Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити рушд
Дар нишебиҳои маҳинхок ва санглох, аз минтақаҳои ҷангалзори гармсер то ҳадди болоии минтақаи арчазор ва даштҳо (дар баландиҳои 900-3300 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. altissimum Regel қаробат дорад.
Шумора
Дар тамоми муҳити рушд ҷо-ҷо вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ То 150 см қад мекашад. Пиёзакаш (қутраш то 6 см) курашакл, ва бо ҷилди коғазмонанд пўшида шудааст.
Баргаш (бараш 2-6 см) тасмашакл, қисми поёниаш мўякдор.
Чатраш курашакли зич. Ғўзааш курашакл. Моҳҳои май-июн гул карда, июн-июл мева медиҳад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҷамъоварии пиёзбех барои саноати консер ба маҳдуд шудани муҳити рушди он оварда расонидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва пиёзак афзоиш меёбад.
Дар боғҳои ботаникӣ парвариш ёфтааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ғизоӣ, доруӣ ва ороишӣ.
Тадбирҳои ҳифз
Парвариши онро ҳамчун растании муфиди ғизоӣ, шифоӣ ва ороишӣ ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МОДЕЛ
Allium taeniopetalum M. Pop. et Vved. (1) Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камшумор ва камёфт.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз се муҳити ғарби Помиру Олой (қаторкўҳҳои Туркистон, Курктоғ, тали Зирабулоқ) чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва шағалдор, минтақаи ҷангалзори гармсери даштӣ ва арчазори термофилӣ (дар баландии то 1200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. rosenbachianum Regel (ҷануби ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш 20-40 см. Баргаш нештаршакл ё тасмамонанд, сабз ё ашҳабӣ (қутраш 2-10 см).
Пиёзакаш курашакл. (қутраш 1-2 см).
Афзоиш
Эҳтимол аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Мумкин аст таъсири омилҳои гуногуни хоҷагии инсон мебошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Рустании хўрданибоб аст. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати моделро дар табиат муайян карда, парвариши онро санҷидан лозим аст Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963, 19
АНСАЛ
Allium suworowii Regel Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси Осиёи Марказӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон, дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ паҳн гардидааст.
Дар Қирғизистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Афғонистони Шимолӣ низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдор ва зардхок, соҳили ҷўйҳо, атрофи заминҳои корам, дар ҷангалзори гармсер ва бешазори паҳнбарг (дар баландиҳои 900-2300 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. insufficiens Vved. (Помиру Олойи ҷанубӣ) ва A. Vved.enskyanum Pavl. (Тиёншон: кўҳи Чу- Или) қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа, баъзан, дар ҷойҳои барои чаронидани чорво ва дарав номувофиқ ба миқдори зиёд вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ То 80 см қад мекашад. Пиёзакаш курашакл (қутраш то 3 см).

пешина
аз 256
навбатӣ