпазӣ то ба ҳадди пухтан
бирён кунанд. Ҳар гоҳ аз он ҷой [пиёзро] берун оваранд,
дилаи нарми онро гирифта, нарм бикӯбанд ва бо он
орди тозаи говдона биомезанд. Андрумохус бо як бахш
пиёз ду бахш аз ин орд, вале дигарон ба қадри баробар
меомехтанд. Ҳар гоҳ унсулро бо орди говдона биомехтӣ, аз онҳо қурсҳои тунук бисоз ва ҳангоми қурссозӣ ба дастат равғани гул бимол. Сипас онҳоро мисли қурсҳои афъӣ хушконида, захира кун.
Нусхаи қурсҳои андрухурун
Аз пӯсти бехи доршишиғон шаш мисқол, аз наи бӯё, қуст, шохаҳои баласон, асорун, му, ҳамомо, мастако, амороқун, ки он бобунаи говчашми сафед аст ва фу шаш мисқолӣ, аз шукуфаи гӯргиё бист мисқол, аз рованд, салиха ва дорчинӣ бист мисқолӣ, аз мурр бисту чаҳор мисқол, аз сунбули ҳиндӣ шонздаҳ мисқол, ҳамин қадар сода ва аз заъфарон дувоздаҳ мисқол гирифта, ҳар кадомро ҷудо-ҷудо кӯфта, бибезанд, бо шароби райҳонии куҳани моил ба ширинӣ сиришта, қурсҳо созанд, андар соя хушк кунанд ва чун нигоҳ доштани қурсҳои афъӣ онҳоро нигоҳ доранд.
Як нусхаи дигаре аз ҳамин қурс: аз чӯби доршишиғон, наи бӯё, қуст, асорун, шохаҳои баласон, ҳамомо, му, киё, фу ва бобунаи говчашм ҳаждаҳ мисқолӣ, аз заъфарон, сунбули ҳиндӣ ва сода дувоздаҳ мисқолӣ ва аз мурр бисту чаҳор мисқол гирифта, ҳамаро бикӯбанд ва мисли нусхае, ки пеш аз ин ёд кардем, аз онҳо қурсҳо бисозанд.
Як нусхаи дигар аз ҳамин қурс: аз асфолотус,6 ки он доршишиғон бошад, шаш мисқол, аз шукуфаи гӯргиё дувоздаҳ мисқол, аз наи бӯё шаш мисқол, аз фу шаш мисқол, аз асорун шаш мисқол, аз шохаҳои баласон шаш мисқол, аз дорчинӣ бисту чаҳор мисқол, аз ҳамомо бисту чаҳор мисқол, аз салиха шаш мисқол, аз амороқун, яъне бобунаи говчашми сафед бист мисқол, аз сунбули ҳиндӣ шонздаҳ мисқол, аз гесугуна шаш мисқол, аз мурр бисту чаҳор мисқол, аз мастако шаш мисқол ва аз заъфарон дувоздаҳ мисқол гирифта, ин доруҳоро баъди совидану бехтан бо шароби соф сиришта кунанд ва ҳамчуноне қурс сохта нигоҳ доранд, ки мо ёд кардем.
(315) Масрудитус
Масрудитус маъҷунест, ки онро Масрудитуси бузург7 сохта ва ба номи худ ном ниҳодааст. Ӯ инро аз доруҳои барои заҳрҳо ва хусусан барои дигар бемориҳо санҷидашуда фароҳам овардааст, то он ҳам барои заҳрҳои гуногун ва ҳам барои бемориҳои гуногун судбахш бошад.
Масрудитус андар он замон тарёк ба шумор мерафт ва сипас чун Андрумохус аз судмандии гӯшти морҳо ва ғайра огоҳӣ ёфт, андар он қурсҳои афъӣ биафзуд, [таркиби] онро камо зиёд андаке дигаргун сохт ва бо ҳамин тарёки бузург ба амал омад. Тарёки бузург бо як чиз, яъне бо заҳри мор, беш аз ин дору судбахштар аст, вале аз дигар ҷиҳатҳо масрудитус аз тарёки бузург чандон камоии ба назар намоёне надорад, балки аз бисёр ҷиҳатҳо ҳатто фоидааш бештар ва натиҷааш некфарҷомтар бувад. Мо андар баршумурдани ин манфаатҳо ба дарозо сухан намегӯем, зеро инҳо ҳамонҳоеанд, ки аз барои тарёк ёд шуданд. Як ошомидании ин андаке бештар [аз тарёк] бувад.
Як нусхаи он, ки аз барои умум бувад: аз заъфарон, мурр, ғориқун, занҷабил, дорчинӣ ва касиро даҳ дирамӣ, аз сунбул, кундур, солосфис, ки он сипандони бобулӣ аст, гӯргиё, шохаҳои баласон, устухудус, сисолиюс, қуст, камофитус, борзад, беност,8 [ки он сақизи хинҷак бувад],9 дорфилфил, афшураи «риши буз», гунди бедастар, молобасрун,10 [ки он содаи ҳиндӣ бошад],11 майъа ва говшир ҳашт дирамӣ, аз салиха, мурчи сафед, мурчи сиёҳ, суринҷон, гесугуна, сақурдиюн, тухми газари даштӣ, шоҳафсар, ҷентиёно, равғани баласон, донаи баласон, қурсҳои қуфиюн ва муқл ҳафт дирамӣ, аз судоб ду дирам, аз уша, сунбули румӣ, мастако, самғӣ [арабӣ], карафси кӯҳӣ, қардамоно ва тухми бодиён панҷ дирамӣ, аз анисун, ваҷ, му, сакбина ва асорун се дирамӣ, аз афюн, гули сурх ва диқтомонун панҷ дирамӣ, аз фу, ақоқиё, нофи сақанқур ва тухми ҳиюфориқун чаҳору ним дирамӣ ва аз шароби райҳонии куҳан ва ангубини кафк баргирифта ба миқдори кифоят гирифта, ҳар чи эҳтиёҷ ба тар кардан дорад, андар шароб тар кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор