Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин робита, пеш аз ҳама бояд гуфт, ки саҳми занони тоҷик дар инкишофи илму маорифи мамлакатамон назаррас аст.
Ҳоло дар бузургтарин маркази илмии кишвар – Академияи илмҳо қариб 700 нафар занон фаъолият дошта, аз онҳо 5 нафар узви вобастаи Академия, 9 нафар доктор ва 76 нафар номзади илм мебошанд ва дар мавзўъҳои гуногун таҳқиқот мебаранд.
Шумораи занони олима дар мамлакатамон сол то сол меафзояд. Имрўз дар мактабҳои олии мамлакат аз байни занон 53 доктор, 425 номзади илм фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 78 нафар унвони профессор ва 307 нафарашон унвони дотсентӣ доранд.
Аз байни духтароне, ки ҳар сол донишгоҳҳоро хатм мекунанд, хоҳишмандони таҳсил дар аспирантура торафт зиёд мешаванд. Масалан, дар соли таҳсили 1994–1995-ум дар аспирантура ҳамагӣ 23 нафар духтарон таҳсил мекарданд, вале соли гузашта шумораи онҳо ба 127 нафар расид. Танҳо дар соли 2005- ум 30 нафар занон ба гирифтани унвони номзади илм мушарраф шуданд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоид ба духтароне, ки дар аспирантура таҳсил мекунанд, Ҳукумати Тоҷикистон ғамхории алоҳида зоҳир менамояд.
Ҳоло онҳо бо стипендия ва хобгоҳ таъмин мебошанд. Мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.
Аз ин рў, ба роҳбарони Вазорати маориф, Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо супориш дода мешавад, ки дар хусуси аз ҳисоби духтарони соҳибмаърифату донишманд ва соҳибихтисосу лаёқатманд тарбия намудани кадрҳои илмӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

пешина
аз 127
навбатӣ