КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Саршумор
Маълумот вуҷуд надорад. Дар табиат ниҳоят кам мондааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давраи болиғӣ зимистон мегузаронад.
Ганданафасаки болиғ моҳҳои июн-август ва зимистонгузарон моҳи октябр вомехўрад.
Омилҳои маҳдудкунанда Намуди хосаи зоҳирӣ ва калонҳаҷм будани ганданафасаки Богданов таваҷҷуҳи коллексионерони ҳашаротдўстро ҷалб месозад.
Ба саршумори он дарахтбурӣ низ таъсир мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҳама мавзеъҳои зисти ганданафасаки Баранов буридани дарахтонро манъ кардан зарур аст.
Доштани ин ганданафасак барои коллексия танҳо бо мақсади бурдани корҳои илмӣ иҷозат дода шавад. Барои таҳия намудани чорабиниҳои ҳифз паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намуд бояд муфассал таҳқиқ карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Кириченко, 1952; Муминов, 1961; Пучков, 1965.
ГАНДАНАФАСАКИ ПАТТА
Cellobius abdominalis (Jak., 1885) Қatopи
Ганданафасакҳо ‒Heteroptera Оилаи
Сипардорҳо ‒Pentatomidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар туғайзори мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёҳои Қизилсу, Кофарниҳон ва водии Бешкент паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар туғайзори дарёбод, ки сафедори гуногунбарг (патта) месабзад, зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Маълумоти аниқ мавҷуд нест.
Ҳангоми мушоҳидаи як бех дарахти патта то 4-5 фарди он ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар ҳолати болиғӣ зимистон мегузаронад.
Дар давоми моҳҳои апрел-август фаъол мегардад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар мавзеъҳои муқаррарии сукунат хеле кам аст. Ба камшумории он буридани дарахтони патта таъсир мерасонад.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз
Набототи туғайзорро ҳифз ва буридани паттаро манъ кардан зарур аст. Паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ганданафасаки паттаро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кириченко, 1964; Пучков, 1965.
ҲАШАРОТ
Insecta
ГАНДАНАФАСАКИ ТЎРОНӢ
Сalisius turanicus (Kirichenko, 1959) Қатори
Ганданафасакҳо ‒Heteroptera Оилаи
Арадидаҳо ‒ Aradidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Дар зери пўстлохи дарахтони патта, бед ва чинор зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Ҳамагӣ панҷ маротиба ва ҳар дафъа як-дутоӣ ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Намуди хеле қадима ва нодир аст.
Нест кардани туғайзор, ки муҳити сукунати аввалини ганданафасаки тўронист ба шумораи он таъсири манфӣ мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ буридани туғайзори соҳили дарёро манъ кардан лозим аст.
Паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ганданафаси тўрониро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кириченко, 1959, 1964.
ГАНДАНАФАСАКИ
БОГДАНОВ
Stenolemus bogdanovi Osh. (2) Қатори
Ганданафасакҳо ‒ Heteroptera Оилаи
Редувидаҳо ‒ Reduviidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар мавзеъи Кондара (қаторкўҳи Ҳисор), мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
(Дарёкўл), наздикии Фархор (кўҳҳои Панҷу Қаратов) ва Рашт (қаторкўҳи Қаротегин) паҳн гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё