КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Тадбирҳои ҳифз
Буридани туғайзорҳо ва дарахтони ҷудогонаи соҳили дарёи Панҷро манъ ва тадбирҳои зидди сўхторро дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" пурзўр кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Staudinger, 1888; Staudinger, Rebel, 1901; Pflngeler, 1914; Wiltshire, 1957; Щеткин, 1963.
ҲАШАРОТ
Insecta
ШАПАЛАКИ БУМЧАШМИ
ТИМУР
Catocala timur (A.B.H., 1907) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бумчашм ‒ Noctuidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» боқӣ мондааст.
Солҳои 40-уми асри гузашта нисбатан сершумор буд.
Муҳити сукунат
Дар минтақаи биёбон вомехўрад ва дар туғайзори дарёбод, ки дар он патта низ месабзад, маскан гирифтааст.
Саршумор
Камшумор аст. Маълумоти аниқ мавҷуд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Як маротиба насл меорад. Парвоз ва тухмгузорӣ охирҳои май ва июн ба вуқўъ меояд. Кирминаи он барги паттаро мехўрад. Дар зери пўстлохи куҳнаи растаниҳои ғизоӣ дар тори сабук ба зоча табдил меёбад. Инкишофи зоча 24-25 шабонарўз-ро дар бар мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи кам ва нест шудани туғайзор саршумори ин намуди шапалак низ коҳиш меёбад. Бинобар буридану решакан кардани туғайзор ва аз худ намудани онҳо дар туғайзори поёноби Қизилсу ва Кофарниҳон қариб пурра аз байн рафтааст.
Тадбирҳои ҳифз
Буридани паттазорро манъ, тадбирҳои зидди сўхторро дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
пурзўр кардан ба ҳифзи шапалаки бумчашми тимур кўмак мерасонад.
Ба мақсади кор карда баромадани чораҳои муассири ҳифз паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намудро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Bang-Haas, 1906; Warren, 1909, 1914; Wiltshire, 1961; Щеткин, 1963.
ШАПАЛКИ БУМЧАШМИ
ЛИГЕФИЛА
Lygephila lubrica (Stgr., 1842) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бумчашм ‒ Noctuidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар дарёбоди Панҷ (Файзободқалъа, бандари Панҷи Поён), шохоби дарёҳои Вахш (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
ва Кофарниҳон, мавзеъи Тахтиқубоди назди Айвоҷ) дар баландии 340-350 метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар туғайзори дарёбод, ки аз сус, сарнай (эриантус), шутурхор, ушнон, ҷулгун, санҷид ва патта иборат аст зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Ба ҳисоб гирифта нашудааст.
Дар ҳама ҷо аҳён-аҳён вомехўрад.
Танҳо дар баъзе мавзеъҳои «Бешаи палангон» сершумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Эҳтимол як маротиба насл меорад.
Аз охирҳои май то охирҳои август ё аввалҳои сентябр парвоз мекунад. Рўзона дар анбўҳи сарнай, сус ва буттазор менишинад.
Давраҳои то зочагӣ, муҳлати инкишоф ва ғизои он номаълум аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Таҳқиқ карда нашудааст. Ба замини корам табдил додани туғайзор боиси маҳдудшавии муҳити СУКУҲАШАРОТ Insecta нат ё пурра барҳам хўрдани шапалаки бумчашми лигефила гардидааст.
Танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба ҳадди нестӣ нарасидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Қитъаҳои боқимондаи туғайзорҳоро, ки дар онҳо шапалаки бумчашми лигефила сукунат мекунад, зери муҳофизат қарор дода, паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии онро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё