АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданАз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсўс, ки дидани корнамоиҳои ин хел далерон дигар ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст.
Паланг ин гапро шунида, бо ғурур сар бардошт. Дар пеши рўбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, аз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад.
Рўбоҳ ба таги ҷарӣ нигҳ карда, писханд зада гуфт:
- Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар.
Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.
ЛАКЛАК – ТАБИБ
1 Буд, набуд, як гург буд. Гурги гўсфанддузду гўсфаднхўр буд. Рўзе дар гулўяш ногаҳон устухон дармонд.
Гулўяш дард кард. Оби даҳонашро фурў дода, нафас гирифта наметавонист. Тарсида, ба пеши табиб рафт.
- Дарди ту даво надорад, - гуфт табиб. Устухон ба таги гулўят чуқур даромада рафтааст. Илоҷи гирифтан нест. Бо ин аҳвол зинда намемонӣ.
Гург ба воҳима афтод. Худро ба чор тараф зада, гиряву нола кардан гирифт.
Лаклак дар лаби кўлмак гашта, қурбоққа дошта мехўрд. Вай нолаи гургро шунида, омада пурсид: - Эй гург, ба ту чӣ шуд?
- Напурс! –гуфт гург,- умри ман охир шудааст! Дар гулўям устухон дармондааст. Табиб ҳеҷ кор карда натавонист…
2 Лаклакро раҳмаш омад. - Канӣ, наздиктар биё! – гуфт. – Падари ман табиб буд. Ман ҳам як табибӣ карда бинам.
- Ой дўсти азиз! – хурсандона фарёд кард гург. – Агар ту маро аз ин дард халос кунӣ, ҳар чӣ гўӣ, мекунам!
Лаклак нўли дарози худро ба гулўи гург дароварда, устухонро кашида гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё