Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз Барои ҳифз ва нигоҳдории визвизаки ҳисорӣ бо мақсади коллексия доштани онҳоро манъ кардан лозим аст. Хусусиятҳои биологии намудро омўхта, тадбирҳои муҳофизатро кор карда баромадан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановский, 1953.
ҲАШАРОТ
Insecta
ВИЗВИЗАКИ КЛАППЕРИХ
Carabus kllapperichianus (Mandl.) Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Визвизакҳо ‒ Сarabidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Аз рўи ду визвизаке, ки якеро аз гирду атрофи кўли Шеваи Афғонистон ва дигареро аз мавзеъи Кўҳи Лаъли Бадахшон ёфтаанд, тавсиф карда шудааст. Пештар муҳити сукунати ин визвизак ҳудуди васеъро фаро мегирифт, вале дар натиҷаи босуръат хушк гардидани иқлими Бадахшон сукунатгоҳ ва шумораи он маҳдуд гардидааст. Сокини масоҳати хурди ҷангалзори қадима аст.
Муҳити сукунат Дар гирду атрофи Кўҳи Лаъл дар қитъаҳои ҷангали тўс ва минтақаҳои баландкўҳ (2500-3000 метр аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Ниҳоят камшумор аст, эҳтимол ба маҳдудии муҳити мусоиди сукунати ҳаёт вобастагӣ дорад.
Хусусиятҳои биологӣ Кам таҳқиқ карда шудааст. Гамбусаки дарранда аст. Ба монанди дигар намудҳои Carabus-и Ҳисору Бадахшон эҳтимол дар давраи зочагӣ зимистон мегузаронад.
Давраи инкишофаш як сол давом мекунад. Нармбаданҳо ва дигар ҳайвоноти бесутунмуҳраро ғизо мегирад.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади муҳофизати визвизаки клапперих барои коллексия доштани онро манъ ва муҳити сукунаташро ғўруқ эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Михайлов, 1976, 1977.
ВИЗВИЗАКИ НИҲОНӢ
Carabus arcanus Semenov, 1898 Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Визвизакҳо ‒ Сarabidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Бори аввал як фарди ин визвизакро аз нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Зарафшон дар соҳили дарёи Мадм (дар баландии 1800 метр аз сатҳи баҳр) охирҳои асри гузашта дарёфт кардаанд, ки хамчун-голотип дар коллексияи Институти зоологияи Академияи илмҳои Россия (ш. Санкт- Петербург) маҳфуз аст ва дигареро соли 1968 аз гирду атрофи кўли Хурдаки силсилаи кўлҳои Марғузор дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр пайдо намуданд.
Муҳити сукунат Дар ҷангалзорони буттагӣ ва дарахтзори миёнакўҳ вомехўрад.
Саршумор
Ниҳоят камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст. Гамбуски дарранда аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Маълум карда нашудааст. Камшумории визвизаки ниҳонӣ эҳтимол аз камнаслии он аст.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз Дар мавзеъҳои паҳншавии визвизаки ниҳонӣ фаъолияти хоҷагидории инсонро маҳдуд намудан зарур аст. Паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии онро таҳқиқ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крыжановский, 1953.
ҲАШАРОТ
Insecta
ГАМБУСКИ СЕВЕРТСОВ
Dorcus Sewertzowi Sem, 1891 Қатори
Сахтболҳо ‒ Coleoptera Оилаи
Шонамўйлабҳо – Lucanidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Реликти фаунаи давраи сеюми қисмати ҷанубии Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Намояндаи ягонаи оилаи Lucanidae буда, дар Ҳимолойи Ғарбӣ (Кашмир, Панҷоби Шимолӣ) паҳн гардидааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкўҳҳои Вахш, Ҳазратишоҳ ва Дарвоз вомехўрад.

пешина
аз 256
навбатӣ