КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Mollusca
ПУПИЛЛАИ АНЗОБӢ
Pupilla anzobica (Izzatullaev, 1970)
Қатори
Геофилҳо – Geophila
Оилаи
Пупиллидҳо – Pupillidae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Фақат дар ҳудуди ағбаи Анзоби қаторкўҳи Ҳисор вомехўрад.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси зисти пупиллаи
анзобӣ дар баландиҳои 2200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар нишебиҳои хушки минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ, дар байни сангрезаҳо, пўсидаи растаниҳо ва решаи паттахорак, анбўҳи зўлзадаю паттахорак (болиштаки хирс) вомехўрад.
Саршумор
Дар табиат хеле камёфт аст.
Анқариб 250 фарди он маълум карда шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ
Мавҷудоти тухмзиндазо мебошад.
Дар ҳар як пупилла аз 3 то 7 ҷанинро, ки садафакаш ниҳоят хурду 1-1,5 маротиба тоб хўрдааст, мушоҳида кардаанд.
Омилҳои маҳдудкунанда
Аз ҳад зиёд даравидани алаф, чаронидани чорво ва ҷамъоварии растаниҳои камёфти гулашон зебои баландкўҳ сабабҳои асосиеанд, ки боиси камшуморӣ ва маҳдудии муҳити сукунати пупилла мешаванд. Он фақат дар қитъаҳои геоботаникӣ, ки атрофашон симтўр кашида шудаанд, боқӣ мондааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ
Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Баҳисобгирии иловагӣ ва ҷустуҷўи маҳалҳои нави сукунат зарур аст. Дар қитъаҳое, ки пупилла сукунат меёбад, чиндани гулро манъ кардан, дар назди қитъаҳои геоботаникӣ, ки девор гирифта шудаанд, чаронидани чорворо қатъиян ба зери назорат гирифтан ва барои пурзўр намудани ҳифзи он парваришгоҳ барпо намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иззатуллаев, 1970; Пазылов, Азимов,
2003.
ПУПОЙДЕСИ ЗЕБО
Pupoides coenopictus
(Hutton, 1849)
Қатори
Геофилҳо ‒ Geophila
Оилаи
Пупиллидҳо ‒ Pupillidae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё