Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои зарури муҳофизат Муҳити рушди онро дар табиат фавран ҷустуҷў карда, ҳифз намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1959; Флора Таджикской
ССР, 1981.
КАЙИМ
Сalophaca sericea B. Fedtsch.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷануби Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар ағбаи Ғозималик, Санҷидбулоқ, дараи Хоҷабехоб; ағбаи Гардани уштур, атрофи деҳаи Сурхои ҷануби Тоҷикистон мерўяд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) ва арчазори термофилӣ (дар баландиҳои 1200- 1800 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди С. grandiflora Regel, ки дар ҷануби Помиру Олой маълум аст, монандӣ дорад.
Шумора
Чандсад бех мондааст. Каму беш дар қаторкўҳҳои Ғозималик, Сурхо ва Гардани уштур дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бутта, пўстлохаш кабуд. Шохҳои яксолааш бо мўякчаҳои абрешимӣ ва нуқрагун пўшида шудаанд. Баргаш мураккаби тоқ. Мевааш (3-4 см) дарозрўя, мўякчадор, нишаста; тухми кам дорад. Моҳи май-июн гул карда, август – сентябр мева медиҳад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Сокинони таҳҷоӣ онро чун ҳезум истифода мебаранд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи ботаникии ш. Душанбе шинониданд, вале ба шароит мутобиқ нашуд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити сабзиши онро бояд ҳифз кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Федченко, 1930; Борисова, 1937, 1941; Флора Таджикской ССР, т.
V, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЧЕЗНЕЯИ НЕПАЛӢ
Chesneya neplii Boriss.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷануби Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Гардани уштур мерўяд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори хушкидўст (шибляк), арчазори термо­ филӣ ва оҳаксанг дар байни Сyipsophila vedeneevae Lepesch (дар баландиҳои 2000-2200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди Сh. Hissarica Boriss., ки дар қаторкўҳҳои Ҳисор вомехўрад, монандӣ дорад.
Шумора
Намуди камёфт аст. Онро дар мавзеъи Тераки қаторкўҳи Гардани уштур ёфтаанд. Дар қаторкўҳи Ғозималик ва ноҳияҳои дигар низ мумкин дучор ояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола; аз 10 то 20 см қад мекашад. Мевааш (5-6 см) дарозрўя. Тухмаш (4-5 мм) гурдашакли сафед, ноҳамвор. Моҳи апрел-май гул карда, июн-июл тухмаш мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Дар мавзеъи Терак мунтазам чорворо мечаронанд, эҳтимол зарар бинад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омўхта нашудааст. Аз тухм зиёд карда мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити зисти онро муҳофизат ва кишташро санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисова, 1937; 1960; Расулова, Шарипова, 1978; Флора Таджикской ССР, т. V, 1978.
ЧЕЗНЕЯИ ТОҶИКИСТОНӢ
Chesneya tadzhikistana Boriss.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷанубу шарқи Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ