КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Тадбирҳои ҳифз
Ҷойҳои паҳншавии лаққачаи туркистонӣ бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор дода шаванд ва сайди он тамоми сол манъ карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Турдаков, 1963; Максунов, 1968; Расулов, 2011.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
САНГПУШТИ
ОСИЁИМИЁНАГӢ
Agryonemis horsfieldi (Gray, 1844) Зерқатори
Сангпуштҳои гарданпинҳон ‒ Cryptodira
Оилаи
Сангпуштҳои хушкигард ‒ Testudinidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Сир ва нимбиёбонҳои байни ин дарёҳо, водию доманаи қаторкўҳҳои Қаратову Панҷ, Муғул, Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Боботоғ, Қаротегин, Вахш ва ғ.
дар баландиҳои аз 270-1700 м аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси зисти сангпушт теппаҳои сафедхоки набототашон зичи эфемерӣ ба ҳисоб меравад.
Дар доманакўҳҳо дар ҷойҳои гилбуму регзор, дар нимбиёбонҳо бошад дар ҷойҳое, ки явшону шутурхори сирак мерўянд, дучор меояд.
Саршумор
Ҷамоаи нисбатан устувори сангпушт дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ боқӣ мондааст.
Дар солҳои 2013-2014 саршумори он дар ин минтақа, дар муҳитҳои хоси зист то 10 фард дар 1 га баҳогузорӣ карда шудааст.
Саршумори сангпушт дар водии дарёи Сир ва минтақаҳои ҳамсарҳади он хеле маҳдуд гардида, ба ҳадди нестӣ расидааст.
Соли 2007 дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор дар муддати се рўз ҳамагӣ 10 фарди сангпушт ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳҳои март-апрел фаъол мегардад.
Тобистон пас аз хушк шудани набототи эфемерӣ ба хоби тобистона ва баъдан ба хоби зимистона меравад. Сангпуштҳо ҳамагӣ 3-4 моҳ фаъол мебошанд.
Моҳи апрел ҷуфт мешаванд.
Моҳи июн 4-5 тухм мегузорад.
Дар 11-14 солагӣ болиғ мешаванд.
Барг, поя, гул ва тухми растаниҳо, баъзе намудҳои ҳайвоноти бесутунмуҳраро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани талу теппаҳо ва доманакўҳҳо, ғайриқонунӣ доштани сангпушт бо мақсади тиҷорат сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори он ба ҳисоб мераванд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ хуб парвариш меёбад.
Тадбирҳои ҳифз
Пурзўр намудани ҳифзи сангпушт дар мавзеъҳои хоси сукунат ва пешгирии роҳҳои ғайриқонунӣ доштани он бо мақсади тиҷорат.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1993, 1994. Бондаренко ва диг., 2014.
ГЕККОНИ ШОНААНГУШТ
Crossobamon eversmanni eversmanni (Wiegmann, 1834) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Гекконҳо ‒ Gekkonidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва Панҷ вомехўрад.
Дар гузашта сукунатгоҳи он регзори Қародум (атрофи Қумсангир), Қашқадум, Буритов (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») ва регзори Айвоҷро низ фаро мегирифт.
Муҳити сукунат
Дар реги равон, ки аҳён-аҳён буттаҳои саксавул, қандим ва баъзе растаниҳои дигар мерўянд, маскан меёбад. Дар лонаҳо, ки худи гекконҳо дар зери решаи растаниҳо ё дар нишебии хомаи рег мекобанд, паноҳ мебаранд.
Дар паноҳгоҳе, ки дар нишеби ҷануби регтеппаҳо мекобанд, ба хоби зимистона мераванд.
Саршумор
Солҳои 1955-1958 дар муҳити хоси сукунат ‒ регзори биёбон намуди муқаррарӣ буд ва дар масофаи 4-6 км то 8-10 фард вомехўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё