КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Банников ва диг., 1977; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1994.
ЛЎНДАСАРАКИ
СУФРАГЎШАК
Phrynocephalus mystaceus (Pallas, 1776)
Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Агамаҳо ‒ Agamidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон паҳн гардидааст.
Дар гузашта муҳити сукунати он мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», регзори Қашқақум, Буритов ва регзори атрофи Айвоҷро низ фаро мегирифт.
Муҳити сукунат
Барои зисти суфрагўшак бештар нишебиҳои ҷанубии регтўдаҳо ва пуштаҳо, ки буттаҳои қандим, саксавули сафед ва зағоза (эфедра) месабзанд, мувофиқ мебошанд.
Дар регтўдаҳо паноҳгоҳи дарозиаш то 55 см ва чуқуриашон
28 см мекобанд.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар регзори Буритов дар масофаи 1-13 км 2-3 фарди суфрагўшак ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар ҳамон ҷойҳои хоси зист саршумори он аз 1-2 фард дар 1 га зиёд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Охирҳои моҳи апрел ҷуфт мешавад.
Охирҳои моҳи май 1-3 тухм мегузорад. Моҳи август насли навзод пайдо мешавад. Ҷинсҳо дар охирҳои соли дуюм ба балоғат мерасанд. Аз ҳашарот ғизо мегирад.
Сусмор, калхоти сиёҳ, мори печони шарқӣ, тирмор ва ғ. душманони табиии лўндасараки суфрагўшак мебошанд.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани биёбонҳои регзор ва чаронидани чорво ба саршумори лўндасараки суфрагўшак таъсири манфӣ мерасонанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити сукунат ва ҷамоаи лўндасараки суфрагўшакро дар регзори болооби Амударё ва атрофи Айвоҷ зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқ эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1963, 1979; Банников и др., 1977; Сатторов, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
ЛЎНДАСАРАКИ ТЎРНАҚШИ
БОЕТГЕР
Phrynocephalus reticulatus boetgeri (Bedriaga, 1905) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Агамаҳо ‒ Agamidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, болооби Амударё, атрофи Қубодиён, шаҳраки Панҷ, Ҷилликўл, мамнуъ гоҳи "Бешаи палангон", Шаҳритус ва водии Бешкент паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар биёбонҳои сафедхоки регзор, ки растаниҳои шутурхор ва явшон месабзанд, вомехўрад. Дар регтеппаю нишебиҳои регӣ дучор намешавад.
Саршумор
Соли 1986 дар теппаҳои атрофи хоҷагии "Искра" ва шаҳраки Бирлаши ноҳияи Шаҳритус дар тўли
30 дақиқа роҳпаймоӣ намудан то
17 фарди лўндасараки тўрнақш ба қайд гирифта шуда аст. Дар соли 2007 дар теппаҳои атрофи Чилучорчашмаи ноҳияи Шаҳритус ва водии Бешкент дар тўли 2 соати роҳпаймоӣ намудан ҳамагӣ 4-5 фарди ин лўндасарак ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Охирҳои моҳи феврал ва аввалҳои моҳи март аз хоби зимистона мехезад.
Охирҳои моҳи октябр ва аввалҳои моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад. Лўндасаракҳо зуд калон мешаванд. Ҳангоми 38-40 мм будани андозаи баданашон болиғ мегарданд. Ғизои лўнда сарак мўрча, ҳашароти дубол, гамбускҳо, кирминаҳо ва тухми растаниҳост.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани муҳити хоси сукунат ва ҳамчун чарогоҳ истифода бурдани маҳали зисти ин намуди лўндасарак боиси коҳиши саршумори он гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё