КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Оилаи Cariophyllaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодир ва эндемӣ.
Паҳншавӣ
Дар кўҳи Муғул паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар
Ўзбекистон низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва обравҳои хушкида, дар минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 1000-1800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба S. monantha Bond. (қатор-кўҳи
Зарафшон) қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа месабзад. Дар муҳити асосии рушди он (кўҳи Сурфа) тақрибан 200-300 бех аст (соли
2010).
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Гиёҳи бисёрсола, то 35 см қад мекашад.
Баргаш дарозрўяи нештаршакл, пушташ мўякдор. Хўшагулаш кўтоҳ, гулаш думча дорад.
Моҳҳои апрел – май гул карда, июн – июл мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Фаъолияти хоҷагидории инсон
(корам кардани доманакўҳҳо,
корҳои геологӣ, чаронидани чорво) омили асосии маҳдуд кардани рушдгоҳи растанӣ мебошад. Аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар кўҳи Сурфа парваришгоҳи ботаникӣ ташкил кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, 1968; Тўрақулов,
Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
МАГАСКУШАК
Silene subadenophora Ovcz.
Оилаи Cariophyllaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Марказист.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Кам таҳқиқ шудааст.
Паҳншавӣ
Фақат дар ҳавзаи дарёи Варзоб дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи
Ҳисор (саргаҳи дараи Оби Оҷик) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, шахсор, асосан дар ҷойҳои соя (дар баландиҳои 2400-2600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба S. adenopetala Raik. (Тиёншони
Ғарбӣ) ва S. pagmanika Gilli
(Афғонистон) қаробат дорад.
Гиёҳест, ки ба гурўҳи махсуси хоси Осиёи Марказӣ мансуб аст.
Шумора
Нисбатан бисёр, чанд ҳазор бех аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Ҷамъоварии растаниҳо ва чаронидани чорво. Бинобар маҳдуд гаштани муҳити рушд дар натиҷаи чарондани чорво ва кўҳкорӣ нест шуданаш мумкин.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Аз тухм, қисман аз пораи чим зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии растаниҳо ва чаронидани чорворо манъ кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, 1968.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҒЎЗАГИЁҲ
Halocharis gossypina Korov. et Kinz.
Оилаи Chenopodiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Растании нодир.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Қурама
(ҳавзаи Ашт) ва водии дарёи
Қурғонтош пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи минтақаи ҷангали гармсер (дар баландии қариб 1000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба H. lachnantha Korov., ки дар
Туркманистон месабзад, қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Растании то 15-40 см. Пояҳояш рост. Баргҳояш 10-25 мм дарози дорад, тасмашакли маҳин. Баргҳо бо навбат ҷойгир шудаанд. Моҳи июл гул карда, август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Эҳтимол чаронидани чорво таъсир расонад; аз сабаби маҳдудии муҳити рушд мумкин нест шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё