Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар баробари ин, ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат, кишоварзӣ ва Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи рушди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занонро ба фаъолияти меҳнати хонагӣ омўхта, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро таъмин намоянд.
Инчунин ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои дигар тавсия дода мешавад, ки аз ҷониби низоми бонкӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҷудо намудани қарзҳои хурдро барои заноне, ки ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна машғуланд, густариш диҳанд ва якҷоя бо вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила доир ба додани қарзҳои хурди имтиёзнок ба занони соҳибкори бо фаъолияти меҳнати хонагӣ машғулбуда чораҳои зарурӣ андешида, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Бояд зикр кард, ки афзудани дастовардҳои мо дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба заҳмати бунёдкоронаи худи мо, муносибати дилсўзона ва масъулиятшиносии роҳбарону мутахассисони ҳамаи мақомоту сохторҳо, корхонаву муассисаҳо ва тамоми мардум, аз ҷумла занон вобаста аст.

Модарону хоҳарони арҷманд!

Дар сиёсати иҷтимоии давлати мо инкишоф додани
соҳаҳои илму маориф вазифаи муҳим ва афзалиятнок
эълон шудааст. Зеро давлате, ки ба пешрафти илму
маориф бартарӣ медиҳад, мардумаш дар сатҳи баланд
зиндагӣ мекунад. Бинобар ин, тараққиёти иқтисодиву
иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро бе густариши таҳқиқоти илмӣ, дар амал татбиқ кардани дастовардҳои нави илм, азхуд намудан ва ҷорӣ кардани технологияи муосир, таълиму тарбияи насли дорои донишу қобилияти баланд ва мутахассисони болаёқату соҳибмаърифат таъмин кардан душвор аст.

пешина
аз 127
навбатӣ