Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Занон дар шаклҳои нави хоҷагидорӣ низ пурсамар меҳнат мекунанд. Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоравӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки сарварии онҳоро занон ба ўҳда доранд, ҳосили хуби зироат мегиранд.
Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон –
7 хоҷагӣ, вилоятҳои Суғд – 214, Хатлон – 277 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 867 ва умуман дар кишвар 1365 хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ мекунанд.
Вале ин нишондиҳанда ҳанўз ҳам қонеъкунанда нест.
Дар асоси Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон соҳаи саноати сабуки мамлакат торафт густариш дода мешавад. Барои таъмини занон бо ҷои кор танҳо солҳои 2006–2008 дар кишвар
7 фабрикаи ресандагиву бофандагӣ сохта мешавад.
Дар онҳо сатҳи баланди технологияи камзаҳмати муосир ҷорӣ гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор мешаванд, ки беш аз 80 фоизро занону духтарон ташкил хоҳанд кард.
Мо хуб дарк менамоем, ки яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёт ривоҷ ёфтани соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад, ки мутаассифона занон дар ин самт хеле кам ҷалб карда мешаванд. Моро зарур аст, ки барои ҷалби онҳо, хусусан онҳое, ки бо фаъолияти хонагӣ машғул мебошанд, чораҳои зарурӣ андешем.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супорида мешавад, ки дар солҳои минбаъда барои додани қарзҳои хурди бефоиз ба занҳои соҳибкор ва бештар ҷалб намудани занҳо ба корҳои ҷамъиятӣ тавассути хадамоти шуғли аҳолӣ, инчунин барои касбомўзии онҳо дар буҷети давлатӣ маблағгузориҳоро зиёд намоянд.

пешина
аз 127
навбатӣ