Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гурӯҳе аз мардумон гуфтаанд: «Яке аз тадбирҳое, ки аз падид омадани парюн суд бахшида, нав падидомадаи онро беҳ кунад, ин аст, ки ба бемор як дирам локи мисли сабр шустаро бо се уқия матбухи райҳонӣ бидиҳанд». Ҳар гоҳ парюн паҳн гардида, афзоиш ёбад, илоҷи он чун илоҷи ҷузом бувад.
Фасли ҳафтум андар баёни василаҳои аз берун гузоштании муолаҷаи парюн

Аз барои намуди нав падидомада ва намуди миёнаҳоли он аз доруҳои сода инҳо [доруанд]: дилаи турунҷ, ки аз барои намуди қавӣ ҳам доруст; самғи арабӣ бо сирко; самғи бодом; самғи олу бо сирко; ангубини лабанӣ бо сирко; хардал бо сирко, ки ба ғоят хуб аст; оби гӯгирдӣ; оби шӯр; кафки дарё; сирешуми пӯст; оби даҳони каси рӯзадор ва боқимондаи таоми миёни дандонҳои ӯ; тухми харбуза; бехи нармода, ки он асрош279 бошад; равғани бодоми талх, ки хуб бувад; барги кабар бо сирко; сангисбӯя, ки он ба хосият аз барои ҳама гуна парюн судманд аст; ақоқиё ва муғос; равғани гандум, ки аз барои парюни ба ҳама гуна тан, чи нотавон ва чи қавӣ оризшаванда созгор аст; зардчӯба. Ба ҳангоми парюни нав оғозёфта бар вай пайваста оби гарм рехта, сипас бо равғани бунафша молиш диҳанд ва ин корро муддати дароз давом диҳанд.
Оби ҷав хусусан бо газмозу гоҳе аз тариқи тило кардан [парюнро] бибарад ва аз барои саъфаи тар низ суд бахшад.
Луоби аспғул, афшураи сабзи он, оби хиёри даштӣ ва самғи олу аз барои парюни кӯдакон судманданд.
[Инчунин], аз самғи бодом, сирешуми пӯст ва майъа бахшҳои баробар гирифта, бо сирко ҷамъ созанд ва тило кунанд. Ё сирешуми дуредгарон, кундур, гӯгирд ва сиркоро гирифта, бисованд ва ба кор баранд.
Намуди музмин ва бади [парюн] эҳтиёҷ ба доруҳои қавитаре дорад, ки мисолашон инҳост: афшураи дилаи турунҷ, ки онро аз тариқи ҷӯшонидан қивом дода бошанд; равғани нахӯд; равғани гуринҷ; хусусан равғани гандум; самғи280 бодоми талх; гӯгирд; саргини буз ба шакли сӯхта; кафки дарё; қатрон ва зифт, ки ҳар ду аҷибанд; инчунин пайваста тило намудани нафти сафед; саргини ҷонвароне, ки андар боби саъфа ёд шудаанд; панҷангушт; кабар; уша; харбақ; донаи бон; софсиё, хусусан агар бо равғани хардал аз он мумравған созанд; сангисбӯя; уша бо сирко; қардамоно ва кундуша; хокистари кабӯтар ва кундуша; зардчӯба; хардал; сипандон; тухми таратезак; ангубини балозур, ки ба ғоят хуб аст.
Аз доруҳои мураккаб инҳост: қардамоноро гирифта, бисованд ва бо равғани гандум ҷамъ созанд. Хокистари сирро бо ангубин ва ё гӯгирдро бо самғи хинҷак [бигиранд]. Кунҷораи донаи бон бо сирко (290) доруи сахт қавист ва барои [парюни] пӯстафкан ҳам [суд дорад].
Ё аз кундур, зог, гӯгирд ва сабр як дирамӣ ва аз самғ ду дирам гирифта, бо сирко тило кунанд. Ё ним мисқол бураи арманӣ, се дирам равғани гандум, ду дирамӣ дилаи турунҷ ва мумиёи яҳудӣ, ду дирам тухми таратезак, якуним дирам сиёҳдона, якуним дирам харбақи сиёҳ ва якуним дирам зоги сӯхтаро гирифта, аз инҳо тило созанд. Ё сангисбӯяро бигиранд ва бо сирко тило созанд. Ё зог, мурр,

кундур, замч, гӯгирд ва сабрро гирифта, бо тило маъҷун созанд ва тило кунанд. Ё даҳ [бахш] донаи бон, чаҳор бахш гӯгирди зард ва як бахш сангисбӯяро гирифта, нарм бикӯбанд ва бо сиркои хамрӣ ва равғани гул тило кунанд. Ё гӯгирд, кӯфтаи кундур ва ушаро бигиранд ва бо сирко ҳал кунанд. Ё аз саргини саг, ушнони гозурон, гӯгирди сафед, судоб, дудаи танӯр, пӯсти анор, хокистари кабӯтар, ҳар ду навъи зирних ва гӯгирди зард баробар гирифта, бо сирко ва равғани зайтун бигудозанд ва тило кунанд.
Фасли ҳаштум андар баёни табишҳои ширӣ

Гоҳе ба сабаби моддаи зардобие, ки аз бухори тан бархоста, ба сатҳи [пӯст] давидааст, табишҳои сафеде чун чакраҳои шир бар бинӣ ва рухсора падид оянд. Илоҷи ин ҳар гуна доруе бувад, ки дорои хушкиоварӣ ва ҳалкунандагист. Мисоли ин харбақи сафеде, ки ба андозаи ними он бехи савсани осмонгунӣ гирифта, аз ҳар ду доруи олуданӣ омода созанд ва [инчунин] тухми катон бо бура, анҷир ва сиёҳдона бо сирко мебошанд.
Фасли нуҳум андар баёни гар ва хориш

Моддае, ки аз он гар падид ояд, ё моддаи хунии омехта бо сафро буда, қариб ба савдо табдил ёфтааст ва ё бахше аз он савдо гардида бошад, ё моддаест, ки бо балғами шӯри буранок омехта бувад. Бахши якум гари хушк буда, моддааш хушки моил ба ситабрист ва бахши дуввум гари тар буда, модааш тари моил ба тунукист. Бештари гаре, ки падид ояд, аз сабаби хӯрдани чизҳои шӯр, тез, талх, дегафзорҳои гарм ва монанди инҳо падид ояд. Оне, ки бахши зиёде аз танро фаро бигирад, низ аз ҷумлаи гари тар аст. Оне, ки аз миёни ҳамаи табишҳо аз ҳама паҳншавандатар, намоёнтар ва сараш тезтар аст, хилти он аз ҳама тезтар бувад, вале оне, ки паҳнтар ва ҳамвортар аст, хилти он камтар тез бошад.
Сабабҳои падид омадани моддаи гар айни сабабҳои падид омадани моддаи хоришанд, вале инҳо қавитар буда, ба сабабҳои падидоии шупуш, саъфа, сабӯса ва парюн наздикӣ доранд ва андар илоҷ низ ба онҳо наздик бувад. Фарқи миёни гар ва хориш он бошад, ки ба ҳангоми хориш аксар вақт табишҳо падид наоянд, чунонки ба ҳангоми гар падид оянд, зеро он аз моддае ба амал ояд, ки тунуктар ва камтар моил ба шӯрӣ буда, орому қарорёфта аст. Ин [модда] баъд аз он ки табиат онро ба сӯи пӯст биронад, ба иллати бастагии масомҳо ва камии тозагӣ андар он ҷой банд бигардад, ё ин бандгардии он ба камқувватии қувваи ронанда вобаста аст, чунонки пиронро ва андар охири бемориҳо [беморонро], хусусан агар модда бисёр ва ё ситабр бошад, чунин ҳол ориз бигардад, ё ба ғизоҳое чун ғизоҳои шӯр, тез ва ғайра вобаста бошад, ки аз онҳо кимуси бади тез падид ояд ва ё ин ба бадии гувориш вобаста буда, аз сабаби он ғизо бигандад.
Хориш гоҳе холӣ аз қишрҳои сабӯсмонанд ва тамоман беумқ бувад. Хориши пирӣ ба муолаҷа кам гардан ниҳад, вале онро тадбир ва мудово кунанд. Бидон, ки гари пӯстафкан ва парюн андар хазон афзоиш ёбанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ