Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Илова ба ин, кўдакон тадриҷан ба мустақилона ва озод аз бар намудану гуфтани тезгўякҳо маҳорат пайдо менамоянд.

Шохи сада серсоя
*
Тик-тики соат,
Чик- чики гунҷишк.
*
Сад сар як сар,
Як сар дарди сар.
*
Шаш шиша сандуқ шикаст
*
Чавалай гала дора,
Ду байтали ала дора.
*
Сад ялалӣ як ялало.
*
Ирў чил тўп чит,
Ўрў чил тўп чит.
*
Кулча дар сари кўча,
Кўлча пури моҳича.
*
Чокак чок гуфт,
Гунҷишк чик.
*
Бобом бодом овард,
Котиб китоб овард.
*
Гова дидам , оба хўрдам,
Оба хўрдам, гова дидам.

Тезгўякҳо барои синфҳои 1- 2

Тезгўякҳои зайл нисбат ба тезгўякҳои кўдакони синни томактабӣ интихобшуда нисбатан душворталаффузанд.
Бо вуҷуди ин, онҳо низ дар зеҳну инкишофи тафаккури
хурдсолон ба қадри ҳол мутмаинем, ки мусоидат карда метавонанд.
Сангу сангча дар санглох.
*
Сад саг ба се саг як саду се саг.
*
Аспам лойолуд,
Ёли аспам лойолуд.
*
Ин тутча читу тутча,
Дар ҳавлича ду тутча.
*
Ман олу хўрам, ту нок,
Ту нок хўрӣ, ман олу.
*
Як мушт писта ба бист мушт писта.
*
Ин тешача чӣ тешача,
Ин пистача чӣ пистача?
*
Шамсиддин шаш шутур дошту сесаду ду саг.
*
Шаб се шамъ андар сарой рўшноӣ кард.
*
Шаш шаршара дар дара,
Дар дара шаш шаршара.
*
Кафтар бача кард, бачаи кафтар бача кард.
*
Дар дасти бача кулча,
Дар дасти оча бача.

пешина
аз 81
навбатӣ