Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Хонарўбаката гирам!
Шоликўбаката гирам!

  • гўён ба бачаи охирин ҳуҷум кард. Бача рафиқи дар пешаш истодаро сар надода, худашро аз «дугфурўш» дур гирифт. Очааш омада пеши «дугфурўш» истод.
    «Дугфурўш» хонарўбаката гирам, шоликўбакатро гирам мегуфту ҳуҷум мекард. Дар охир як бача ба чанголаш бархўрд. Ўро да як гўшаи майдон – «хонааш» шинонду:
    Мактабраваката гирам,
    Бозорраваката гирам!
  • гўён боз ба қатори бозигарон дарафтод. Оҳистаоҳиста ҳамаи бачаҳоро дастгир намуда, ба «хонааш»
    овард. Аз болояшон дарро занҷир кард. Боз чанд дуги дигар дар даст, тағйири либос карда, назди дугфурўш омад?
  • Она, дугҳои нўгтезатон чанд пул? - гуфт.
  • Ду танга, писарам, ду танга.
  • Ҳў он ҷо, ҳамин хел дугро даҳ танга мефурўшанд.
    Ҳамин тавр? - гуфт дугфурўшу он сўи бозор давид.
    Манзура «дарро» кушоду «бачаҳояшро» дигар сў гирифта гурехт.
    Бозӣ ба охир расид.

ТЕЗГЎЯКҲО

Тезгўякҳо барои кўдакони синни хурди томактабӣ

Мураббия тезгўякро се маротиба худаш такроран мехонад ва кўдакон ҳам дар пайравӣ бо ў тезгўякро такрор мекунанд. Ин усули кор минбаъд ҳам истифода мегардад. То он вақте ки онҳо маҳорату малакаи зарурӣ пайдо накунанд ва шавқу завқашон ба тезгўяк афзун нагардад.
Ин намуди бозӣ асосан барои дуруст ва рост намудани забони кўдакон, ҳамчунин дар рушд ва инкишофи тафаккуру зеҳни онҳо низ мусоидат хоҳад кард.

пешина
аз 81
навбатӣ