КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
ОБСАБЗҲОИ САБЗ
Chlorophyta
СФЕРОПЛЕАИ ВИЛМАНӢ
Sphaeroplea wilmanii Fritsch et Rich Оилаи Sphaeropleaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, дар рўи Замин ниҳоят кам дучор меояд.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Евросиё. Дар Тоҷикистон танҳо дар чанд маҳал ёфт шудааст: кўлҳои ороми соҳили дарёи Кофарниҳон (маҳалаи Гулбутта ва атрофи Ромит).
Муҳити рушд
Дар кўлҳои ором ва сустҷараён, дар рўи санг, тана ва боқимондаи растаниҳои обӣ, дар бентос дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. annulina (Roth.) Ag. монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд то даҳҳо адад қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи серҳуҷайраи риштамонанд, шоха намеронад; дарозии ҳуҷайраҳо 105-970 мкм, барашон 22,9-34,4 мкм; хлоропластҳои борики фаровон. Ооспораҳои мудаввари ҷигарӣ доранд, ки дар бурриши арзӣ ситорашакл мебошанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, васеъ намудани майдонҳои кишт, бунёди истроҳатгоҳу деҳаҳои нав (минтақаи фароғатӣ).
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифату покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Ҳисориев, 1979, 2007; Виноградова и др., 1980.
СТИГЕОКЛОНИУМИ
ДАСТАШАКЛ
Stigeoclonium fasciculare Kütz.
Оилаи Chaetophoraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, дар рўи Замин кам дучор меояд. Барои омўзиши роҳҳои таҳаввулоти об сабзҳо муҳим аст.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Евросиё- Африқо-Амрико-Австралия. Дар Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Искандардарё, Яғноб, Фондарё, Вешист ва Анзобсой қайд гардидааст.
Муҳити рушд
Дар таркиби бентос, соҳили дарё ва кўлҳои орому ҷории соф, дар рўи пояи растаниҳои обӣ дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. glomeratum (Yazen) Collins қаробат дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи серҳуҷайраю шохарондаи сабзи шабеҳ ба буттача то
5 см қад мекашад. Дарозии ҳуҷайраҳо 10-20, барашон 10-11 мкм; ҳуҷайраҳои нўги шохаҳои асосӣ дарозрўяи мўякмонанд ва нўгтез мешаванд.
ОБСАБЗҲОИ САБЗ
Chlorophyta
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои об, ифлосии муҳити рушд (минтақаи барқарорсозӣ).
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифату покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо дар муҳити рушди намуд, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи маҳаллҳои рушд.
Сарчашмаи иттилоот:
Музафаров, Мусоев, 1969; Мошкова, 1979; Мошкова, Голлербах, 1986; Царенко и др., 2009.
ОБСАБЗҲОИ САБЗ
Chlorophyta
ХАРАИ ПАШМАК
Chara strigoza A. Br.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё