КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар ҷануби Боботоғ барои ҳифзи растанӣ парваришгоҳ барпо кардан лозим аст. Парвариши онро идома бояд кард. Эҳтимол чун намудҳои монанди он манбаи гаронбаҳои равғани эфир, атриёт бошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Кудряшев, 1937; Махмедов, 1980.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ НАВБАҲОР
(БЕЛЛЕВАЛИЯ)
Bellevalia inconspicua Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растание, ки дар ҳадди нестӣ қарор дорад.
Паҳншавӣ
Онро фақат дар атрофи шаҳраки Қизил-қалъа пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва нимсаванна (дар баландии қариб 700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Маълум нест.
Шумора
Маълумот нест. Баъди соли 1939 онро касе начиндааст. Ҷустуҷўи солҳои охир натиҷае набахшид.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор.
Пояаш рост, 17-18 см қад мекашад. Ранги пиёзакаш сиёҳ ё каҳвагун. Баргаш (4-5-то) сабз, тасмашакл. Гулҳои сафеди зангўлашакл дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Эҳтимол дар натиҷаи камшумор будан ва аз худ кардани замини муҳити рушд нест шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз пиёзак ва тухм зиёд шуданаш мумкин аст. Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар маҳалле, ки пештар мерўид, онро ҷустуҷў бояд кард. Ва агар вохўрад, муҳити сабзишашро қатъӣ муҳофизат намудан лозим аст. Ҳамчун гули зебо сазовори парвариш аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963.
ТАҒОРАШИКАНАК
Gagea holochiton M. Pop. et Czug.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз як муҳити ҳудуди Тоҷикистон (қаторкўҳи Зарафшон) ва ду муҳити ҳудуди Ўзбекистон (Ғузор ва Тошқўрғони қаторкўҳи Ҳисор) ёфтаанд.
Муҳити рушд
Дар ҷинсҳои кушоди кўҳӣ (дар баландии 600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба G. villosula Vved. (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. 2-3 пиёзаки бо ҳам часпида ё тоқи тухмшакл дорад (қутраш 5-7 мм ). Пояаш аз паҳлўи пиёзак сабзида, 10-20 см қад мекашад. Барги наздирешагиаш тоқ ва рахдор буда, аз хушагул дарозтар аст. Гулаш зард, аз берун рахи сабзтоб дорад. Моҳи апрел самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво ва бо мақсадҳои дигар истифода бурдани муҳити рушд сабаби нестии он мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи ҳозираи табиии тағорашиканакро омўхтан ва муҳити рушди онро муҳофизат кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963, 1971.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҒОЗИПИЁЗ
Gagea villosula Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити нишебиҳои ҷануби қаторкўҳ ва водии Ҳисор мерўяд. Берун аз хоки Тоҷикистон дар кўҳҳои Чўлибоир (Ўзбекистон) месабзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё