АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хондан- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Нав сабча баст.
- Бобо, бобо!
- Ҷони бобо!
- Харбуза пухт?
- Каллапўш барин шуд!
-Бобо, бобо!
-Ҷони бобо! - Харбуза пухт?
- Ҳа, бачам, харбуза пухт.
- мегўяду худро ба «коре» овора мекунад. Бачаҳо оҳиста-оҳиста омада, «харбуза» мекананд, полезро вайрон мекунанд. «Саг» «ак-ак» карда сўи «полез» медавад.
«Боғбон» аз думболи «саг» давида, харбузахўрҳоро пеш мекунад. Агар то марраҷой расидан бозигаре дастгир шавад, ба ҷои «боғбон» дар сари «кишт» мешинад ва «боғбон» дар қатори бачаҳои дигар ба марраҷой мегузарад. Бозигари ба дасти «саг» афтода, «саг» мешавад.
Бозӣ аз нав шўруъ мегардад.
ПАРИД-ПАРИД
Бачагон дар лаби ҷўй, болои майса давра нишастанд.
Нодираи доно ва зирак сардор шуд.
- Мусича парид! – гуфт Нодира.
Ҳама дасти росташонро боло карданд. - Сўзанак парид!
- Ҳама даст бардоштанд. Ҳамин тавр «булбул парид»,
«»майна парид» гуфта Нодира ба бачаҳо менигарад, ки ҳама ҳама бехато даст боло мекунанд.
Баъд гуфт: - Гўсфанд парид!
Касе даст набардошт. Боз: - Лаклак парид! – гуфт, ки ҳама даст бардоштанд.
Нодира боз чанд парандаро тез-тез ном гирифта, «паридпарид» гўён даст бардоштагон ё набардоштагонро назорат мекард. Якбора ў:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё