КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодир аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Дарвоз (дар маҳали Қалъаи Хумб) маълум аст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. cystcarpus Boriss. монандӣ дорад.
Шумора
Дақиқ таҳқиқ нашудаст. Хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест, ки аз 35 то 45 см қад мекашад; поя надорад. Решааш дароз.
Навдаҳои яксолааш 5-12 см дарозӣ доранд. Баргаш мураккаб (20-30 см) аз 6-8 ҷуфт баргча иборат аст. Гулбаргаш дароз (35-45 см), бо мўякчаҳои сафед пўшида шудааст. Гулаш бунафш ё зард.
Косабаргаш найчашакл.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Шояд дар натиҷаи фаъолияти инсон, чаридани чорво аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Маълумот дар бораи парвариш нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат фавран ҷустуҷўй карда, муҳити рушди онро ҳифз намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Базилевская, 1923; Борисова, 1937; 1946; Флора Таджикской
ССР, 1981.
ХАЙРИШУК
Astragalus insignis Gontsch.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди камёфт аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Ҳазрати Шоҳ маълум аст. Хоси Помиру Олой мебошад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи нимсаваннаи гиёҳҳои баландпояи хўшадор ва ҷангалзори гармсер (шибляк) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. taschkutanus V. Nikit. қаробат дорад.
Шумора
Дақиқ таҳқиқ нашудааст. Хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании нимбутта, 35-60 см қад мекашад. Пояаш (30-50 см) ғафс, камшоха. Баргаш (10-18 см) паршакли тоқа, аз 14-20 ҷуфт баргчаҳо иборат аст. Гулаш зарди сафедтоб. Косабаргаш найчашакл, бо мўйякҳои сафеду сиёҳ пўшидааст. Тухмаш гурдашакл, суфта, зардча. Моҳи июн гул карда, июл тухм медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Растании қадимист, хеле кам мондааст. Муҳити зисти онро ба кишту кор табдил додаанд. Агар
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae чораҳои зарурӣ дида нашаванд аз байн меравад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Маълумот дар бораи парвариш нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат омўхта, дар муҳити рушд парваришгоҳи наботот ташкил бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Гончаров, 1937; 1946; Флора Таджикской
ССР, 1981.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПУФАКНАХЎДАК
Astragalus leptophysus Vved.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодир аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Туркистон (Қусавлисой, деҳаҳои Фалмовут, Рарз), Зарафшон (резишгоҳи дарёи Пасгиф) маълум аст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хушки санглоху шағал, серсангрезаи минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) ва арчазор мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Пуфакнахўдак мақоми хоса дошта, ба дигар намудҳо монанд нест.
Шумора
Аз даҳҳо то 200-300 бех месабзад, вале хеле кам вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ 10 – 30 см қад мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё