КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Саршумор
Дар ҳама мавзеъҳо хеле камшумор аст. Аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давоми сол як маротиба насл меоварад. Парвози шапалакҳо охирҳои октябр ва аввалҳои ноябр оғоз мегардад. Кирминаи он моҳи апрел вомехўрад. Растании ғизоии он гиёҳи хоклеси регзор (Koelpinia linearis) ба шумор меравад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Омилҳои маҳдудкунанда Дар мавсими баҳор чаронидани чорво боиси нобудшавии растаниҳои хоклеси регзор ва хеле камшумор шудани пиллапечаки зард мегардад. Парандаҳои алотухноқ низ ба камшумории пиллапечак таъсир мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз Қитъаҳои боқимондаи туғайзорҳоро, ки дар онҳо пиллапечаки зард паҳн гардидааст, ҳифз намуда, буридани туғайзорро манъ ва тадбирҳои зидди сўхторро пурзўр кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Piingeler, 1914; Щеткин, 1960, 1965.
ҲАШАРОТ
Insecta
НОЛИДИ ТУҒАЙЗОР
Nola silvikola (Stshetkin) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Нолидҳо ‒ Nolidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» (баландии 350 метр аз сатҳи баҳр) вомехўрад. Дар натиҷаи пура аз байн рафтани туғайзори дарёбод дар туғайзори поёноби дарёи Қизилсу нобуд гардидааст.
Муҳити сукунат Дар паттазор сукунат мекунад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар як сол се маротиба насл меорад.
Парвоз ва тухмгузории насли якум нимаи дуюми моҳи май, насли дуюм охирҳои июн-июл ва насли сеюм бошад охирҳои моҳҳои август-сентябр ба вуқўъ меояд. Кирмаки онҳо аз барги патта ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар гузашта муҳити сукунати нолиди туғайзор хеле фарох буда, паттазори дарёбоди Панҷ ва поёноби Кофарниҳонро фаро мегирифт.
Соли 1956 дар поёноби дарёи Қизилсу низ вомехўрд.
Тадбирҳои ҳифз Қитъаҳои боқимондаи туғайзорҳоро, ки дар онҳо нолиди туғайзор паҳн гардидааст, ҳифз намуда, буридани туғайзорро манъ ва тадбирҳои зидди сўхторро пурзўр кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1957, 1960.
НОЛИДИ САНҶИД
Nola elaeagni (Stshetkin) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Нолидҳо ‒ Nolidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар мавзеъи Заргар, атрофи шаҳри Душанбе ва доманаи қаторкўҳи Қаротегин дучор меояд.
Солҳои 50-уми асри гузашта, дар туғайзори фароху дарахтони санҷид (Elaeagnus angustifolia), ки дарёбоди Кофарниҳонро фаро гирифта буданд, зиндагӣ мекард.
Баробари барҳам хўрдани санҷидзор нолиди санҷид низ аз байн рафтааст.
Муҳити сукунат Дар дарахтзоре, ки бо роҳи сунъӣ дар мавзеъи "Заргар" бунёд кардаанд ва дар он 10-12 бех дарахти санҷид мавҷуд аст, муайян карда шудааст.
Саршумор
Маълумоти аниқ маълум нест.
Аз сабаби хеле маҳдуд будани ҳудуди қитъаҳои муҳити сукунат нолиди санҷид хеле кам аст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар як сол се маротиба насл меорад.
Шапалакҳои нолиди насли якум моҳи май, насли дуюм охирҳои июн ва июл, насли сеюм аз аввалҳои даҳаи дуюми июл
ҲАШАРОТ
Insecta то аввалҳои август парвоз мекунанд.
Кирмакҳои насли якум аз охирҳои май то аввалҳои июл, насли дуюм аз охирҳои июл то миёнаҳои август ва кирмакҳои тирамоҳӣ аз аввалҳои август то миёнаи моҳи октябр умр мебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё