Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Рўзона бисёр такрор шудани садои дар ва шабона як бор садо дода, то саҳар хомўш мондани он дар чистони зерин басо диққатангез тасвир шудааст ва такрори овозҳои (ш, а, п, б) ба чистон оҳанги хос ва гўшнавоз ато кардааст:
Рўз – шап,шап,
Шаб – як шап.
Дар як гурўҳ чистонҳо фақат ранг тасвир мешавад:
Зард асту зардолу не,
Сафеду шафтолу не
(Тухм)
Гурўҳи чистонҳое, ки «арифметикӣ» ном гирифтаанд, асарҳоеро дар бар мегиранд, ки заковатмандона ва моҳиронаанд. Дар онҳо ҳар рақам аҳамияти махсус пайдо мекунад ва ҳусне ба вуҷуд меоварад. Ана як намунаи ин қабил рақамҳо:
Аҷоиб як дарахт дидам дар ин боғ, Ки як тан дораду дувоздаҳ шох.
Ба ҳар шохаш он сад барг дорад, Сафед як рў, сияҳ рўйи дигар дорад.
(Сол, моҳ, рўз, шаб)
Чистонҳо бо зиндагӣ, ҳаёти маънавии маишӣ ва таърихии халқ робитаи узвӣ доштани фолклорро собит (исбот) мекунанд. Онҳо маҳсули зиракӣ, мушоҳидакорӣ ва фаросати халқанд. Чистонҳо дар муайян намудани шабоҳат (монандӣ) ва ҳамрангии чизҳо ва ҳодисаҳои олами беруна, хусусиятҳои хос ва фарқҳои онҳо зеҳни комил ба кор андохтани мардумро нишон медиҳанд. Дар як чистони машҳур шабоҳати узвҳои ҷондоре бо узвҳои як қатор ҷонварони дигар бо оҳанги пуртантанаву муболиғаомез зикр мешавад:
Як саволе аз ту дорам, эй рафиқи боҳунар, Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар.
Морчашму мўрпо, лайлакпару аждаршикам, Ноқазону, филгардан, шерсина, аспсар.
(Малах) Луғат: Ноқа-а.

пешина
аз 81
навбатӣ