КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Тадбирҳои ҳифз
Дар давраи гулшукуфт чаронидани чорворо манъ намудан лозим аст; ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР Т.7, 1984.
СУНБУЛКАҲ
Ferula sumbul (Kauffm.) Hook.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси маҳал аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Қаротегин паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон – дар Ўзбекистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои кушоди шағалдор, дар тарқиши харсангҳо (дар баландиҳои 1700-2500 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. kirialovii M. Pimen. (Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпӣ буда, то 1,5 м қад мекашад. Пояаш сершумор ва борик. Баргаш сахт зуд пажмурда намешавад; чатрҳояш гуногун; чатри марказӣ 6-10 шоха дорад. Моҳҳои июн гул карда, июл – август мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: ҷамъоварии мунтазами он.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Солҳои пеш дар боғи Ботаникии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошканд) парвариш карда шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании доругӣ ва атриётӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар табиат назорати қатъӣ бурдан ва бо рухсатнома ҷамъоварӣ намудани он; ошкор сохтани роҳҳои парвариши растанӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР, т. 7, 1984; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ДЕВШИБИТАК
Korshinskya bupleuroides Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Шимолӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир аст.
Паҳншавӣ
Аз рўи 3-4 намунае, ки аз нишебии ғарби кўҳи Муғул чиндаанд, маълум шудааст.
Намуди ҳамшабеҳ Ба К. olgae (Regel et Schmalh.) Lipsky, ки дар минтақаи буттаву дарахтзори Помиру Олой фаровон аст, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар оҳаксангҳои урёни минтақаи ҷангали гармсер мерўяд.
Шумора
Девшибитак ба шумор мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 50-100 см қад мекашад. Пояаш рост ва гирд аст. Гулҳояш дар чатр ҷойгир аст.
Ҳар як хўшагул аз 6 то 11 гул дорад.
Моҳи июн-июл гул мекунад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муҳити рушди он хеле маҳдуд аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати табиии онро муқаррар карда, ба зери назорат гирифтан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, 1924; 1950; 1959; Комаров, 1967.
КАМОЛКАҲАК
Mogoltavia сewertzowii (Regel) Korov.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Шимолӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар кўҳи Муғул ва қаторкўҳи Туркистону Олой вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Фақат як намуд аст (ҷинси монотип).
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои гаҷҳок, санглох ва шағали соҳили дарёҳо (дар баландиҳои 400-900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, аз 20 то 40 см қад мекашад. Пояҳояш тоқа ва рост. Хўшагулаш чатр аст. Ҳар як хўшагул 20-30 гул дорад. Моҳи май-июн гул мекунад ва июлавгуст самар меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё