Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Гов парид! – гуфт. Насим дар ғафлат монда, даст бардошт. Нодира ва бозигарони дигар:
  • Гов намепарад! – гўён Насимро ба миёнаи давра даъват карданд. Насим дар байн рост истода, мувофиқи шарти бозӣ омодаи рақс шуд.
    Бачаҳо сароиданд. Насим ба рақс даромад:

Чӣ парид? Булбул парид,
Аз шохаҳои гул парид.
Аз чанор лаклак парид,
Навохта думбак парид.
Сўзанак боло парид,
Лаб-лаби ҷўйҳо парид.
Ҳар чӣ қанотдор, парид!
Дур-дуру бисёр парид?

Суруд ба охир расиду Насим ҳам рақсро бас кард ва ба ҷои худ рафта нишаст. Бозӣ аз нав сар шуд.

БОБО-БОБО

Бачагон дар назди Ҷалилино ҷамъ шуданд. Фозил асои бобокалонашро овард. Асоро диданду дар дили ҳама хоҳиши бозии «бобо-бобо» пайдо шуд. Ҷалил шумурак гуфт:
Алон,
Долон
Хурду
Калон,
Лелак,
Шакар,
Гулдур,
Гуп!
Калимаи «гуп»-и шумурак ба кадом бачае расид, ҳамон аз саф мебаромад. Дар охири шумуракгўӣ Халил танҳо монд. Асоро ба дасти вай доданд. Халил асозанон роҳгардии пирамардонро тақлид карда мерафту дигарон аз қафояш.

пешина
аз 81
навбатӣ