КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
ЛЎНДАСАРАКИ ТАҚИРИИ
САИДАЛИЕВ
Phrynocephalus helioscopus saidalievi (Sattorov, 1981) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Гекконҳо ‒ Gekkonidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Сир, доманакўҳи Муғул, атрофи Мирзоработ ва Хуҷанд паҳн гардидааст. Дар гузашта муҳити сукунати он доманаи кўҳи Муғул, атрофи Хуҷанд, шаҳраки Сомғар, пуштаҳои атрофи шаҳри Қайроққум, Исфисор, Деҳмой, Чорухдарон ва атрофи Конибодому деҳаи Самарқандаки ноҳияи Исфараро низ дар бар мегирифт.
Муҳити сукунат
Дар қитъаҳои гилзамини сахт, ки дар он явшон месабзад, зиндагӣ мекунад. Онро баъзан дар замини начандон шўр, ки дар он растаниҳои бисёрсолаи сирак месабзанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар тарқишҳои холӣ, ковокии хок ва лонаи куҳнаи хояндагони хурд паноҳ мебарад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар масофаи 9-12 км то 6-8 фард дучор меомад. Айни замон баъди аз худ гардидани водию доманакўҳҳо, дар мавзеъҳои хоси сукунат дар
10 га ҳамагӣ 1-2 фард вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Лўндасаракҳо моҳи март ҷуфт мешаванд.
Модинаи онҳо 2-6 тухм мегузорад. Аз ҳашарот ғизо МЕГИХАЗАНДАГОН Reptilia ранд.
Мори печони шарқӣ ва тирмор душманони табиии ин намуди лўндасарак мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани водиҳо, доманакўҳҳо ва биёбонҳо боиси камшумории фардҳо ва маҳдудии маҳали зисти ин намуди калтакалос гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар тамоми муҳити сукунат доштани лўндасаракро манъ кардан лозим аст. Барои ғайриқонунӣ доштани он ҷаримаву ҷазоҳо муқаррар намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1981, 1984, 1993.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
ЛЎНДАСАРАКИ СУҒДӢ
(РЕГӢ)
Phrynocephalus interscapularis sogdianus (Cernov, 1948) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Агамаҳо ‒ Agamidae Мақоми ҳифз
Зернамуди, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
То ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта дар регзори Курдҷалиқум, атрофи Айвоҷ, соҳили рости Амударё, водии Вахш, атрофи Панҷ, Панҷи Поён, Қумсангир, биёбони Қарадум ва Қашқадум васеъ паҳн гардида буд. Айни замон мавзеъҳои асосии зисти ин намуд дар регзори Қашқақум (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») боқӣ мондааст.
Муҳити сукунат
Намуди псаммофилӣ буда, макони хоси зисташ биёбонҳои регии дорои растаниҳои сирак ба шумор мераванд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар нимаи моҳи март фаъол гардида, моҳҳои октябр ба хоби зимистона меравад. Моҳи апрел ҷуфт шуда, нимаи аввали моҳи июн тухм мегузорад. Дар нишебиҳои регзор паноҳгоҳҳои чуқуриашон то 10 см мекобад, ё бо ҳаракатҳои махсуси пойҳо худро зуд зери рег пинҳон мекунад. Душманони табиии он тирмор, мори печон, парандагони соҳибчангол ва ғ. мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани регзорҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон, ба сифати чарогоҳ истифода бурдани онҳо боиси маҳдуд гардидани саршумори лўндасараки суғдӣ гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити сукунати ҷамоаи лўндасараки суғдиро дар водии Бешкент зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқи хурд эълон кардан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё