АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
ДАРВОЗА НИГИН ДОРАД
Ҳо ҷастаму ҳо ҷастам,
Рўмолчаба нон бастам,
Ани бибиҷон рафтам,
Гўгирдаша гум кардам.
Оловаша пуф кардам.
Дидам таги дарвоза,
Ду духтари пурғоза,
Мўҳоша ваҷаб кардам,
Андар таги дарвоза.
Дарвоза нигин дорад,
Қулфи мармарин дорад.
ШАБПАРӢ
- Шабпариё, шабпарӣ,
Маро куҷо мебарӣ? - Шаҳри калон мебарам,
Кавши калон мехарам. - Ҷамолаке, ҷамолак,
Аз они кӣ Камолак?
Ҷамолаки Гулпарӣ,
Кокулош ҳайдарӣ.
Рафтам таги дулона, - Биё, - гуфтам, - дўлона!
Як коса шир овардам,
Нону фатир овардам.
ШУТУР ДАР КУҶО?
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Бинии шутур Зуғотабандие!
Чашмони шутур Ойначабандие!
-
Шутур дар куҷо?
-
Дар баландие!
Сараки шутур
Саллабандие,
Шиками шутур
Бўхчабандие! -
Шутур дар куҷо?
-
Дар баландие!
Пойҳои шутур Рафидабандие,
Даҳони шутур
Кафк- кафандие!
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Дандони шутур Хоракандие,
Гўшҳои шутур Найзабандие!
-Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Гардани шутур
Каҷкаландие!
Кўҳони шутур
Гаҳворабандие!
-Штур дар куҷо?
-Дар баландие!
Лабҳои шутур Зағорабандие!
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Думҳои шутур Ҷорўбчабандие!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё