Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигаҳбонии ин гаҳвора қабл аз ҳама бар дўши модар вогузор шудааст.
Маҳз модар метавонад аз овони тифлӣ наҷибтарин хислатҳои инсониро дар замири фарзандаш бипарварад.
Агар гўем, ки оила воқеан хиштҳои нахустини иморати мўҳташами давлати соҳибистиқлол аст, хато нахоҳем кард. Воқеан, хишт ҳар қадаре ки дар қўра пазад, иморат ҳамон қадар пойдору бошукўҳ меояд.
Вале кас хиштҳои нахустини иморатро каҷ ниҳад, иморати побарҷову устуворро чашмдор будан муҳол аст.
Ривояте ҳаст, ки зане қабл аз таваллуд назди Абўалӣ ибни Сино омада, нисбати тарбияи фарзанд маслиҳат мепурсад. Ў ба Сино мегўяд, ки ман барвақт омадам, то баъди таваллуд дар тарбияи фарзанд дер намонам. Сино мепурсад, ки кўдакат чандвақта шуд.
Ҳаштмоҳагиро пур кард, – ҷавоб медиҳад зан.
– Шумо, хоҳарам, дар тарбияи фарзанд аллакай ҳафт моҳ дер мондед, – мегўяд Сино.
Ин суханон ҳикмати баланд доранд.
Кўдак ақлу тамизро одатан бо шири модар мегирад.
Ҳамаи мову шумо низ эҳсоси некиву бадӣ, эҳтироми Ватан ва халқу миллатро маҳз дар домони модар омўхтаем.
Агар фарзандони мо дар оила тарбияи солим ва одобу ахлоқи ҳамида гиранд, ба қадри калонсолон, ба қадри падару модар, ба қадри Ватан ва меҳнати ҳалол расиданро омўзанд, ҷамъият аз ин бурд мекунад.
Миллат низ соҳиби як фарди бедордилу ватандўст мегардад, давлат бошад дар симои фарзандони мо аъзои фаъоли ҷомеаро муттаҳид намуда, ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро амалӣ месозад.

пешина
аз 127
навбатӣ