Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин лиҳоз мақоми модару оила дар рушду нумўи миллат ва тараққиёту болоравии давлат хеле ва хеле бузург аст.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир шаъну шарафи оила то андозае коҳида, баъзе модарону хоҳарони мо ба рафтору кирдори фарзанд чандон эътибор намедиҳанд.
Барои онҳо аҳамият надорад, ки фарзандонашон таҳсил мекунанд ё не, берун аз оила бо чӣ кор машғуланд.
Авбошӣ мекунанд ё дуздӣ, мардумозорӣ мекунанд ё каҷрафторӣ.
Ҳатто баъзе падару модарон садди роҳи ба мактаб рафтани фарзандон шуда, онҳоро ба бозоршинӣ ва дигар корҳои муваққатан фоидаовар машғул медоранд.
Ба хотири суди имрўз ояндаи фарзандонро месўзонанд ва ба назар намегиранд, ки Тоҷикистон имрўз ва фардо ба ҷавонони бофарҳанг, коршинос ва дорои тафаккури пешрафтаи илмию иқтисодӣ ниёз дорад.
Ҳамзамон меъёрҳои танзими оила низ аз мадди назари модарону хоҳарони азизи мо бояд берун намонанд. Воқеан, меъёрҳои тиббиву иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрўза, чи дар Ғарбу чи дар Шарқ чун як рукни фарҳанги оиладорӣ пазируфта шудаанд.
Ман умедворам, ки барномаи модару кўдак, фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандон яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, ба пешрафти ҷомеаи демократии дунявӣ, қабл аз ҳама рушду нумўи модари солиму тифли солим мусоидат мекунад.

пешина
аз 127
навбатӣ