Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълумоти дақиқ нест.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора меафзояд. Маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Маълумоти дақиқ нест. Ҳолати онро дар табиат ошкор сохтан лозим аст. Агар муҳити зисти он маълум шавад, ҳамчун намуди ягонаи қадимӣ парваришгоҳи наботот ташкил бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Коссинский, 1922; Флора Таджикской
ССР, 1957.
ШАХГИЁҲ
Cryptogramma stelleri Prantl.
Оилаи Cryptogrammaсеае Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди қадимӣ ва нодир аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Ҳоларктика. Дар нишебии қаторкўҳи Язғулом (Вамардара) ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити рушд
Дар шахҳои сернами минтақаи зўлзада (трагакант)-зори арчадор (дар баландии тақрибан 2400 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Маълумоти дақиқ нест.
Шумора
Хеле кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биологӣ Растании начандон калон, решапояи кўтоҳ дорад. Баргҳо дарозрўя, рагрониашон тўрмонанд, думчааш дароз (то 10 см).
Моҳи май ва июн спора пайдо мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Мумкин аст ҳангоми кўҳкорӣ ва чаронидани чорво зарар бинад.
САРАХСШАКЛҲО
Pteridophyta
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Ба тавассути спора меафзояд.
Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат аниқ карда, дар қаторкўҳи Язғулом барпо кардани парваришгоҳ зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Рябкова, 1963; Флора Таджикской ССР, 1957; Иконников, 1979.
САРАХСШАКЛҲО
Pteridophyta
МОРАКГИЁҲ
Ophioglossum bucharicum O. et B. Fedtsch.
Оилаи Polypodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси ҷануби Осиёи Марказӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди нодири қадимӣ аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар ҷануби Осиёи Марказӣ (дар назди Тирмиз) ба мушоҳида расидааст.
Дар Тоҷикистон дар қаторкўҳи Ҳисор (соҳили рўди Сардаи Миёна), Дарвоз (деҳаи Кеврон), ҷануби ҷумҳурӣ (Метинтуғайи соҳили рўди Панҷ ва атрофии деҳаи Хатиработ) ёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар пастиҳои шўрхоки водии дарёҳо, дар туғайзор мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба O. vulgatum B.et O. Fedtsch.
монандӣ дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа мерўяд. Дақиқ омўхта нашудааст. Кам ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании начандон калон, решапояи кўтоҳ, решаи ғафс дорад.
Қисми бесамари баргҳо дарозрўяи наштаршакл, рагрониашон тўрмонанд (раги васатӣ хеле хуб ба назар мерасад); қисми босамари барг дарозрўяи борик, думчааш дароз (то 15 см) аз асоси баргҳои бесамар сар мезанад.
Моҳҳои май ва июн спора ҳосил мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи буридани дарахтон, алафдаравӣ ва поймол кардани чорво нест мешавад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора меафзояд. Маълумот оиди парвариш муайян нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат аниқ карда, барпо намудани парваришгоҳ зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Маслинникова, 1957; Флора Таджикской ССР, 1957; Акулшина, 1966; Рябкова, 1970.

пешина
аз 256
навбатӣ