Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити рушди ин гиёҳи нодирро ба таври ҷиддӣ муҳофизат бояд кард. Нумуи онро ба зери назорати қатъй гирифта, парвариш кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Камелин, 1966, Иконников, 1979.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МАРВАКИ БАЛҶУВОНӢ
Salvia baldshuanica Lipsky Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Санглох ва Сарсарак вомехўрад.
Муҳити рушд
Фақат дар нишебиҳои гачхок ва шахсор, доманаи ҷангали гармсер (дар баландиҳои 750-900 м аз сатҳи баҳр) месабзад. Вазъи марвакзори табиӣ фақат дар як муҳити қаторкўҳи Сарсарак (ҳудуди деҳаи Сангтўда) маълум аст.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ дар олами набототи Осиёи Марказӣ нест, бо хелҳои набототи Эрони Ҷанубӣ ва Покистон андак қаробат дорад.
Шумора
Болотар аз деҳаи Сангтўда тақрибан
20 бехи марвак мавҷуд аст. Дар ду муҳити пештара (пайвастгоҳи қаторкўҳҳои Санглох ва Сарсарак) пайдо кардани марвакзор муяссар нагардид.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбутта, дарозии пояҳояш аз 8 то 25 см мебошад. Решааш ғафси чўбшакл. Баргаш содаи тухммонанд, яклухт, канораш дандонадор.
Баргу пояаш бо мўякчаҳо пўшида шудаанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди марвак чорво мечаронанд, ки боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳи он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ То ҳол насанҷидаанд Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Дар нишебиҳои қаторкўҳи Сарсарак, болотар аз деҳаи Сангтуда, ки алҳол ин ноҳия аз ҷиҳати хоҷагӣ хеле кам истифода мешавад, барои ҳифзи як қатор растаниҳои аҷиб ва ҳайвоноти нодир барпо намудани парваришгоҳи муштараки набототу ҳайвонот мувофиқи матлаб аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Махмедов, 1980.
МАСТУРАК
Salvia glabricaulis Pobed.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хеле нодир, хоси Тиёншони Ғарбӣ мебошад.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама (канори ғарбӣ ва кўҳҳои Охўртоғ) паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хушки санглох ва маҳинхоки шағалдор (дар баландиҳои тақрибан 900-1200 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. tianschanica Machmedov (қаторкўҳҳои Чотқол, Қурама) қаробат дорад.
Шумора
Беҳад кам аст. Ҳамчун буттаҳои тоқа ё гурўҳҳои хурди пароканда месабзад. Дар атрофи деҳаҳои Оқмачит ва Қўчқарли дар масоҳати қариб 5 км2 ҳамагӣ 27 бех ҳисоб карда шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола то 40 см қад мекашад. Баргҳои наздирешагӣ ва поёниаш байзашакли думчадарозанд.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии инсон, хоса корҳои геологӣ дар конҳои маъдани Консой ва Қизилкон, қисми асосии рушдгоҳи он сахт зарар дидааст.
Рушдгоҳҳои канори ғарбии қаторкўҳи Қурама дар натиҷаи ба роҳ мондани кишоварзӣ аз байн рафтаанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ