Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Айни замон, дар ҳамаи мавзеъҳои сукунат саршумори он хеле маҳдуд гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар охирҳои март ва аввалҳои апрел ҷуфт мешаванд. Фардҳои модина моҳи июн 1-2 тухм мегузоранд.
Тухмро дар қабати рег гўр мекунанд. Моҳҳои августсентябр геккончаҳо пайдо мешаванд.
Аз ҳашарот ғизо мегирад.
Мори чипор, хорпушти гўшкалон ва сусмор душманони табиии ин намуд мебошанд.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
Омилҳои маҳдудкунанда Ба сифати чарогоҳ истифода бурдани биёбонҳои регзор ва обёрӣ шудани онҳо сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори ин намуди калтакалос мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз Мавзеъҳои хоси сукунати геккони шонаангуштро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқгоҳҳои хурд эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979; Щербак, 1986; Сатторов, 1989, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
ГЕККОНИ
ПУЛАКЧАҲАМВОРИ РЕГӢ
Teratosсincus scincus (Schlegel, 1858) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Гекконҳо ‒ Gekkonidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қисми ҷанубу ғарбӣ ва шимолии Тоҷикистон дар водиҳои дарёҳои Вахш, Кофарниҳон (болооби Амударё) ва Сир ду зернамуди он (геккони муқаррарӣ ва геккони регии Рустамов) паҳн гардидааст. Солҳои пеш дар регзорҳои Қародум (атрофи Қумсангир), Қашқақум, Буритов, Қўрҷалиқум, регзорҳои Айвоҷ, мамнуъгоҳи "Бешаи палангон", атрофи Шаҳритус, Чилучорчашма, Ашт, Қайроққум ва атрофи Конибодом вомехўрд.
Муҳити сукунат Асосан дар регзорҳои устувор зиндагӣ мекунад. Баъзан дар заминҳои гилбум низ дучор меояд.
Дар ҳамвориҳои сафедхок ва шўрхок низ вомехўрад. Моҳи март фаъол гардида, моҳҳои октябр-ноябр ба хоби зимистона меравад.
Саршумор
Солҳои 1955-1959 дар масофаи 10-12 км 10 фарди геккони регӣ мушоҳида шудааст. Айни замон дар ҳамаи ҷойҳои сукунат дар масофаи 10 км аз 1 то 4 фарди ин калтакалос дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳи апрел ҷуфтӣ мешавад. Давраи тухмгузорӣ ду моҳ идома меёбад.
Моҳҳои июн-июл 1-2 тухм мегузорад. Геккончаҳо моҳи август пайдо мешаванд. Баъди 18-
22 моҳ болиғ мегарданд. Ғизои он ҳайвоноти бесутунмуҳраи хурд аст. Аз соатҳои 20-21-и шаб то 4-5-и субҳ фаъол аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани регзорҳои водии дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Амударё, Сирдарё ва обанбори Қайроққум боиси камшумории ин намуди калтакалос гаштааст.
Обёрии заминҳо ва сохтани роҳу биноҳои истиқоматӣ низ ба саршумори гекконҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубин дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз Мавзеъҳои хоси сукунати ин намуди гекконро дар регзорҳои атрофи Айвоҷ ва Ашти калон зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқгоҳҳои хурд эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Щербак, 1986; Сатторов, 1994.
ГЕККОНЧАИ ЗИРЕҲПЎШИ
МУҚАРРАРӢ
Alsophylax loricatus (Strauсh, 1887) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Гекконҳо ‒ Gekkonidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Сир, доманакўҳи Муғул, атрофи Мирзоработ ва Хуҷанд вомехўрад. Дар гузашта муҳити сукунати он деҳаи Кўкқуроқ, кўҳсори Муғул, биёбоне, ки зери обанбори Қайроққум мондааст ва ҷойҳои аҳолинишини шаҳри Конибодом ба ҳисоб мерафт.

пешина
аз 256
навбатӣ