Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар соли 2006 ва солҳои минбаъда ба Вазорати молия ва Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумат супориш дода мешавад, ки барои таъсис додани 20 гранти президентӣ, аз ҷумла 10 гранти ҳар кадомаш 10 ҳазор сомонӣ ва 10 гранти ҳар кадомаш 5 ҳазор сомонӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Чунонки дар машварати кормандони соҳаи маориф таъкид карда будам, ҳадафи асосӣ аз ислоҳоти соҳаи маориф таълиму тарбияи насли дорои донишу маърифати баланд, одоби ҳамида, ҷаҳонбинии васеъ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим мебошад.
Дар амалӣ гардидани ин мақсад ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад. Зеро онҳо бо навозиш ва муҳаббати модаронаи худ ба дили ҳар як кўдаку наврас ҷой гирифта, онҳоро дар рўҳияи донишомўзӣ тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят карда метавонанд.
Дар айни замон онҳо вазифадоранд, ки робитаи худро бо мактаб мустаҳкам карда, дар раванди таълими фарзандон низ саҳмгузор бошанд.
Танҳо модарон ҳадиси мубораки ҳазрати Муҳаммадро дар зеҳну шуури наслҳо талқин карда метавонанд, ки фармудааст: «Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй».
Ҳоло дар мактабҳои миёнаи кишвар зиёда аз 50 ҳазор нафар, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ 3 ҳазору 500 нафар занони омўзгор бо таълиму тарбияи хонандагон ва донишҷўён машғуланд, ки ин нерўи бузург аст.

пешина
аз 127
навбатӣ