Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Fedtsch. Хотунаки дарвозӣ Z. darvasicum Boriss. Изи шутур Z. macrophyllum Regel et
Schmalh. Хасакиспанд Malacocarpus crithmifolius
(Retz.) C.A.Mey. VU
VU
EN
VU
EN
VU
CR
VU
CR
CR
VU
VU
EN
VU
VU
VU
VU
VU
VU
VU
VU
EW
CR
VU
VU
VU
CR
VU
VU
CR
CR
VU
VU
CR
VU
ОБСАБЗҲОИ САБЗ
Chlorophyta
УРОНЕМАИ КОНФЕРВӢ
Uronema confervicolum Lagerh.
Оилаи Ulotrichaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодир, дар рўи Замин кам дучор меояд.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Евросиё. Дар
Тоҷикистон танҳо дар кўлҳои ороми соҳили дарёи Кофарниҳон, ҷанубтар аз маҳалаи Гулбутта ба мушоҳида расидааст.
Муҳити рушд
Дар таркиби бентос, дар обу кўлҳои орому ҷорӣ, баъзан дар обҳои минералӣ дар сатҳи боқимондаи растаниҳои зери об дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба U. intermedium Bour. монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Талломи серҳуҷайраи риштамонанд, дарозиаш то 1,5 мм; дарозии ҳуҷайраҳо 8-16 мкм, барашон
6-8,1 мкм; дарозии ҳуҷайраи нўг
14-21 мкм, ҳуҷайраи бунёдӣ 11-25 мкм. Дар ҷойи зисташ ба воситаи дермоид (каф) устувор мечаспад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, васеъ намудани майдонҳои кишт, бунёди истироҳатгоҳу деҳаҳои нав.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифату покизагии об. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд
Сарчашмаи иттилоот:
Ҳисориев, 1981; Мошкова, Голлербах,
1986.
ШИЗОМЕРИСИ ЛЕЙБЛЕЙНӢ
Schizomeris leibleinii Kütz.
Оилаи Schizomeridaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодир, дар рўи Замин кам дучор меояд.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Евросиё. Дар
Тоҷикистон танҳо дар кўлҳои ороми соҳили дарёи Кофарниҳон, ҷанубтар аз муҳити Гулбутта қайд гардидааст.
Муҳити рушд
Дар дарё ва кўлҳои орому ҷорӣ, дар болои санг, тана ва боқимондаи растаниҳои обӣ, нармбаданҳо (моллюск) ва дигар унсурҳои зериобӣ часпида мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба S. irregularis Fritsch et Rich монандӣ дорад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Талломи серҳуҷайраи қарташакл, фардҳои расида то 20 см қад мекашанд.
Дар бунёди таллом ҳуҷайраҳо як қатор, дар мобайн ва охири он чанд қатор ҷойгир шудаанд. Ҳуҷайраҳо силиндрӣ буда, 6-20 мкм дарозӣ ва 6-22 мкм паҳноӣ доранд.
ОБСАБЗҲОИ САБЗ
Chlorophyta
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Таъсири омили антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, васеъ намудани киштзорҳо, бунёди истироҳатгоҳу деҳаҳои нав.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифату покизагии об. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд
Сарчашмаи иттилоот:
Ҳисориев, 1981; Мошкова, Голлербах,
1986.

пешина
аз 256
навбатӣ